Ноҳияи Айнӣ — яке аз ноҳияҳо дар вилояти Суғд аст. Маркази ноҳия деҳаи Айнӣ аст. Санаи ташкилёбии ноҳия 23 ноябри соли 1930 бо номи ноҳияи Варзи Манор. Аз соли 1933 (то 1955) номи ноҳияи Заҳматободро гирифт. Масоҳаташ 5158,6 км² буда, дорои 85000 нафар аҳолӣ мебошад. Аҳолии деҳот — 77,350 нафар. Аҳолии шаҳрӣ — 3755 нафар.

Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Айнӣ
Пул дар ноҳияи Айнӣ
Пул дар ноҳияи Айнӣ
Пул дар ноҳияи Айнӣ
39°23′38″ с. ш. 68°32′24″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи вилояти Суғд
Шомили 1 шаҳрак, 8 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Айнӣ
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 23 ноябри соли 1930
Масоҳат 5158,6 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 91 200[2] нафар (2022)
Зичӣ 14,8 нафар/км²
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон-суннҳо
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа FA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.RR.FA
Коди телефон +992 3479
Нишонаи почта 735520
Домени интернет tj
Коди мошинҳо TJ02
Вебгоҳи расмӣ
Ноҳияи Айнӣ дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор
Кӯҳҳои ноҳияи Айнӣ

Мавқеи ҷуғрофӣ

вироиш

Аз шарқ бо вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон ва ноҳияи Шаҳристон, шимолу шарқ — бо ноҳияи Деваштич, аз шарқ — бо ноҳияҳои Рашту Кӯҳистони Мастчоҳ, дар ғарб — бо ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд, дар ҷануб — бо ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор, Ваҳдат, Варзоби НТҶ, дар ҷанубу ғарб бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст.

Аҳолӣ

вироиш
сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
75,6 76,9 82,3 83,6

Таърих

вироиш

Ноҳияи Варзиманор 23 ноябри соли 1930 ташкил ёфта, моҳи январи соли 1955 ба хотири гиромидошти сардафтари адабиёти муосири тоҷик номи Садриддин Айниро гирифтааст. Маркази маъмурии ноҳияи Айнӣ деҳаи Варз (ҳоло шаҳраки Айнӣ) тақрибан аз асрҳои VII-VIII арзи вуҷуд дорад. Пас аз бунёди манора ва дар назди он масҷиди калон, ки дар асрҳои X-XI сохта шудаанд, деҳа номи «Варзи Манор»-ро мегирад.

Ноҳияи Айнӣ дар таърих бо номи Паргар, Парғар, Барғар ё Фалғар ёдоварӣ мешавад. Замоне, (аниқтараш дар асрҳои VII-VIII мелодӣ) Фалғар яке аз ноҳияҳои вилояти Бутамони давлати Панҷ будааст. Мувофиқи ҳуҷҷатҳои аз архиви худи Деваштич ёфтшуда, ӯ аз солҳои 708 – 722 дар вилояти Бутамони давлати Суғд – Панҷ подшоҳӣ кардааст. Маркази вилоят шаҳри Панҷ, яъне Панҷакент буд. Болооби Зарафшон дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофии асрҳои миёна бо номи Бутамон машҳур аст. Бутамон яке аз бошишгоҳҳои қадимтарини инсон ба шумор меравад. Қайд кардан кифоя аст, ки бозёфтҳои хатти суғдие, ки дар яке аз харобаҳои Кушки Абаргар (Қалъаи Муғ) ба даст омадаанд, аз он шаҳодат медиҳанд.

Аз рӯи ахбори сарчашмаҳои ҷуғрофии асрҳои X-XII Бутамон аз се қисм иборат буд: Бутамони аввал, миёна ва охир. Ба Бутамони аввал қаторкӯҳҳои Туркистон, ба миёна Зарафшон ва ба охир ё берунӣ- Ҳисор дохил мешуданд. Аз рӯи маълумоти ҷуғрофҳои асрҳои X-XII маълум мегардад, ки вилояти Бутамон гуфта ҳамаи кӯҳистони ҳавзаи рӯди Суғд (Зарафшон)-ро меномидаанд. Аз Кӯҳҳои Бутамон рӯдҳои Сурхондарё, Варзоб, Кофарниҳон ва баъзе шохаҳои Вахш ва Сир ҷорӣ мешаванд. Бутамон дар асрҳои VII-XII дар ҷанубу шарқ бо вилоятҳои Чағониён, Ахарун, Шумон, Вашгирд, Дарғ Шаҳрисабз, Самарқанд ва Панҷакент ва дар шимол бо Истарафшану Аспара (Исфара) ҳамсарҳад будааст.

Муаллифи «Ҳудудал-Олам» менависад, ки дар «Бутамони миёна ноҳияест машҳур бо номи Барғар, яъне Паргар Фалғар (имрӯза ноҳияи Айнӣ) ва Дарёҷой (Искандаркӯл) андар вай аст ва рӯди Бухоро (Зарафшон) аз ин Дарёҷой ҷорӣ мешавад». Инчунин дар «Ҳудуд ал-Олам» гуфта мешавад, ки «ба Дарёҷой 4 рӯди хурд дарафтанд (Сарима, Ҳазормеш, Саритоғ ва Оби Морон) ва аз он рӯде (Зарафшон) берун ояд, ки аз замини Барғар (Фалғар) дар гузарад, ба Бунҷакату (Панҷакент) Самарқанд омада ба Бухоро равад». Сарчашмаҳои таърихӣ далели онанд, ки дар болооби водии дарёи Зарафшон ҳанӯз аз асри I-III сар карда деҳаҳои аҳолинишин арзи вуҷуд доштаанд. Олими юнонии асри I милодӣ чӣ тавр сарчашма гирифтани дарёи Зарафшонро хеле хуб тасвир кардааст: «Фазои калонеро (Суғд) бо дарёе обёри карда мешавад, ки онро сокинони маҳаллӣ Политимет меноманд. Вай дар ибтидо бо маҷрои танг ҷорӣ шуда, баъд ба ғоре мерезад ва дар зери замин пинҳон мегардад». Ин тавсифот ба қисми поёнҷараёни дарёи Яғноб-Талоқи Марзич алоқаманд мебошад. Зеро дар замонҳои қадим ва асрҳои миёна сарчашмаи асосии Зарафшонро на рӯди Масчо, балки Фон-Яғноб меҳисобиданд. Вале, дар соли 1870 А. П. Федченко дар деҳаи Варзи Манор мушоҳида кард, ки дарёи Масчо ба дарёи Фон ҳамроҳ шуда дарёи Зарафшонро ташкил медодааст. Муҳаққиқ ба хулосаи дуруст омад, ки саргаҳи Зарафшон Фон-Яғноб набуда, балки Масчо мебошад, зеро он дарозтар ва пуробтар мебошад. Олими юнонии асрҳои I-II эраи мо Аррион дар бораи дарёи Зарафшон навиштааст: «Искандари Мақдунӣ тамоми музофоти бо дарёи Политимет (Зарафшон) обёришавандаро гузаштааст. Бо вуҷуди он ки ин дарё сероб аст, вай дар регзор нобуд мешавад». Ба вилояти Бутамон рустоҳои; Яғноб, Мадрушкат (Масчо), Парғар (Фарғар), Киштут, Моғиён ва Фароб дохил мешуданд. Ин диёри пурфайзу хушобу ҳаво бо манзараи зебои табиат ва ёдгориҳои бостонии пурбаҳояш машҳури ҷаҳон мебошад. Харобаҳои кушки «Абаргар» (Қалъаи Муғ) вабоқимондаиқасри «Гардани Ҳисор», ки дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ ҷойгир шудаанд, нодиртарин ёдгориҳои бостонии халқи тоҷик мебошанд. Тадқиқотҳои бостонӣ дар хароботи Гардани Ҳисор нишон медиҳанд, ки ин ёдгорӣ яке аз марказҳои калонтарини иқтисодӣ ва сиёсии Бутамон дар асри VIII будааст. Қасри Гардани Ҳисор аз рӯи нақшаи худ яке аз шоҳасарҳои нодири санъати меъмории VIII таърихи халқи тоҷик ба шумор хоҳад рафт. Тадқиқотҳои бостонӣ нишон медиҳанд, ки Гардани Ҳисор маркази Бутамон дар асрҳои VII –VIII будааст. Дар ин ҷо фармондори Деваштич Утт менишаст. Қасри Мадм қароргоҳи Деваштич дар ин музофот мебошад. Мувофиқи ахбори ҳуҷҷатҳои суғдӣ, ки дар кӯҳи Муғ, дар яке аз рустоқҳои Бутамон–Паргар ёфт шудаанд, Бутамон тахминан аз солҳои 715 то 722, яъне дар охири давраи ҳукмронии Деваштич ба ҳайати давлати Панҷ дохил мешуд. Дар Бутамон фармондори шоҳ Деваштич меистод. Фармондор аз болои ҳамаи деҳаҳо ва рустоқҳои Бутамон ҳукмронӣ мекард. Дар ин ҳуҷҷатҳо номҳои бисёр рустоҳои Бутамон, ба монанди Мадрушкат (Мадчо), Парғар, Моғиён, Киштут ва деҳаҳои Марғузор, Вешист, Кум, Мадм, Зировадк, Искодар, Хушикат, Варз, Рарз, Испағн, Фатмев, Похут, Шаватк, Вешаб, Фатмовут, Дарғ, Марғ, Вардаккат, Курут, Саритоғ, Утоғар, Вишак ва ғайраҳо зикр ёфтаанд. Тадқиқотҳои бостонӣ нишон медиҳанд, ки баробари деҳаҳои номбаршуда деҳаҳои Урметан, Дардар, Вешканд, Зосун, Ворӯ ва ғайра низ дар асрҳоиVII-VIII вуҷуд доштаанд. Аҷибаш он аст, ки ин деҳаҳо дар муддати 1300 сол ҷой ва номи худро дигар накардаанд. Аввалин маълумоти хаттиро дар бораи Бутамон дар сарчашмаҳои суғдӣ ва арабии асри VIII-и мелодӣ пайдо менамоем. Масалан, муаррих ал-Билозарӣ дар асари худ «Футуҳ ал-Булдон» менависад, ки Бутамон дар замони ҳукмронии Язид ибни Муҳаллаб (солҳои 701-704) аз тарафи писари ӯ Мӯҳаллаб, фатҳ карда шуд. Лекин мардуми озодидӯсти ин диёри кӯҳӣ ба зудӣ арабҳоро зада пеш карда, расму оини худро аз нав барқарор намуданд. Вилояти Бутамон бори дуюм дар замони лашкаркаши номии араб Қутайба ибни Муслим аз тарафи Ҷаҳм ибни Заҳр дар солҳои 713-714 забт карда шуд. Арабҳо аз ин ҷанг бо ғаниматҳои зиёд ва махсусан бутҳои заррини бутамонӣ баргаштанд. Арабҳо дар дубори истилои худ ин сарзаминро ба ғорат бурданд. Дар миёни онҳо бутҳои заррини аз ибодатхонаҳои Бутамон ғораткардаашон дар таърих хеле машҳур мебошанд. Бутҳои заррин, ҳайкалчаи гачини аз қалъаи деҳаи Кум ва чӯбҳои нимсӯхтаи пур аз нақшҳои нодири аз харобаи Гардани Ҳисор (Мадм) бадастомада нишон медиҳанд, ки офарандагони онҳо устодони моҳиру гулдасти замони худ буданд. Чӯбҳои гулбурикардашудаи аз Гардани Ҳисор ёфтшуда ба меҳроби машҳури Искодар, сарсутунҳои Урметан, Обурдону Курут шабоҳат доранд. Баъзе тадқиқотчиён тахмин менамуданд, ки нақшаҳои меҳроби Искодар, сутунҳои Обурдону Урметан маҳсули дасти устоҳои шаҳрҳои Самарқанд ва дигар марказҳои мадании Осиёи Миёна мебошад. Бозёфтҳои Гардани Ҳисор, Панҷакент ин фикрҳоро ба куллӣ рад менамоянд. Мо метавонем гӯем, ки дар болооби Зарафшон дар асрҳои XII-XIII мактаби махсуси нақшу нигоришҳо вуҷуд дошт.

Дар кӯҳҳои Бутамон аз қадимулайём мис, оҳан, нуқра ва тило истеҳсол мекарданд. Симоб ва навшодири бутамониро дар асрҳои миёна дар ҳамаи бозорҳои Ҳинду Чин, Турону Эрон, Мисру Ироқ ва Юнону Рум дидан мумкин буд. Дар китобҳои «Ҳудуд ал-Олам», «Сурат ал-Арз» ва «Масолик ва Мамолик» навишта шудааст, ки аз кӯҳҳои Бутамон тило, нуқра, зоч, симоб ва навшодир ҳосил мекунанд. Шиносоии халқу давлатҳои куҳан ба табиату сарватҳои табиии Гава Суғд (Бутамон, музофотиЗарафшон) ҳанӯз аз аҳди қадим сурат гирифта буд. Дар аҳди қадим Кӯҳистони Зарафшон қисми калони мамлакати бостонии хушманзари Суғдро ташкил медод. Дар китоби муқаддаси зардуштимазҳабон – Авасто доир ба об хок, наботот, олами ҳайвонот, зироатпарварӣ, коркарди замин, чорводорӣ ва истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ аз Гава Суғд (Кӯҳистони Зарафшон) маълумотҳои ихчам, вале ҷолиб фароҳам омадааст. Дар Авасто ҳосилхез кардани замин, барҳамдодани ботлоқзорҳо ва обшор намудани заминҳои беҳосилро аз ибодат афзалтар шуморида аст. Шояд ҳамин андарзи китоби муқаддас боиси он гардид, ки Кӯҳистониён порчаҳои хурди заминро бо машаққати зиёд ободу хуррам гардонида, ба наслҳои оянда ба меросӣ доданд. Баъдан ин шиносои дар замони истилои Искандари Мақдунӣ (асри IV то милод), забткориҳои арабҳо (асрҳои VII-VIII милод) ва алалхусус дар замони ҳукмронии Сомониён густариш ёфта, водии Зарафшон ҳамчун истеҳсолкунандаи тило, қалъагӣ, навшодир, симоб, сангҳои гаронмоя ва ғайра шуҳрати калон пайдо намуда буд. Дар солномаи асримиёнагии географи Чиннистон Ли-ян-шоу-Бейши (Таърихи шимол с. 435-милод) хабар дода шудааст, ки дар болооби Зарафшон тило, оҳан, ва санги сулаймонӣ (оникс) истихроҷ мекунанд, боғу токпарварӣ, парвариши зироатҳои полизӣ ва чорводорӣ инкишоф ёфтааст. Баъди шӯриши соли 722 ва пароканда шудани давлати Панҷ Бутамон вилояти мустақил мешавад ва дар асри IX дар он маликае бо номи Зулнона фармонфармоӣ мекард. Дар асри Х Бутамон якҷоя бо Истаравшан ба давлати Сомониён ҳамроҳ карда мешавад. Дар сарчашмаҳои минбаъда дар бораи Бутамон ахбор вонамехӯранд. Дар сарчашмаҳои асрҳои XVI-XVII ба ҷои Бутамон-Кӯҳистон ва рӯди Суғд-Зарафшон навишта шудааст.Дар сарчашмаҳои минбаъда дар бораи Бутамон ахбор вонамехӯранд. Дар сарчашмаҳои асрҳои XVI-XVII ба ҷои Бутамон-Кӯҳистон ва рӯди Суғд-Зарафшон навишта шудааст. 5 майи соли 1867 Самарқанд ба Русия тобеъ гардид. 11 июли соли 1867 дар ҳайати империяи Русия Генерал-губернатории Туркистон таъсис ёфт ва дар ҳайати ин Генерал-губернаторӣ бо маркази Самарқанд Округи Зарафшон ташкил шуд. Ин замон бекигариҳои болооби Зарафшон – Киштут, Моғиён, Фалғар, Фон ва Мастчоҳ, ки замоне тобеияти Самарқанду Бухоро мекарданд, ба миригариҳои ниммустақиле табдил ёфтанд. Баҳори соли 1870 Панҷакант ба тобеияти Русия гузашт. Ба мақсади тобеъ кардани Кӯҳистон 25 апрели соли 1870 бо сарварии сардори округи Зарафшон генерал-майёр А.К.Абрамов ба мақсади ба округи худ ва ба ин васила ба ҳайати Русия ҳамроҳ кардани Кӯҳистон юриш оғоз мешавад. Ва худи ҳамон сол ноҳияи Айнӣ дар қатори Панҷакенту Самарқанд ба ҳайати Русия дароварда мешавад. Ноябри соли 1917-1918 дар қаламрави имрӯза Тоҷикистони шимолӣ (дар ҳудуди он ноҳияи Айнӣ) русҳо Ҳокимияти Шӯравӣ барпо намуданд.

14 октябри соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт. 16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон мубаддал гардид. 9 сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Тақсимоти маъмурӣ

вироиш

Ноҳияи Айнӣ дорои 2 шаҳрак ва 8 ҷамоати деҳот аст.

Ҷамоати деҳоти ноҳияи Айнӣ
Ҷамоат Шумораи аҳолӣ
Зарафшон, шаҳрак 2346
Айнӣ 16 319
Анзоб 8994
Дар-Дар 8108
Рарз 10477
Урметан 19368
Фондарё 10330
Шамтуч 6663
Дар умум 82606

Иқтисод

вироиш
  • Боғҳо — 688 га, мева.
  • Фонди замин — 515, 820 га.
  • Шумораи хоҷагиҳои фермерӣ — 55 адад.
  • Корхонаҳои саноатӣ — 14 адад.
  • Ташкилотҳои сохтмон — 7 адад.
  • Муассисаи нақлиётӣ — 1 адад.
  • Дарозии роҳҳо — 297,2 км (аз ҷумла ҷумҳуриявӣ 163,5км ва маҳали 133,7 км)

Маориф

вироиш
  • Мактабҳои ҳамагонии таҳсилоти умумӣ — 70 адад.
  • Муассисаҳои томактабӣ — 4 адад.
  • Мактаб-парваришгоҳ — 1 адад.

Фарҳанг

вироиш
  • Хонаи фарҳанг — 4 адад.
  • Клубҳо – 27 адад.
  • Мактаби мусиқӣ — 2 адад.
  • Китобхонаҳо — 39 адад.
  • Қасри Фарҳанг
  • Осорхона – 1 адад.
  • Маҷмааи таърихию фарҳангии Нақибхон Туғрал

Тандурустӣ

вироиш
  • Шумораи беморхонаҳо — 8 адад.
  • Амбулаторияҳо – 10 адад.
  • Дорухонаҳо — 12 адад.

Матбуоти даврӣ

вироиш
  • Радиои маҳаллӣ
  • Рӯзномаи "Файзи Зарафшон"

Таърихи матбуот

вироиш

Соли 1934 аввалин маротиба рӯзномаи ноҳия бо номи “Барои чорводори сотсиалистӣ” аз чоп баромад ва дар назди он вазифаҳои хеле муҳим: коллективонаи хоҷагии қишлоқ, ташкили корхонҳои саноатӣ ва ба ҳаёти нав қадам мондани одамон меистад. Баъдан аз соли 1942 номи рӯзнома “Роҳи коммунизм”-ро гирифт. Дар даврони ҶБВ рӯзнома бештар барои сафарбар кардани ҷавонон ба ҷанги хонумонсӯзӣ Германия ва ёрӣ аз ақибгоҳ ба фронт корҳои назаррасро иҷро додааст. Аз соли 1962 то соли 1966 рӯзнома номи “Зарафшон”– ро гирифта, барои ду ноҳия, Айнӣ ва Панҷакент хидмат мекард. Яъне мардуми ду ноҳияи водии Зарафшон соҳиби як газета буданд. Дар ин давра рӯзнома бештар аз дастовардҳои партияи коммунистӣ, тарғиби чорводорон, коргарону меҳнаткашон ва саноатчиёнро ба роҳ монда буд. Мутаасифона баъди аз нав ташкил шудани ноҳия рӯзнома бо номи “Зарафшон” дар ноҳияи Панҷакент монд ва то имрӯз фаъолият дорад.

Рӯзномаи “Меҳнат” соли 1966 таъсис дода шуд, ки муҳаррири он шоири шинохта ва ҳаҷвнигори барҷаста, шодравон Мирзо Маҳмуд буданд. Баъд аз соли 1968 то соли 2009 муҳаррир, шоир Субҳон Туйғунов, аз соли 2009 то соли 2014 Холиқдоди Қурбон ва аз соли 2014 то 2019 Муҳаммадносири Насрулло ба ҳайси муҳаррир кору фаъолият кардаанд. Имрӯз ин вазифаи пурмасъул бар дӯши Шамсиддин Халифаев вогузошта шудааст.

То ба имрӯз 60119 шумора рӯзнома дастраси хонандагон гаштааст. Дар даврони таъсис додани тиражи рӯзнома 300-400 нусхаро ташкил медод. Сипас дар охири солҳои 60 –уми асри гузашта то барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ тиражи рӯзнома ба 9 ҳазор нусха расонида шуд. Дар ҳамин давра шумораи коргарони эҷодӣ ба 14 нафар расида буд. Шумораи матбаачиёни ноҳия 8 нафарро ташкил медод. Дар пешрафти кори рӯзнома солҳои 80-90 –уми асри гузашта саҳми Субҳон Туйғунов, Насриддин Қамаров, Ҷумъа Арбобов, Ғаффор Нуъмонов, Адҳам Ҳусейнов рӯҳи ҳамаашон шод бод, Муин Исоев, Хайрулло Юсуфӣ, Шараф Қоштиев, Шукӯҳи Закотов, Мусо Алиев ва чанде дигарон дар рушди кори эҷодии рӯзномаи “Файзи Зарафшон” саҳми босазо доранд. Ҳамзамон, заҳмати шабонарӯзии сангини матбуотчиён Зариф Раҳимов, Раҳимҷон Муҳиддинов, Абдузоҳир Розиқов, Зафар Самадов, Фахриддин Қаноатов, Моҳбибӣ Боева, Рисолат Шукурова, Бибибадал Каримова, Салоҳиддин Амаков, Уктам Саидов ва Малик Зарифов хеле назаррас аст.

Рӯзномаи “Файзи Зарафшон” барои бисёр шахсон, ки солҳои гуногун дар он кор кардаанд, мактаби таҷриба, обутоби идеявӣ-сиёсӣ, мактаби ҳақиқии эҷодӣ гардид.Бисёр шахсони соҳибмаърифат аз мактаби тарбияи рӯзнома гузашта, имрӯз дар органҳои партиявӣ, матбуоту радио ва телевзиони ҷумҳуриявӣ, вилояту ноҳия сарбаландона кору фаъолият менамоянд.

Рўзномаи ноҳиявии «Файзи Зарафшон» — нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ аст. Чуноне маълум аст, рӯзномаи “Файзи Зарафшон” дар соли 2019 ва пеш аз он моҳе як маротиба чоп мешуд ва бисёр хабару рӯйдодҳо бинобар куҳна шудан беарзиш мегардиданду қими зиёде аз онҳо рӯи чопро намедиданд. Вале, дар соли 2021 барои ба ин берангӣ ранг додан кӯшишҳо ба харҷ дода шуд ва рӯзнома айни ҳол дар як моҳ се ва баъзан чаҳор маротиба нашр мегардад. Бо дастгирии МИҲД-и ноҳия, махсусан, Раиси ноҳия,муҳтарам Муқим Муродзода давоми сол кормандони рӯзнома ҳам тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ (саҳифаи фейсбукии “Файзи Зарафшон”) ва ҳам дар рӯзнома воқеаву рӯйдодҳои ноҳиявиро ба мардум пешниҳод карда, ҷомеаро аз навгониҳои ҳаёти ноҳиявӣ дар шароити муосир саривақту фаврӣ огоҳ намудаанд. Бояд қайд намуд, ки бо дастгирии бевоситаи Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташаббусҳои пайдарпайи сармуҳарир Шамсиддин Халифаев, рӯзнома дар соли 2019 33 шумора, дар соли 2020 49 шумора, дар соли 2021 50 шумора ба табъ расидааст, ки ин боиси ифтихору сарфарозӣ аст.

Ташкилотҳои ғайридавлатӣ

вироиш
  1. Агроаксияи Олмон.
  2. Наҷоти Кӯдакони Амрико.
  3. Шелтер-Фор-Лайф.
  4. Рилиф Интернейшнл Скулз Он Лайн.

Пайвандҳо

вироиш