Jump to content

Вебгоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Саҳифаи аввали Wikipedia.org

Вебгоҳ, торгоҳ, торнамо (форсӣ: وبگاه، تارگاه، تارنما‎), сайт, ё веб-сайт (аз англ. website: web — «тортанакхона, шабака» и site — «ҷой», лафзан «ҷой, ҷой дар шабака»), — маҷмуаи саҳифаҳои интернетӣ, ки дорои домен ва ё зердомени интернетии муштараканд ва тавассути ҳадди ақали як сервери веб интишор дода мешавад.

Сафҳаи веб санадест, ки маъмулан ба сурати HTML навишта мешавад ва ҳамвора бо истифода аз протоколи HTTP метавон ба он дастрасӣ пайдо кард. Протоколи HTTP иттилоотро аз корсози вебгоҳ ба мурургари веби корбар мунтақил мекунад, то ин иттилоот барои корбар намоиш дода шаванд.

Вебгоҳҳо нақшҳои мухталифе доранд ва ба ҳолатҳои гуногуне ба кор мераванд. Як вебгоҳ мумкин аст вебгоҳи шахсӣ, тиҷорӣ, давлатӣ ё мутааллиқ ба як созмони ғайринтифоъӣ бошад. Ҳамаи вебгоҳҳо дар канори ҳам як тори ҷаҳонгустари бузурги аз иттилоотро дуруст мекунанд.

Эзоҳ