Jump to content

Виборг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Виборг
русӣ: Выборг
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон[d]
Кишвар  Русия
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1293
Масоҳат
  • 160,847 км²
Баландии марказ 3 м
Минтақаи замонӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 81378
Нишонаи почта 188800–188811
city.vbg.ru(рус.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Виборг (русӣ: Выборг, финӣ: Viipuri, швед. Viborg, олмонӣ: Wiburg) — шаҳр дар Русия, маркази ноҳиявии маъмурии вилояти Ленинград, дар 130 км шимолу ғарбии Санкт-Петербург.

Дар гарданаи Карелия, дар соҳил ва ҷазираҳои халиҷи Виборги баҳри Балтика ҷойгир аст. Аҳолиаш 80,9 ҳазор нафар (2013). Виборг бандари баҳрӣ, маркази роҳоҳан, роҳҳои мошингарди Санкт-Петербург — Хелсинки (Финляндия) дорад.

Виборг соли 1293 ҳамчун қалъаи ҳокими швед Торкел Кнутсон дар ҷойи бошишгоҳи хурди карелҳо бунёд гардидааст. Аз соли 1403 шаҳр. Соли 1811 якҷо бо губерния ба салтанати бузурги Финляндия ҳамроҳ карда шуд. Солҳои 1918-40 дар тобеияти Финляндия буд ва Винпури ном дошт. Дар Виборг заводдҳои калони киштисозӣ, истеҳсоли яхдон, асбобҳои электронӣ, таҷҳизоти саноати моҳӣ ва чӯб, корхонаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ мавҷуданд.

Маркази Виборг симои шаҳри асримиёнагии шведиро дорад. Дар ҷазира кӯшки аз хоросанги маҳаллӣ сохташуда (1293) бо манораи Олафи Муқаддас мавҷуд аст. Дар қисми хушкии шаҳр боқимондаҳои қалъаи Рогат (охири асри 16), манораи мудаввар, манораи Ратуша, қалъаи Пансерлакс, дар доманаи кӯҳи Петров қалъаи Кронверк (асри 18) бо истеҳкомҳо ва дарвозаҳои қалъа воқеанд. Хонаҳои алоҳида бо услуби меъмории скандинавии асрҳои 14-15, дайри доминиканҳо бо калисо дар услуби готика (1318, соли 1836 аз нав сохта шудааст), калисои Гиатсинти Муқаддас, калисои Спас-Преображенский (1780) боқӣ мондаанд.

Ҷозибаҳои гардишгарӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Виборг осоишгоҳи иқлимӣ ва маркази сайёҳӣ (туризм)-и байналмилалӣ мебошад. Дар наздикии Виборг осорхона-мамнӯъгоҳи давлатии таърихию меъмории табиии «Парк Монрепо» ҷойгир аст, ки дар он ҳар сол Фестивали мусиқии камеравӣ баргузор мегардад.