Jump to content

Арасту: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х иловаи Гурӯҳ:Файласуфон бо ёрии HotCat
Сатри 40: Сатри 40:
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо:Юнон]]
[[Гурӯҳ:Шахсиятҳо:Юнон]]
[[Гурӯҳ:Файласуфон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Файласуфон аз рӯи алифбо]]
[[Гурӯҳ:Файласуфон]]

Нусха 22:45, 3 Декабри 2022

Арасту
Αριστοτέλης
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Арасту
Таърихи таваллуд 384 то м.[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 322 то м.[1][2][4][…]
Маҳалли даргузашт
Пеша файласуф
Падар Nicomachus[d][5]
Ҳамсар Pythias[d][5]
Фарзанд Nicomachus[d][5] ва Pythias[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Арасту (юнонии қадим: Αριστοτέληςаристотелес), (384 то мелод, шаҳри Стагири Фракия 322 то мелод Халқидаи Эвбея), муҳақиқ ва мутафаккир , мунаққиди адабӣ, риёзидон, аллома, нависанда, файласуф, ситорашинос, олими Юнони Қадим.

Зиндагинома

Арасту соли 384-и то милод дар Стагир, мустамликаи юнониҳо, ки дар шимоли ғарбии соҳили баҳри Эгей доман густурда буд, дар оилаи табиб чашм ба олами ҳастӣ кушод. Падараш табиби дарбори Аминти III, шоҳи Македония, буд. Падар, насхустустоди фарзанд, тамоми донишашро оид ба табиатшиносию тиб ба ӯ омӯзонд. Падараш Никумоҷис (Никомах) олим ва табиби машҳур буд. Шогирди Афлотун, муддати 20 сол аъзои Академияи Афлотун буд ва бо қобилияти фавқулодааш аз ҳамаи донишмандони он ҷо бартарӣ пайдо намуд. Овони наврасии Арасту дар дарбор, бо ҳамнишинии ҳамсолаш Филипп, писари шоҳ, сипарӣ гашт. Соли 367-и то милод Арасту баҳри идомаи таҳсил ба Академияи Афлотун шомил шуд. Аммо ба Афина омаду Афлотунро наёфт, ӯ ба Ситсилия рафта буд ва пас аз се сол баргашт. Дар ин муддат Арасту фалсафаи Афлотунро пурра омӯхт ва акнун ба он аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо медод. Арасту ҷонибдори зиндагии серу пур буд ва аз ягон чиз худро иҷборан маҳрум намесохт. Ибораҳои «инро пӯш, онро напӯш, инро хӯр, онро нахӯр»-ро тоқати шунидан надошт. Ӯ дӯстдори занон буд. Аз ин рӯ афиниҳо Арастуро файласуфи ҳақиқӣ ҳисоб намекарданд. Вале Афлотун дӯсташ медошт ва «закӣ»-аш мехонд. Устод шогирдонро бо ҳам муқоиса намуда мегуфт: «яке (Ксенократ) ба қамчин ниёз дораду дигаре (Арасту) ба лаҷом». Дар навбати худ Арасту ҳам ба устодаш арҷ мегузошт. Дар китоби «Этикаи Никомах» ӯ овардааст, ки барояш баҳри ҳақиқат шуда зидди Афлотун сухан рондан хеле душвор аст. Ҳангоми ботамкин буд ва то вафоти устод мактаби худро ифтитоҳ накард, ҳарчанд ҷаҳонбинии фалсафиаш кайҳо шакли муайянро гирифта буд. Дар миёнаҳои асри чоруми то милод Арасту ва Ксенократ аз Афина рафтанд. Арасту дар Ассос се сол (348 (347)-345) зист ва дар ҳамин ҷо худро дарёфт, дар ҳамин ҷо ҷаҳонбинии ӯ шакли муайян гирифт. Арасту бо Пифиада, хоҳари хурдии Гермий, хонадор шуд.

Баъдтар, вақте ки дар ҷазираи Лесбос ҳаёт ба cap мебурд, аз Филипп, шоҳи Македония, даъватнома расид. Шоҳ мехост, ки тарбияи писараш Искандарро Арастуи шуҳратёр бар дӯш бигирад. «Шоҳи Македония ба Арасту салом мефиристад. Хотиррас менамоям, ки соҳиби писар шудам. Вале ман аз худоён на барои он миннатпазирам, ки падари ин тифл гаштам, аз он хушбахтам, ки ӯ дар замони Арасту ба дунё омадааст. Ман бовар дорам, ки ба шарофати тарбияи ту вай ҳамчун вориси сазовори шоҳ ба воя мерасад ва фармонравои македониҳо мегардад», навишта буд шоҳ. Дар охири соли 340 Арасту ба шаҳри Пеллу, пойтахти нави Македония, омад. Ӯ ба Искандар се сол таълим дод. Дар рафти тарбия ба назм бештар такя намуд. Ровиёни ахбор мегӯянд, ки Арасту маҳз барои шогирдаш «Илиада»-и Ҳомерро «нашр» кардааст. Ба шарофати ин асар Искандар дар симои Ахилл идеали худро дарёфт. Ба Искандар ин суханҳоро нисбат медиҳанд: «Арастуро баробари падарам эҳтиром менамоям, чунки, агар падар сабаби ҳаёт шуда бошад, Арасту ба он ҷомаи мак,сад пӯшонд». Тарбияи Искандар вақте анҷом ёфт, ки ӯ дар шонздаҳсолагиаш ҳамроҳи падар ҳукмрони Македония шуд. Филипп ва баъд Искандар аз Арасту ягон чизро дареғ намедоштанд. Барояш тамоми шароитро муҳайё гардониданд, ки ӯ ба илм шуғл варзад. Искандар, ки ба илм таваҷҷуҳи хоса дошт, ба Арасту маблағи бузурге ҳадя намуд. Бештар аз ҳазор нафар одам вазифадор буд, ки ба олими ҷаҳоншумул ҳайвоноту рустаниҳои нодирро расонанд. Арасту солҳои аввали ҳукмронии Искандар бо ӯ буд.

Вақте ки Искандари Мақдунӣ ба Осиё лашкар кашид, файласуф ба Юнон сафар кард. Ӯ он вақт панҷоҳ сол дошт. Арасту ба Стагири азизаш, ки дар ҷанги зидди Афина Филиппи II валангор намуда буд, баргашт. Се сол (339-336) он ҷо истод. Баъди шоҳ шудан Искандар ба нишони ҳурмати беандозааш нисбати устод шаҳри харобгаштаро аз нав эҳё намуд. Ҳамватанони сипосгузор ба шарафи мутафаккир бинои олиҷанобе бунёд карданд, то ки устод бемалол ба шогирдон сабақ диҳад. Вале дар соли 335-и то милод файласуф рӯ ҷониби Афина овард. Арасту бо дастгирии македониҳо ва пеш аз ҳама бо мадади дӯсташ Антипатр, волии Балкан, мактаби шахсиашро ифтитоҳ бахшид. Дуруст аст, ки ба ӯ ҳамчун ба аҷнабӣ кушодани мактабро дар як гӯшаи берун аз шаҳр, дар ҷануби сарҳади Афина, дар Ликей, дар бинои гимназияи афинӣ иҷозат доданд. Дар Ликей Арасту рӯзе ду маротиба дарс мегуфт - рӯзона ва шабона. Рӯзона ба шогирдони аз фалсафаи ибтидоӣ бохабар аз фанҳои душворҳазм сабақ медоду шабона ба навомӯзон. Марги нобаҳангоми Искандари сиюсесола дар Бобулон дар соли 323-и то милод дар Афина шӯриши зидди македониҳоро ба вуҷуд овард ва ҷонибдорони македониҳо репрессия шуданд. Ҳарчанд Арасту ҳамчун шахси донишманд худро аз ин ошӯбҳо дар канор мегирифт, мавқеаш рӯз ба рӯз хатарнок мегашт. Барои бадарга намудани Арасту ягон сабаб наёфта, ӯро дар беҳурматӣ нисбати худоён гунаҳгор карданӣ буданд. Арасту судро интизор нагашта роҳбарии мактабро ба Теофраст супурду аз Афина рафт. Ба Халкид омад, мариз шуд, баъди ду моҳ, соли 322-и то милод аз бемории меъда фавтид. Дар васиятномааш иҷрои охирин хоҳишҳояшро бар души Антипатр, лашкаркаши Искандари Мақдунӣ, вогузошт.[7]

Фаъолияти илмӣ

Дастранҷи Арасту, мактаби фалсафиаш дар Ликей, то охири ҷаҳони атиқа пойбарҷо буд. Осори файласуф зиёд боқӣ монд. Чандсад ҷилд асарҳояш номнавис туда буданд дар каталогҳои қадима. То замони мо каме аз онҳо расидаанд. Арасту таъкид мекард, ки

баъди панҷоҳсолагӣ нерӯи ақлӣ суст мешавад ва ин давраест, ки бояд ба дарави он чи ки то ин вақт коштй шурӯъ намой

— Арасту

Қисми зиёди асарҳояшро Арасту дар сездаҳ соли охири ҳаёт навиштааст. Арасту тамоми илми замонаашро омӯхта, системаи илмии терминологияро ба роҳ монд, ки имрӯз ҳам дар истифода аст.

Классификатсияи илмҳо аз ҷониби ӯ нисбат ба Афлотун объективона аст. Математика, физика ва фалсафа аз ҳамдигар на бо он ки дар онҳо қисмҳои мухталифи рӯҳ фаъолият мебаранд, балки аз рӯи предмети омӯзиш фарқ мекунанд. Олими Юнони Қадим асосгузори илми зоология мебошад. Вай дар асарҳои илмиаш бештар аз панҷсад намуди ҳайвонро тасвир кардааст. Дар таърихи илм тасниф ва ба гурӯҳҳо ҷудо намудани олами ҳайвонот низ ба Арасту мутааллиқанд. Ӯ падари мантиқ ҳамчун илм дар бораи тафаккур ва қонунҳои он мебошад. Арасту ба сифати мантиқ қонунҳои асосии тафаккурро тасвия намуда, чй будани ҳақиқат ва дурӯғро нишон медиҳад. «Поэтика»-и Арасту низ хеле ҷолиб аст. Дар он вай бори нахуст хусусияти хосаи адабиётро ҳамчун акси воқеият иброз дошт.

Арасту бисёр андешаҳои Афлотунро нисбати таълимот оид ба «идеяҳо» рад намуд. Гуфт, ки

ҳастӣ ду ибтидо дорад: «шакл» ва «материя»

— Арасту

Аз рӯи ақидаи Арасту Худо сарчашмаи фаъолнокии эҷодист. Маҳз Худо ҳамаи мавҷудро бо шаклҳои хоса офаридааст. Вале Худо дар тафаккури Арасту боз мақсад ҳам ҳаст, ки тамоми мавҷудот сӯи ӯ ҷаҳд доранд. Мутафаккирони асрҳои миёна ба таълимоти Арасту оид ба рӯҳ басо ҷиддӣ муносибат кардаанд. Арасту мегӯяд, ки

рӯҳ на танҳо дар одам аст. Ҳатто рустаниву ҳайвонот низ соҳиби рӯҳанд. Рӯҳи рустанӣ, ба ақидаи Арасту, хислати қадкашӣ, ғизогирӣ ва афзоиш дорад. Рӯҳи ҳайвонот бо ҳиссиёташ фарқ мекунад. Рӯҳи одам рӯҳи боақл аст. Рӯҳ ҷисм надорад, шакли берунаи тан ҳам рӯҳ нест, рӯҳ энтелехией- шакли дохили ҷисми зинда буда, аз он ҷудо зиста наметавонад

— Арасту

Арасту ин ҷо зидди ақидаи Пифагору Афлотун андеша ронда, аз як ҷисм ба ҷисми дигар интиқол ёфтани рӯҳро рад менамояд.

Ҳамчун сиёсатшинос Арасту гуфтааст, ки арбоби давлатӣ бояд интизор нашавад, ки кай шароити мусоиди давлатронӣ пайдо мегардад, балки баҳри тавлид ёфтани чунин муҳит кӯшиш намояд.[8]

Арасту (Аристотел) ҳамчун олими ҳамадон на танҳо маҷмӯи илмҳои замонаашро ба куллӣ фаро гирифтя буд, балки асосгузори илмҳои нави физика, биология, психология ва мантиқу этика низ ба шумор меравад. «Нахустфалсафа»-и ӯ, ки баъдтар номи «Метафизика»-ро гирифт, оид ба принсипҳои асосии ҳастӣ маълумот медиҳад. Таълимоти Арасту аз ҷониби мутафаккирони оламшумули чи Шарқ ва чи Ғарб хеле густариш ёфт. Ба асарҳои ӯ файласуфони забардаст ва олимони шинохтаи араб Абӯалӣ Абӯалӣ ибни Сино ва Ибни Рушд арҷ гузоштаанд.[9]

Эзоҳ

  1. 1.0 1.1 Лосев А. Ф., Лосев А. Ф. Аристотель // Краткая литературная энциклопедия (рус.)М.: Советская энциклопедия, 1962. — Т. 1.
  2. 2.0 2.1 Berry A. A Short History of Astronomy (ингл.брит)London: John Murray, 1898.
  3. Любкер Ф. Aristoteles (рус.) // Реальный словарь классических древностей по Любкеру / под ред. Ф. Ф. Зелинский, А. И. Георгиевский, М. С. Куторга, Ф. Гельбке, П. В. Никитин, В. А. Канский, пер. А. Д. Вейсман, Ф. Гельбке, Л. А. Георгиевский, А. И. Давиденков, В. А. Канский, П. В. Никитин, И. А. Смирнов, Э. А. Верт, О. Ю. Клеменчич, Н. В. РубинскийСПб.: Общество классической филологии и педагогики, 1885. — С. 152—154.
  4. Аристотель (рус.) // Энциклопедический лексиконСПб.: 1835. — Т. 3. — С. 52—54.
  5. 5.0 5.1 5.2 Aristotle
  6. 6.0 6.1 Aristotle
  7. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 49 – 51
  8. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 52 – 53
  9. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С.48 - 49