Jump to content

Аортит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аортит
МКБ-10 I77.677.6
МКБ-9 447.6447.6
eMedicine med/158 
MeSH D001025

Аортит (лот. aortitis аз юн.-қад. ἀορτή — «аорта») — илтиҳоби девораи шоҳраг.

Аортит шадид, зершадид ва музмин мешавад. Аортити шадид ҳангоми бемориҳои шадиди сироятӣ ё ягон осеб инкишоф меёбад. Аортити музмин дар заминаи аортити шадид, бемориҳои сироятии музмин, хусусан сифилис ва тарбод сар мезанад. Аортит бештар оризаи сифилис аст. Ҳангоми аортит асосан аортаи болорав осеб меёбад. Дар натиҷа дар бемор аневризма ё ногузароии рагҳои иклилӣ рух медиҳад. Дар натиҷаи фишор овардан ба узву бофтаҳои ҳамшафат ё бо хун пурра таъмин нашудани дил сандуқи сина ба дард медарояд. Барои пешгирии аортит бемориҳоеро, ки сабаби пайдоиши он мешаванд, табобат кардан лозим аст.