Вишнуия
Номида ба шарафи | Вишну |
---|---|
Макони кунунӣ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вишнуия́, вишнуи́зм, ё вайшнави́зм (санскр. वैष्णव धर्म, vaiṣṇava dharma) — яке аз равияҳои динии интишорёфтаи Ҳинди Қадим баъди давраи ведоӣ, дар баробари шиваия ва бараҳмания, ки пайравонаш ба Вишну ва таҷассуми ӯ дар сурати Рама ва Кришна муътақиданд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Муборизаи шадиди табақотӣ байни кшатрияҳо ва бараҳманҳо (миёнаҳои ҳазораи якуми пеш аз м.) боиси пайдоиши равияҳои нави ойинӣ, ба мисли вишнуия, ҷайния ва буддоия гардид. Умумияти вишнуия бо дигар низомҳои динию фалсафӣ инкори қурбониҳои хунӣ ва таблиғи ахинса (даст кашидан аз осебрасонӣ ба мавҷудоти зинда), ҷиҳатҳои фарқкунандаи он теизм ва таълимот дар бораи бҳакти (дӯстӣ бидуни ғараз) аст, ки дар вишнуия бо таълимот дар бораи зарурати анҷоми вазифа — карма-йога тавъам мебошад. Инкишофи ғояи вишнуия дар асрҳои 3-1 то мелод дар Маҳабҳарата ва Рамаяна дида мешавад. Дар вишнуия эътиқод ба таслис (сегонагӣ)-и худоён: Браҳма — Вишну — Шива, ки ҳар кадоми онҳо давраҳои асосии ба вуҷуд омадани оламро такмил мекарданд, роиҷ гашт.
Унсурҳои гуногуне, ки ба вишнуия дохил шуданд, «ном»-ҳои асотирии Вишнуро ифода мекарданд. Номи аз ҳама қадимии Вишну — Нараяна назарияи кайҳонишинохтии обҳои ибтидоиро ба миён оварда, ба назарияи таквини олам ибтидо гузошт. Сипас он бо Кришна айният дода шуд. Тақрибан дар миёнаҳои ҳазораи якуми то мелод вишнуияро буддоия танг карда баровард. Буддо таҷассуми Вишну ва вишнуия аз ҷониби сулолаи буддоӣ — Гуптаҳо ҳамчун дини давлатӣ пазируфта шуд. вишнуия аз рӯйи ғоя ба мактаби фалсафии дорои ҷанбаи моддигароии санкхя пайваст буда, онҳо як таълимоти томро дар бораи олам ҳамчун амали густардашаванда ва барчидашавандаи табиат инкишоф доданд. Рамануҷа фалсафаи вишнуияро идома дода, комил сохт. Ӯ таълимоти санавият (дуалистӣ)-и санкхяро аз назари диалектикаи содалавҳонаи тавҳидӣ (монистӣ) шарҳ дод.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Древнеиндийская философия. Начальный период. М., 1963;
- Васубандху. Абхидхармакоша. Раздел первый / Пер. с санскрита, введение, комментарий, историко-философское исследование вишнуия И. Рудого. М., 1990;
- Степанянц М. Т. Восточная философия. М., 2001;
- Индийская философия. Энциклопедия. М., 2009;
- Zimmer H. Philosophies of India. London, 1952;
- قدیر س. ا. تفکر فلسفی در هند پیش از اسلام// محمد شریف. تاریخ فلسفه در اسلام. تهران، 1362هـ.ش؛
- عبد العظیم رضائی. اصل نسب. تهران، 1372 هـ.ش.ر
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вишнуия / М. Ҳазратқулов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.