Jump to content

Сарҳангёр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 07:57, 1 июли 2019 тавассути Omid Jeyhani (баҳс | ҳисса) (дақиқсозӣ, мусавварсозӣ, сарчашмаҳо)
Сарҳангёр
Дараҷаи болотар полковник
Дараҷаи пойинтар саргурд
Ҳамто podpolkovnik[d]

Сарҳангёр (форсӣ: سرهنگیار‎) — дараҷае сардорӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз сарҳанг ва болотар аз саргурд мебошад; подполковник[1].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Саргурд


Сарҳангёр
Дараҷаи болотар:
Сарҳанг

Сарҳангёр дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати муъовини фармондеҳи ҳанг ё фармондеҳии гурдонро дорад.

Вожашиносӣ

«Сарҳангёр» аз ду вожа сохта шудааст: сарҳанг + ёр. Мақулаи дастурии ин вожа исм ва сохтвожаи он ба сурати (исм (сарҳанг) + таквож (ёр)) аст. Дар сохти ин исм аз фароянди вожасозии таркибу иштиқоқ истифода шудааст.

Дар «Торихи Байҳақӣ» ва «Торихи Сиистон» сардороне, ки дар радифу мартабаи сарҳангон будаанд, «сарҳангшумор» (форсӣ: سرهنگ‌شمار‎) номида шудаанд[2].

Дар сохтори нерӯҳои мусаллаҳ «подполковник» дараҷае поинтар аз «полковник» аст. Ин дараҷаро дар кишварҳои инглисизабон «lieutenant colonel» меноманд, ки «lieutenant» дар он вожае фаронсавӣ ба маънои «ёвар, ҷонишин, муъовин» аст, ки аз забони русӣ дар забони форсии тоҷикӣ ҳам вом гирифтаву «лейтенант» шудааст. Дар забони форсии имрӯз таквожи «ёр», сарфи назар аз ин ки пасванд шумурда шавад ё вожае мустақил, ба исми ҳирфа ё исми масдар мепайвандад ва исми ҳирфае месозад, ки дар як сохтори силсиламаротибӣ зери дасти як мақоми болотар анҷоми вазифа мекунад[3]. Пасванди «-ёр» дар вожаҳое чун «додёр» (муовини додситон; додситонёр), «донишёр», «устодёр» ҳамин маъноро мерасонад[4].

Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «сарҳангёр»-ро ба ҷои дараҷаи «ноиби сарҳанг» (форсӣ: نایب سرهنگ‎) ниҳода буд[5], вале дертар «сарҳанги дувум» (форсӣ: سرهنگ دوم‎) ҷойгузини он шудааст.

«Сарҳангёр» барои ҷойгузин кардани вомвожаи русии «подполковник» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст[6].

Манобеъ

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
  2. Анварӣ, Ҳасан. Истилоҳоти девонии давраи Ғазнавӣ ва Салҷуқӣ. – Теҳрон: «Сухан», 1373. – с. 133
  3. Таботабоӣ, Алоъуддин. Фарҳанги тавсифии дастури забони форсӣ. – Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1395. – 640 с. ISBN 978-600-105-121-0. – с. 115 – 116
  4. Фарҳангномаи форсӣ: вожагон ва аълом. Ғуломҳусайн Садрии Афшор, Насрин Ҳакамӣ, Настаран Ҳакамӣ. Теҳрон: «Фарҳанги муъосир», 1388. – 3 ҷилд. ISBN: ҷ. 1: 978-964-8637-92-2; ҷ. 2: 978-964-8637-89-2; ҷ. 3: 978-964-8637-91-5
  5. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38
  6. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной

Пайвандҳо