Jump to content

Абу Лаҳаб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абу Лаҳаб
араб. ар. أَبُو لَهَبٍ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: бозаргон, сиёсатмадор, диссидент
Таърихи таваллуд: 549
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 624
Маҳалли даргузашт:
Падар: Абдулмуталлиб[1]
Модар: Lubna bint Hajar[d]
Ҳамсар Umm Jamil[d][2]
Фарзандон: Utbah ibn Abi Lahab[d], Utaybah bin Abu Lahab[d], Q16127345?, Дурра бинти Абулаҳаб[d], Q104029490? ва Q104029491?

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абдулуззо ибни Абдулмутталиб ал-Қурайшӣ (ар. عبد العزى بن عبد المطلب القرشي‎, ба номи Абулаҳаб маъруф аст (ар. أبو لَهَب549624, Макка, Ҳиҷоз) — амаки ҳазрати Муҳаммад (с) ва яке аз мухолифони ашаддии ӯ дар давраи охири Маккаи фаъолияташ. Дар Қуръон номи ӯ дар сураи Масад зикр шудааст.

Тарҷумаи ҳол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар аввал муносибати Абулаҳаб бо паёмбар Муҳаммад (с) хуб буд, писаронаш ба духтарони паёмбар издивоҷ карданд. Пас аз даргузашти Абутолиб дар соли 619 Абулаҳаб сарвари Бани Ҳошим шуд ва то замони саркашии ниҳоии Муҳаммад аз ибодати худоёни бутпарастӣ дифоъ аз Муҳаммадро идома дод.

Номи Абулаҳаб (падари оташ, сокини дӯзах) мувофиқи оятҳои сураи Масад ба ӯ гузошта шудааст.

Абулаҳаб ба сабаби хоби нохуше, ки хоҳараш Отика дида буд, дар ҷанги Бадр иштирок накард. Барои муҷаҳҳаз ва таъмини лашкари Қурайш маблағҳои калон ҷудо кард. Пас аз пирузии мусалмонон дар ин набард бисёр ғамгин шуд ва пас аз чанд руз вафот кард. Аз бӯи баданаш, ҳатто фарзандонаш чанд рӯз ба ӯ наздик нашуданд.