Jump to content

Александр Богданов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Александр Богданов
Таърихи таваллуд 10 (22) август 1873[1][2] ё 22 август 1873(1873-08-22)[3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 7 апрел 1928(1928-04-07)[4][1][5][…] (54 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ пизишкӣ[7][7], илми иқтисод[7][7], фалсафа[7][7], political activity[d][7][7] ва creative and professional writing[d][7][7]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
 Парвандаҳо дар Викианбор

Алекса́ндр Алекса́ндрович Богда́нов (номи хонаводагии аслӣ — Малино́вский, дигар тахаллусҳо — Ве́рнер, Макси́мов, Рядово́й; 10 (22) август 1873, Соколка, губернияи Гроднен — 7 апрели 1928, Маскав) — файласуф, пизишк ва ходими ҷамъиятиву сиёсии рус.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи омӯзгор. Соли 1892 дар Донишгоҳи Маскав таҳсил мекард, соли 1899 факултети тиббии Донишгоҳи Харковро хатм кард. Соли 1894 барои ширкаташ дар ошӯбҳои донишҷӯён ба шаҳри Тула табъид шуд. Аз соли 1896 сотсиал-демократ. Солҳои 90 садаи 19 ду китоби худро нашр намуд. Дар табъид маҷмӯаи мақолаҳо таҳти унвони «Очеркҳои ҷаҳонбинии реалистӣ» зери таҳрири Александр Богданов чоп шуд, ки он ҷавоб ба «Масоили идеализм» (П. Б. Струве, Бердяев, Н. С. Булгаков ва диг.) буд. Соли 1903 ба болшевикон ҳамроҳ ва соли 1904 ба В. И. Ленин аз наздик шинос шуд. Солҳои 1906–07 дар нашриёти озоди болшевикон, дар гурӯҳ (фраксия)-и сотсиал-демократии Думаи дуюми давлатӣ кор мекард. Дидгоҳи сотсиалистии Александр Богданов дар бораи ҷамъият дар романи хаёлии «Ситораи сурх» ва романи фантастикии «Муҳандис Мэнни» инъикос ёфтаанд. Соли 1909 ҳамчун пешвои ғоявии гурӯҳи чапгарои болшевикон аз сафи гурӯҳи болшевикон хориҷ карда шуд. Солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ ба сифати духтур дар ҷабҳа кор кард. Баъди соли 1917 дар Маскав узви Академияи коммунистии КМ Пролеткулт буд. Аз соли 1926 директори Институти интиқоли хун (дар натиҷаи таҷрибаи бебаророна ба худ гузаронидани хун ба ҳалокат расид).

Нуқтаи асосии ҷаҳонбинии фалсафии Александр Богданов постулати К. Маркс дар бораи воқеият ҳамчун таҷрибаи сотсиалистӣ ва таълимоти фалсафӣ ҳамчун воситаи фаъолона тағйир додани олам мебошад. Александр Богданов унсурҳои асосии таълимоти материализми таърихиро пазируфта, мекӯшид, ки асосҳои умумии фалсафаи онро инкишоф диҳад. Дар «Эмпириономизм» (қисмҳои 1–3, 1906–08) асосҳои сохтории фалсафаи худро баён ва онро баъдан дар таълимоти тектологии худ («Тектология. Ташкилаи умумии илм», дар ду китоб, 1989) такмилу инкишоф дод. Александр Богданов дар он Л. И. Акселрод, Г. В. Плеханов, В. И. Ленин ва диг. эътиқодмандони марксизмро зери тозиёнаи танқид гирифтааст. Мубориза бо мактаби Плеханов эътиқоди Александр Богдановро барои «аз фалсафа гузаштан» ва нерӯи худро ба коркарди илм равона намудан бештар намуд. Мувофиқи таълимоти ӯ, коркарди шаклу усулҳои махсуси ҳамкорӣ бо ҷамъият ва шаклҳои марбутаи идеологии он маданияти ҳамон синф − «феодалӣ, авторитарӣ, буржуазӣ, индивидуалӣ, пролетарӣ ва коллективиро ифода мекунад. Масъалаи маданияти пролетарӣ аз назари Александр Богданов дар дигаргунии куллии маишӣ, санъат ва дар навбати аввал худи илм зоҳир мегардад. Александр Богданов бо баъзе нуқоти таълимоташ собиқадори назарияи системаҳо ва кибернетика гардид.»

  • Падение великого фетишизма (Современный кризис идеологии). Вера и Наука, М., 1910;
  • Философия живого опыта: популярные очерки Материализм, эмпириокритицизм, диалектический материализм, эмпириомонизм, наука будущего. СПб, 1913.
  • Асмус В. Логическая реформа А. Богданова//Вестник Коммунистической академии. Кн. 22, 1927;
  • Тектология А. Р. Богданова и современность // Вопросы философии, 1995, №8.