Jump to content

Артек

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Артек
Маркази маъмурӣ
Намуди созмон summer camp facility[d] ва facility[d]
Санаи таъсис 16 июн 1925
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Дӯстии халқҳо
jubilee badge for the 50th anniversary of the USSR
Веб-сайт artek.org
 Парвандаҳо дар Викианбор

«Арте́к» — маркази байналмилалии бачагона, шифохонаи иқлимӣ дар Қрим (Укройн).

Дар соҳили Баҳри Сиёҳ, дар доманаи кӯҳи Аю-Даг, 12 км дуртар аз шаҳри Ялта воқеъ аст. Солҳои 1925—1991 қароргоҳи умумииттифоқии пионерӣ буд. Дар Артек бачагони 9 — 15-сола аз кишварҳои гуногун истироҳат мекунанд. 10 қароргоҳ («Горный», «Лазурный», «Морской» ва ғ.)-ро муттаҳид менамояд. Дар Артек барои истироҳат, машғулиятҳои эҷодӣ ва варзишӣ пляжҳои муҷаҳҳази бачагона, маҷмааи варзишӣ, майдонҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, кортҳои теннис, майдончаҳо барои бозиҳои гуногун, интернет-қаҳвахона, музейу намоишгоҳҳо, яхта-клубҳо, маркази матбуоти бачагона, студияҳои телевизион, кино ва суратгирӣ, маҳфилҳо, маҷмааи тиббӣ мавҷуданд. Шифохонаҳои Артек ҳуҷраву лабораторияҳои табобатию ташхисӣ, табобати шуоӣ доранд. Воситаҳои асосии табобат: терапияи табиат, оббозӣ, тарбияи ҷисмонӣ, туризм ва ғайра. Дар Артек фестивалҳои байналмилалӣ оид ба санъат ва эҷодиёти бачагон, вохӯриҳо бо нависандагон, ходимони илм, фарҳанг, инчунин сайёҳат ва роҳпаймоиҳои туристӣ баргузор мешаванд.