Jump to content

Аноҳито

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аноҳито
Пол зан
 Парвандаҳо дар Викианбор

Аредвисура Аноҳита (авестоӣ: Arədvī Sūrā Anāhitā), Аноҳито, Ноҳид[1] — дар асотири эронии бостон, офаридаҳои мардуми ориёӣ эзид (олиҳа)-и обҳо (рӯдҳо) ва фаровонҳосилӣ, ки ба сурати дӯшизаи зебое тасвир шудааст.

Дар Авесто яшти 5-ум (ниг. «Яштҳо») ба Аредвисура Аноҳита бахшида шудааст ва «Ардвисура-яшт» ё «Обон-яшт» ном дорад. Аредвисура Аноҳита дар яшти мазкур ба ду сурат, аввалан ба шакли рӯди бузурге тасвир гардидааст, ки сарчашмаи кулли обу баҳрҳои дунё мебошад. Ин об аз баландтарин қуллаи кӯҳ ибтидо гирифта, зимистону тобистон яксон равон аст ва ҳазорҳо шохоб дорад. Ин рӯдҳо саросари ҳафт кишвари дунёро сероб мегардонанд (дар тасаввури эрониёни қадим дунё аз ҳафт кишвар иборат буд). Сипас, дар Авесто сурати дуюми Аредвисура Аноҳита, тасвири ӯ чун олиҳа, дӯшизаи зебое омадааст. Вай дӯшизаи хушандом, баландболо, баруманду зеборух, озода ва накӯсиришт аст. Бозувони сафеди вай ба ситабрӣ чун шонаи аспанд. Камарбанди танге аз миён болотар бастааст ва синаҳои ӯ барҷастаанд. Ба сар тоҷи зарини ҳаштгӯшаи бо гавҳарҳо ороста гузоштааст, дар гӯшҳояш гӯшвораҳои чаҳоргӯша, дар гардан тавқи зарин дорад. Хилъати ӯ низ пурчину зарин аст ва аз рӯи он ҷомае аз сӣ бабир (саги обӣ) ба китф кардааст, ки монанди симу зар медурахшид. Кашфҳои муҷаллои ӯ бо бандҳои зарин маҳкам баста шудаанд. Аредвисура Аноҳита гардунае (ароба) дорад, ки чаҳор аспи зӯру тавоно онро мекашанд. Ин аспҳо ташхиси бод, абр, борон ва жола мебошанд ва аз файзи онҳо заминҳои кишт шодоб ва фаровонҳосил мешаванд. Нишемангоҳи Аредвисура Аноҳита қасри ҳазорсутун мебошад, ки дар баландтарин қуллаи кӯҳ, нишемангоҳи хуршед, ҷойи тулӯи хуршед воқеъ аст. Ба Аредвисура Аноҳита паҳлавонону шоҳони Эрон қурбониҳо оварда, зӯру тавоноӣ ва пирӯзӣ бар душманонро хостор мешаванд. Масалан, Йима (Ҷамшед) аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ҳукмрониро бар девон ва мардумон барояш бубахшад. Гаршосп мехоҳад, ки бо ёрии Аредвисура Аноҳита бар аждаҳо пирӯз шавад ва ғ. Аредвисура Аноҳита ба Траетаона (Фаридун) дар мағлуб кардани Ажи-Даҳака (Заҳҳок), ба Зарир барои пирӯз шудан бар Арҷосп ва дигарон мадад мерасонад. Вале Аредвисура Аноҳита қурбониҳои нерӯҳои бадӣ, бадкирдорон Заҳҳок, подшоҳи Турон Афросиёб ва дигаронро рад карда, ба иҷро шудани мақсаду мароми нопоки онҳо монеъ мешавад. Аредвисура Аноҳита ҳомии занони ҳомила аст. Вай таваллуди фарзандро бар онон осон, ширашонро барои тифли навзод фаровон мекунад. Вай инчунин дороии мардум, неъмату сарвати кишвар, галаву рамаҳоро афзун мегардонад. Ситоиши Аредвисура Аноҳита дар байни мардуми ориёӣ аз замонҳои қадим (тақр. ҳазораҳои 3 — 2 то м.) оғоз ёфтааст. Ҳуҷҷату санадҳо оид ба ситоиши Аредвисура Аноҳита аз давраи Ҳахоманишиён боқӣ мондаанд. Мас., дар замони Ардашери II (ҳукмр. 404—360 то м.) дар Эрон маъбадҳои Аредвисура Аноҳита вуҷуд доштаанд, ки дар он ҷо занон зиндагӣ карда, машғули ибодат буданд. Харобаҳои маъбадҳои Аредвисура Аноҳита дар Хузистон ва Ҳамадон ҳоло ҳам мавҷуданд. Дар Хузистон муҷассамаи тиллоии Аредвисура Аноҳита-ро сохта будаанд. Ситоиши Аредвисура Аноҳита дар замони Ашкониён ва Сосониён, то давраи ҳуҷуми Хилофати Араб роиҷ будааст. Тасвири Аредвисура Аноҳита дар нақши Рустам ва дигар осори меъморию муҷассамасозии замони Сосониён ба назар мерасад. Дар тасаввури мардуми Хоразм Аредвисура Аноҳита ташхиси д. Аму (Ҷайҳун) буд. Аредвисура Аноҳита пас аз лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ дар Юнон ва Византия (Осиёи Хурд) шӯҳрат ёфт ва мардум ӯро ситоиш мекарданд. Аредвисура Аноҳита ба олиҳаи асотирии юнонӣ Артемида монанд аст. Дар Арманистон ситоиши Аредвисура Аноҳита замони ҳукмронрии Ашкониён расм шуд. Дар осори қадимии арманӣ ин олиҳа бо номи Анаҳит (Аноит) ёд мешавад. Пас аз ҷорӣ шудани дини масеҳӣ дар Арманистон ситоиши Аредвисура Аноҳита аз байн рафт. Дар адабиёти форс-тоҷик исми Аредвисура Аноҳита ба шакли Ноҳид дучор меояд ва сайёраи Зӯҳра — таҷассуми хунёгарӣ ва зебоиро бо ин ном ёд мекунанд. Шоирону нависандагон зебоӣ ва нафосати онро сутудаанд. Ноҳид дар фарҳангҳои тафсирии форсии тоҷикӣ ба маънои духтари ҷавон, зебо, олиҳаи зебоӣ, суруду рақс (хунёгарӣ) ва хушию хурсандӣ, ситораи ромишгарон ва хунёгарон аст.

  1. Шобегим Маликшоева. Ҷойгоҳ ва мақоми зан дар Авасто, Сарвар ва миллат №2 (12) (1 марти 2021), стр. 5. Бойгонӣ шудааст 26 июни 2023  сол. Проверено 21 июли 2023.