Астения
МКБ-10 | R53. |
---|---|
МКБ-9 | 780.7 |
DiseasesDB | 22832 |
MedlinePlus | 003174 |
eMedicine | / |
MeSH | D001247 |
Астения (аз юн.-қад. ἀσθένεια — беҳолӣ) — ҳолати беморист, ки бо хастагию беҳолӣ, хиратабъӣ, беқарорӣ, ихтилоли хоб, корношоямии фикрию ҷисмонӣ, тобу тоқат надоштан ба рӯшноӣ, садо, бӯи тез ва ғайра зоҳир мешавад. Астения дар натиҷаи таъсири харобиовари бемориҳои узвҳои дохилӣ, амрози сироятӣ, заҳролудӣ, эҳсосоти рӯҳӣ, риоя накардани низоми кору истироҳат, тағзия, ҳамчунин дар мавриди бемориҳои асаб ва рӯҳӣ ба вуҷуд меояд.
Астенияеро, ки сабабҳои он заъфи асабҳо, ҳаяҷони сахт, ҷангу ҷидол, мусибат ва ғайра мебошанд, неврастения (заъфи асаб) меноманд. Астения метавонад дар оғози бемориҳои увзҳои дохилӣ, дар давом (масалан, ҳангоми захми меъда, сил ва дигар амрози музмин) ва фарҷоми онҳо (илтиҳоби шуш, грипп) пайдо шавад. Зуҳуроти астенияба бемории асосии сабабгори он вобастагӣ дорад. Ҳангоми атеросклероз ихтилоли хотира рух медиҳад; дар аснои бемории гипертония, дарди сар ва эҳсоси нофорам дар мавзеи дил пайдо мешавад. Аломатҳои астенияхосси давраи аввали бемории рӯҳӣ (шизофрения) мебошанд.
Барои табобати астения иллатеро, ки мӯҷиби он гаштааст, бартараф кардан лозим аст. Воситаҳои тақвиятбахши организм, аз ҷумла витаминҳо, глюкоза, машғулиятҳои ҷисмонӣ, риояи низоми кору истироҳат, тағзияи мунтазаму дуруст, хоби бофароғат низ муфид мебошанд. Бо тавсияи духтур метавон аз доруҳои таскинбахш истифода кард.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Астения / Ш. Раҷабалиев // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.