Арғунхон
муғ. ᠠᠷᠭᠤᠨ | |
| |
1284 — 1291 | |
Пешгузашта | Tekuder[d] |
Ҷонишин | Gaykhatu[d] |
|
|
Таваллуд |
1258[1] |
Даргузашт |
10 март 1291 ё 7 март 1291 |
Мадфан | |
Дудмон | Chingissid[d] ва Q12839171? |
Падар | Абоқохон[2] |
Ҳамсар | Todei Khatun[d] |
Фарзандон | Ghazan[d][2] ва Öljaitü[d] |
Эътиқод | буддогароӣ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Арғунхон (1258[1], Муғулистон — 10 март 1291 ё 7 март 1291, Аррон[d]) — чаҳорумин хон аз Элхониёни Эронзамин (1284—1291).
Арғунхон набераи Ҳалоку ва писари бузурги Абоқохон буда, ки баъд аз марги падараш Аҳмади Такудор ба ҳокимият расида буд. Барои соҳиб гардидан ба тахту тоҷи падар аз Хуросон ба Озарбойҷон лашкар кашид. Пас аз ҷанги сесола Такудор кушта шуд ва Арғунхон ба тахти подшоҳӣ нишаст. Писари бузургаш Ғозонро ҳокими Хуросон таъйин намуд. Дар аҳди Арғунхон чандин шӯришҳо сар заданд, ки муҳимтаринашон шӯриши Амир Наврӯз буд ва панҷ сол идома дошт. Арғунхон барои пешгирии нуфузи Миср бо коҳини масеҳиён Николоси IV, подшоҳи Англия Эдуарди I ва подшоҳи Фаронса Филиппи IV равобити сиёсӣ барқарор намуд. Ба подшоҳи Франсия нома навишт ва барои ҷалби ҳамкории ӯ ваъда дод, ки аз 20 то 30 ҳазор асп пешкашаш хоҳад кард. Арғунхон монанди падари худ бутпараст буд ва аз рӯи илтифоте, ки бо масеҳиён дошт, яке аз писаронашро пас аз ғусли таъмид ба ифтихори коҳини масеҳиён Николас номгузорӣ кард. Арғунхон подшоҳи золим буд ва ашхоси бисёри бегуноҳро ба қатл расондааст. Аз ҷумла, соли 1284 фармон дод, ки Хоҷа Шамсуддини Ҷувайниро, ки вазири ботадбир ва соҳибдевон буд, аз миён дуним кунанд, лекин бо ин ҳама ҷаллодӣ ба илму адаб ва сохтани шаҳрҳо таваҷҷӯҳи хоса дошт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #123548829 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ 2.0 2.1 Китайская биографическая база данных (ингл.)
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арғунхон / Қ. Расулиён // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони соли 1258
- Даргузаштагони 10 март
- Даргузаштагони соли 1291
- Даргузаштагони 7 март
- Даргузаштагони Эрон
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)