Антананариву
Шаҳр | |||||
малаг. Antananarivo | |||||
|
|||||
18°56′19″ ю. ш. 47°31′17″ в. д.HGЯO | |||||
Кишвар | Мадагаскар | ||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||
Таъсис | 1625 | ||||
Номҳои пешина | Тананариве, Тана | ||||
Масоҳат |
|
||||
Баландии марказ | 1 276 ± 1 м | ||||
Минтақаи замонӣ | UTC+03:00 | ||||
Аҳолӣ | |||||
Аҳолӣ | |||||
|
|||||
web.archive.org/web/20070330230740/http://www.antananarivo.mg/ | |||||
|
|||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Антананари́ву (то даҳаи 1970 Тананари́ве — шаҳри ҳазор ҷанговар, Та́на; малаг. Antananarivo) — пойтахти Мадагаскар, маркази маъмурии музофоти Антананариву.
Антананариву дар қисми марказии ҷазираи Мадагаскар, дар пуштакӯҳҳо (1240—1470 м аз сатҳи баҳр) ҷойгир аст. Аҳолиаш 895,3 (бо сокинони атрофаш 1,5 млн нафар, 2010). Маркази сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва нақлиётии мамлакат.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Антананаривуро ибтидои садаи XVII шоҳи Имерина Андрианзака бино гузоштааст. Аз ибтидои садаи XIX — пойтахти Шоҳигарии Мадагаскар. Аз соли 1886 — маркази маъмурии Мадагаскар — мустамликаи Франсия (то соли 1960), аз 1975 — пойтахти давлати соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Демократии Мадагаскар.
Нақлиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Узели роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, аэропорти байналхалқӣ дорад. Роҳи оҳан Антананаривуро бо бандарҳои Таматаве ва Антсирабе пайваст мекунад.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Муассисаҳои саноати хӯрокворӣ, чарму пойафзор, дӯзандагӣ, чӯбкорӣ, полиграфӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва ғайра дорад. Дар баландтарин мавзеи Антананариву — Рува қароргоҳи қадимии шоҳӣ, қасрҳои дарбор (1828) ва дар маркази шаҳр, атрофи кӯли Анусӣ биноҳои маъмурии замонавӣ, бошишгоҳи ҳукумат қомат афрохтаанд.
Иҷтимоъ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Антананариву академияи илмҳо, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, осорхонаи санъат ва меъморӣ, осорхонаи мусиқии миллӣ, осорхонаи таърихӣ (1897), бойгонии миллӣ, китобхонаи миллӣ, театрҳо, Боғи зооботаникии Тсимбазаза (1925), Донишгоҳи Мадагаскар, Хонаи радио мавҷуд аст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Антананариву // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Пойтахтҳои Африқо |
---|
Абуҷа | Аддис-Абеба | Аккра | Алҷазоир | Антананариву | Асмэра | Бамако | Бангӣ | Банҷул | Бисау | Браззавил | Буҷумбура | Виктория | Виндхук | Габороне | Дакар | Ҷибутӣ | Додома | Қоҳира | Кампала | Кигалӣ | Киншаса | Конакри | Либревил | Лилонгве | Ломе | Луанда | Лусака | Масеру | Малабо | Мапуту | Мбабане | Могадишо | Монровия | Моронӣ | Найробӣ | Нҷамена | Ниамей | Нуакшот | Порт-Луи | Порто-Ново | Прая | Претория | Рабат | Сан-Томе | Таробулус-ал-Ғарб | Тунис | Уагадугу | Фритаун | Хараре | Хартум | Ямусукро | Яунде |