Jump to content

Гренада

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 06:22, 18 май 2023 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (Табиат: ислоҳ using AWB)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)
Гренада
Хатои Lua: expandTemplate: template "lang-lb" does not exist.
Парчам Нишон
Парчам Нишон
[[Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}|Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}]]
Забонҳои расмӣ инглисӣ ва Grenadian Creole English[d]
Пойтахт Сент-Ҷоржес
Воҳиди пул Eastern Caribbean dollar[d]
Интернет-домен .gd
Рамзи ISO GD
Рамзи КБО GRN
Пешшумораи телефон +1473
Минтақаи замонӣ UTC−04:00[d] ва America/Grenada[d][2]

Гренада (англ. Grenada) — давлат дар Вест-Индия (Амрикои Марказӣ), ба ғайр аз ҷазираи Гренада, ҷазираҳои хурди Гренадинаи Ҷанубӣ (Ронд, Карринаку, Мартиники Хурд ва ғ.) -ро дар бар мегирад. Гренада дар байни уқёнуси Атлантик ва баҳри Кариб ҷойгир аст. Дар ҷанубу ғарб бо Венесуэла, дар ҷануб бо Тринидад ва Тобаго, дар шимолу шарқ бо Барбадос, дар шимол бо Сент-Винсент ва Гренадин ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 344 км². Аҳолиаш 105,8 ҳазор нафар (2014). Пойтахташ шаҳри Сент-Ҷорҷес. Забони расмиаш — англисӣ. Идҳои миллӣ — Рӯзи кор (Меҳнат) (1-уми май), Рӯзи истиқлол (7-уми феврал). Воҳиди пулиаш — доллари Кариби шарқӣ.

Сохти давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гренада — давлати унитарӣ, узви Иттиҳоди Британия. Шакли идоракунӣ — монархияи конститутсионӣ. Конститутсия 19.12.1973 қабул шудааст. Сардори давлат шоҳи Британия, намояндаи ӯ дар Гренада генерал-губернатор. Мақоми қонунгузор — парламенти дупалатагӣ, ки аз Сенат (13 аъзо дорад, 10 нафари онҳоро ҳукумат ва 3 нафарро роҳбари мухолифин таъйин мекунад) ва Палатаи намояндагон (15 вакил аз тариқи овоздиҳии мустақим ба муҳлати 5 сол интихоб мешаванд) иборат аст. Ҳокимияти иҷроия — ҳукумат бо сардории сарвазир, ки аз ҷониби генерал-губернатор аз ҷумлаи вакилии Палатаи намояндагон таъйин мешавад.

Гренада ҷанубтарин ҷазираи галаҷазираҳои Антилҳои Хурд аст. Пайдоишаш вулканӣ; қисми марказии он чанд қуллаи вулканӣ дорад. Нуқтаи баландтарини Гренада — вулкани Сент-Катерина (840 м) дар қисми шимолу шарқии ҷазира ҷойгир аст. Соҳилҳои шарқӣ нисбатан ҳамвор, ғарбӣ — кӯҳсор. Дар ҷануби Гренада ҷазираҳои хурд бисёранд. Қад-қади соҳилҳо обсангҳои марҷонӣ тӯл кашидаанд. Иқлимаш — субэкватории баҳрӣ. Ҳарорати миёнаи январ +25°С, июл +28°С. Мавсими боронӣ аз июн то ноябр. Миқдори бориши солона аз 1000 то 4060 мм. Бешаҳояш ҳамешасабзи тропикӣ. Қад-қади соҳилҳо ботлоқзорҳо вомехӯранд. Дар ҳама ҷо нахл, дарахти нон, гули ҳамешабаҳор мерӯянд. Парандаҳои бисёр (аз ҷумла колибри, мурғи саққо, моҳихӯрак, ғалевоҷ) сукунат доранд. Аз ҷонварон зиреҳпӯст, опоссум (калламуши думдарози амрикоӣ), маймунҳо, росу, мори печон, сангпушт вомехӯранд. Дар обҳои соҳилӣ моҳиҳо, харчангшаклҳо ва молюскҳо бисёранд. Дар пастиҳо асосан чормағзи мушклак, какао, банан, найшакар парвариш мекунанд. Боғи миллии Гранд-Этанг, мамнуъгоҳҳои Ла-Сагесс (дар ҷанубу шарқи ҷазира) ва Гренада-Доув (барои муҳофизати кабӯтари гренландӣ — рамзи миллии мамлакат) дорад. Аҳолӣ. 90 дарсади аҳолӣ дар ҷазираи Гренада зиндагӣ мекунад; зичии аҳолӣ — 259 нафар дар 1 км². 82 дарсади аҳолӣ африқоиҳо, 13 % мулатҳо, 5 % аврупоиҳо (авлодҳои англисҳо ва фаронсавиҳо) ва ҳиндуҳо. Мардуми таҳҷоӣ дар баробари забони англисӣ бо забони патуа (лаҳҷаи карибии забони фаронсавӣ) ҳарф мезананд. 53 дарсади аҳолӣ — католикҳо, 14 % муътақидони калисои англиканӣ, 33 % — протестантҳо. Афзоиши миёнаи солонаи аҳолӣ 0,336 %. Таваллуд — 21,87 %, фавт 6,61, фавти кӯдакон 13,92 ба 1000 навзод. Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна — 65,21 сол (мардҳо — 63,38, занҳо — 67,05). Шаҳрҳои бузургаш — Сент-Ҷорҷес ва Гуяв. 62 дарсади аҳолӣ дар соҳаи хидматрасонӣ, 24 % дар соҳаи кишоварзӣ, 14 % дар саноат кор мекунанд.

Дар Гренада аз замонҳои қадим қабилаҳои ҳиндуёни аравакҳо, баъд карибиҳо маскун буданд. Гренадаро соли 1498 Х. Колумб кафш кард. Аввалин маҳаллаи аврупоиро дар Гренада соли 1609 тамокупарварони англис бунёд карданд, ки ба зудӣ аз ҷониби карибиҳо ронда шуданд. Соли 1950 Гренадаро фаронсавиҳо хариданд, вале пас аз як сол онҳо низ ронда шуданд. Соли 1674 Гренада ба мулки Фаронса табдил ёфт. Заминдорони фаронсавӣ бо истифода аз меҳнати ғуломони зангии африқоӣ индиго, тамоку, қаҳва, какао, найшакар, парвариш карданд. Соли 1762 Гренадаро англисҳо забт намуданд ва соли 1783 онро расман ба Фаронса супурданд. Соли 1884 ғуломдорӣ барҳам дода шуд. Соли 1877 Гренада мустамликаи Британия ва соли 1967 узви Иттиҳоди Британия гардид. Солҳои 1958-62 ба ҳайати Федератсияи Вест-Индия дохил буд. 7.2.1974 ҷазираҳои Гренада, Карриаку ва Мартиники Хурд ҳамчун давлати мустақили Гренада эълон гардиданд. Пешвои Ҳизби муттаҳидаи лейбористии Гренада Э. М. Гейри сарвазир таъйин шуд. Дар замони ҳукмронии ӯ вазъияти иқтисодии мамлакат мураккаб гардида, сафи бекорон афзуд. Соли 1979 ҳизбҳои чапгаро табаддулоти давлатӣ ба амал оварданд. Бо кумаки Куба М. Р. Бишоп ҳокимиятро ба даст гирифта, амали конститутсияро қатъ кард ва ислоҳоти иҷтимоиро оғоз намуд. Октябри 1983 Бишоп дар натиҷаи табаддулоти навбатӣ кушта шуд ва ба Гренада қувваҳои низомии Амрико ворид шуда, балворо фурӯ нишонданд. Минбаъд Ҳизби нави миллии Гренада (ҲНМГ, солҳои 1984-95) ва Конгресси миллии демократӣ (солҳои 1990-95) ба сари қудрат омаданд. Бо кумаки ИМА солҳои 1990 дар Гренада суботи сиёсию иқтисодӣ барқарор гардид. Ҳукумати К. К. Митчелла (ҲНМГ), ки соли 1995 ба сари қудрат омад, ислоҳоти низоми андоз ва дигар ислоҳотҳо гузаронид. Вай сиёсати ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ, рушди саноати сабук ва сайёҳиро пеш гирифт.

Асоси иқтисодиёти Гренадаро сайёҳӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва кишоварзӣ ташкил медиҳанд. Гренада бо адвиёти худ (чормағзи мушклак, қаранфул, дорчин, ванил) машҳур аст. Аз ҷиҳати истеҳсоли чормағзи мушклак дар ҷаҳон (баъди ҷазираҳои Молукки Индонезия) ҷойи дуввумро ишғол менамояд. Марказҳои коркарди чормағзи мушклак — Гуяв, Гренвилл. Дар заминҳои ҳосилхези вулканӣ зироатҳои содиротӣ — банан, ситрусӣ, авокадо, какао, ҷуворимакка; барои истеъмоли дохилӣ бехмевагиҳо, найшакар, ҷуворимакка, сабзавот парвариш мекунанд. Моҳидорӣ (бахусус дар ҷазираи Мартиники Хурд) ва истеҳсоли чӯби пурарзиш тараққӣ кардааст. Дар ҷазираи Карриаку қаиқҳои хурди моҳидорӣ месозанд. Саноати истеҳсоли асбобҳои хурди электронӣ, дӯзандагӣ, тамоку, қанд ва хӯрокворӣ рушд кардааст. Молҳои асосии содиротӣ: банан, какао, чормағзи мушклак, меваҷот, сабзавот, либос, ҷуворимакка (маис). Шарикони асосии тиҷоратиаш: Олмон, ИМА, Бангладеш, Нидерландия, Санта-Люсия.

Дарозии роҳҳои автомобилгард — 1127 км (аз ҷумла асфалтпӯш — 687 км). Бандарҳои баҳрӣ: Гренвилл, Сент-Ҷор-ҷес. Фурудгоҳи байналмилалӣ (дар Пойнт-Салинес) дорад. Аз солҳои 1980 соҳаи сайёҳӣ рушд кардааст. Ноҳияи асосии сайёҳӣ бо соҳилҳои машҳури баҳрии реги сафед дар ҷанубу ғарби ҷазираи Гренада, дар халиҷи Гранд-Анс (бо халиҷҳои ҳамсояи Спайс-Бич, Кояба-Бич, Морн-Руж) воқеъ аст.

Созмони миллии олимпии Гренада соли 1984 таъсис ва аз тарафи Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф шудааст. Варзишгарони Гренада аз соли 1984 дар ҳамаи олимпиадаҳо, дар мусобиқаҳои варзиши сабук ва бокс иштирок мекунанд. Дар Гренада футбол, бейсбол, намудҳои обии варзиш рушд кардаанд.

Маориф ва фарҳанг

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сатҳи саводнокии аҳолии аз 15-сола боло дар Гренада ба 95 % мерасад. Барои кӯдакони то 18-сола таълими ҳатмии ройгон ҷорӣ карда шудааст. Донишгоҳи Сент-Ҷорҷес (1976) вуҷуд дорад. Ёдгориҳои меъмории Гренада асосан ба давраи мустамликадорӣ мансубанд. Қадимтарини онҳо қалъаҳои фаронсавии нимаи дуввуми асри 17 — ибтидои асри 18: Форт Фредерик, Форт Луи ва Форт Ҷорҷ дар Сент-Ҷорҷес мебошанд. Иморати шаҳрҳои Гренада бо услуби креолӣ сохта шудаанд. Қисми таърихии Сент-Ҷорҷес аз биноҳои аврупоӣ иборат аст. Дар Гренада калисоҳо ва биноҳои маъмурии бо услуби готика сохташуда мавҷуданд: калисои Георги Муқаддас (1818), калисои пресвитериании Эндрюи Муқаддас (1831), биноҳои Регистратура (1780) ва Йорк Хаус (1801) дар Сент-Ҷорҷес. Комёбии бузурги тафаккури муҳандисӣ ва меъмории асри 19 нақби Сендалл мебошад. Дар Сен-Ҷорҷес ва музофоти он боғҳои калони ботаникӣ мавҷуданд. Моҳи август карнавал бо мусиқии калипсо, мусобиқаи дастаҳои мусиқӣ, намоишҳои либос ва театрӣ баргузор мегарданд. Дар Сент Ҷорҷес Осорхонаи миллӣ, дар Хилсборо осорхонаи Карриаку (намунаҳои фарҳанги ҳиндуён) ва осорхонаи хурди таърихӣ, китобхонаи оммавӣ фаъолият доранд.

Ба забони англисӣ газетаҳои давлатии «Gouvernement gazette», «Grenada Guardian», «Grenada voice» нашр мешаванд. Аз соли 1955 бузургтарин шабакаи радио ва телевизионии давлатӣ — «Grenada Broabcasting Network» амал мекунад.