Jump to content

Боронхоҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Боронхоҳӣ (форсӣ: باران‌خواهی‎), истисқо, истимтор — маросими талаб кардани нузули борон дар мавридҳои ниёзи сахт ба он.

Парастиши худои борон ва эътиқод ба фуруд овардани борон аснои таъхири он миёни қавмҳову динҳои гу­ногун аз аҳди бостон роиҷ будааст. Масалан, дар «Вандидод» Аҳурамаздо ваъда медиҳад, ки ба замин борон биборонад, то барои мардуми имондор ғизо ва барои говони судманд алаф биёварад. Қавмҳои эронӣ ба эзадони об ва борон эътиқод доштанд ва онҳоро ниёиш мекарданд. Онҳо аз Анаҳито, ки ҳам номи рӯде минуӣ ва ҳам номи фариштаи муваккали об аст, ҳангоми камобӣ таманнои борон мекарданд ва барояш қурбонӣ анҷом медоданд. Чунин мепиндоштанд, ки ӯ ба фармони Аҳурамаздо ба­рои мардум аз фарози осмон борону барфу жола фурӯ мерезад. Дар Авесто («Тир-яшт») аз ҷидоли фариштаи борон ва деви хушкӣ ба тафсил ёд шудааст. Берунӣ дар «Осору-л-боқия» овардааст, ки дар замони Фирӯз – бобои Анушервон чанд сол борон наборид ва хушксолӣ шуд. Саранҷом Фирӯз ба оташкада рафта, намоз хонд ва сар ба саҷда ниҳода, аз Худо хост, ки балои хушксолиро дур кунад. Баъди аз оташкада берун шудани Фирӯз абре аз осмон бархост ва чандон борид, ки мислашро то он рӯз надида буданд ва об ҳама ҷоро фаро гирифт.

Пеш аз ислом арабҳо низ барои нузули борон ба шеваҳои гуногун васила меҷустанд. Дар миёни қавмҳои сомӣ (бобилиён, иброниён, набатиён ва қабилаҳои сокини Арабистони Марказӣ) Аллоҳ офаридгори осмонҳо ва нозилкунандаи борон дониста ва ниёиш мешуд. Дар сарзамини Шому Ҳиҷоз қабл аз ислом ҳар гоҳ ки борон намеборид, мардум ба Макка меомаданд ва дар он ҷо қурбонӣ анҷом дода, аз Худо борон талаб мекарданд. Ҳамчунин дар миёни арабҳои қаблазисломӣ маросими боронхоҳӣ тавассути оташафрӯзӣ («нору-л-истимтор») низ роиҷ будааст. Тибқи ин маросим ба думу поҳои говҳои мода ҳезум баста, онро ба кӯҳ мебурданд ва оташ мезаданд; говҳои ваҳшатзада ба ҳар сӯ медавиданд. Гоҳе ба шохи говҳо низ ҳезум баста, онро низ оташ мезаданд. Чунин мепиндоштанд, ки худоён ё муваккалони борон ба сабаби муқаддас будани говон ва изтиробу нороҳатии онҳо ба зудӣ борон фурӯ мефиристанд. Илова бар ин, дар болои кӯҳ оташе азим афрӯхта, ба тақлид аз раъду барқ ҳаёҳу ва доду фарёд мекарданд. Бо зуҳури ислом ин маросимҳо аз байн рафтанд.

Боронхоҳӣ дар ислом

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тибқи таълимоти дини ислом ба машрӯияти боронхоҳӣ оёт ва ҳадисҳои саҳеҳ далолат мекунанд. Дар Қуръон омадааст, ки қатраҳои борон ба амри Худо аз миёни абрҳо фурӯд меояд (30:48); Худованд аз осмон борони пайдарпай мефиристад (71:11); аз абрҳои боронафшон оби резон фу­рӯд меорад (78:14). Барои боронхоҳӣ ҳадисе ба ривояти Анас ибни Молик истидлол мешавад, ки Паёмбар (с) бо дархости марде даст ба дуо бардошт ва аз Худованд борон хост. Ба сабаби дуои мазкур як ҳафта паёпай борон бо­рид, сипас боз бо дархости ҳамон мард Паёмбар (с) дуо кард ва борон аз боридан бозистод. Тибқи ҳадиси дигар ба ривояти Оиша (рз) Паёмбар (с) бар минбар хутбае хонду дуо кард ва дар он аз Худованд фурӯд овардани боронро талаб кард. Сипас аз минбар фурӯд омад ва ду ракъат намоз гузорид. Дар пайи ин дарҳол борони сел борид.

Дар ислом се навъи боронхоҳӣ маъмул аст: 1) дуои алоҳидаи бидуни намоз ва қабл аз намоз; 2) дуои баъди намоз; дар хутбаи намози ҷумъа ва монанди он; 3) истисқо бо ду ракъат намоз – хоҳ бо ҷамоат бошад, хоҳ ба танҳоӣ.

Мақолаи асосӣ: Истисқо

Навъи ахир, истисқо афзал ба шумор меравад. Боронхоҳӣ ҳам дар масҷид ва ҳам дар хориҷи масҷид раво аст. Дар сурати иҷобат нашудани истисқо он такроран анҷом дода мешавад. Барои боронхоҳӣ ҳамроҳи мардум баромадани имом суннат аст. Қабл аз хурӯҷ барои боронхоҳӣ ғусл кардан ва ба ниёзмандон садақа до­дан, пои пиёда ва бо тавозуъу тахашшуъу тазаррӯъ равон шудан; ҳангоми боронхоҳӣ дар дуо дастонро ба сӯи осмон бардоштан, нимае аз дуоро бо овози баланд ва нимаи дигарро ба таври хуфя кардан, ба хешону пайвандони Паёмбар (с) ва солеҳону мусулмонони маъруфи ба тақво тавассул ҷустан, тавассул ҷустани ҳар кас ба амалҳои неки анҷомдодааш, баромадани пирсолону нотавонон, кӯдакон ва баровардани чорво аз ҷумлаӣ мустаҳабботи боронхоҳӣ дар ислом ба шумор меравад.

Дар таълимоти тасаввуф оид ба авлиё аз осмон бори­дани борон яке аз каромоти эшон арзёбӣ шудааст. Ҳуҷвирӣ дар «Кашфу-л-маҳҷуб» меорад, ки «авлиёуллоҳ волиёни олам буда, аз осмон борон ба баракати ақдоми эшон меборад ва аз замин наботот ба сафои аҳволи эшон мерӯяд». Ҳамин мазмунро Рӯзбеҳони Бақлӣ низ дар «Шарҳи шатҳиёт» баён доштааст.

Дар бисёр кишварҳо мардум ба «санги борон» эътиқод дошта, баъзе ҷирмҳои аз осмон фурӯафтодаро дорои хосияти бороноварӣ мепиндоранд ва дар мавридҳои хушксолӣ аз онҳо борон талаб мекунанд. Миллатҳои гуногун зимни боронхоҳӣ амалҳои марбут ба маросимҳои мардумии худро низ анҷом медиҳанд, аз қабили пасопеш пушидани либос, ба сару рӯ ва андоми якдигар пошидани об, ҷудо кардани модарон аз кӯдакону навзодон, мешҳо аз барраҳо, бузҳо аз бузғолаҳо; қурбонӣ кардани чорво ва ғайра. Дар Алҷазоир барои боронхоҳӣ зиёфате барпо карда, зимни он гурӯҳе ба рақс медароянд ва ба даҳон об гирифта, онро ба осмон мепошанд ва бо доду фарёд борону фаровонӣ металабанд. Арабҳои сокини кишварҳои Африқои Шимолӣ мар­де порсоро бидуни огоҳии пешакии ӯ ба чашмаи об мепартоянд ва ақида доранд, ки дар пайи ин амал борон меборад. Дар Туркия пас аз хондани намози истисқо 700 ё 7000 дона рег (сангреза)-ро ба рӯдхона меандозанд. Зим­ни адои маросими боронхоҳӣ арӯсакеро ба кор мебаранд, ки дар миёни мардуми ҳар сарзамин номи махсус дорад: онро туркманҳои Киркуки Ироқ «чумчагалин» (арӯси кафгирак), мардуми Сурия «уммулқавс» (модари камон ё моҳи кавс), Африқои Шимолӣ «алгунҷа», курдҳо «букаборона», узбекҳо «сусхотун» (шояд зани обӣ), туркзабонони Эрону Туркия «чумчачик» ё «купчачик», туркҳои Туркия «купча галин» ё «Галин гук» (арӯси ғук) меноманд. Эъ- тикоди марбут ба боронхоҳӣ дар миёни мардуми тоҷик, аз ҷумла дар маросими мавсимии ашаглон то ба имрӯз омада расидааст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Аҳмадов Р. Фолклори маросимҳои мавсимии тоҷикони Осиёи Марказӣ. Душанбе, 2007.