Jump to content

Гупсар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гупсар, саноч — навъи амадест, ки барои аз як соҳил ба соҳили дигари дарё гузаштан ё гузаронидани бор истифода мешуд. Гупсарро, маъмулан, аз пӯсти яклухт кандаву ошдодаи буз, гӯсфанд ё гӯсола месозанд. Барои набаромадани ҳаво сӯрохҳои пӯсти яклухт (хик)-ро бо чилбур маҳкам баста, онро дам мекунанд. Барои дам кардани гупсар ба яке аз пойҳои қафо найча гузошта мешавад. Ҳангоми аз дарё гузаронидани одамон ё бори вазнин 8-12 гупсарро паҳлуи ҳам ҷафс карда, аз болои онҳо чанд қатор чӯбдастаро чилликвор бо ресмон мебанданд ва онро чун амад истифода мебаранд.