Jump to content

Ирода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ирода (ар. اراده – хостан, майлу хоҳиш, қасд кардан, тасмими қатъӣ), ҳаракати нафс ба сӯи амал пас аз тасаввур ва тасдиқи фоидаву зарари он; неруи дарунӣ ва зеҳнӣ, ки бо тасаллут бар эҳсосот шахсро ба интихоб ва анҷом додани кору фаъолияте таҳрик мебахшад; шуълае аз оташи маҳаббат дар қалби солик, ки ӯро омодаи пазируфтани ангезаҳо ва муҷиботи ҳақиқат месозад; ҳолате дар нафс иборат аз ҳосили ҷамъи неруҳои зотии суратҳои зеҳнӣ – идрокот ва инфиолот. Ирода дар фалсафа, равоншиносӣ, калом, тасаввуф ва маонӣ корбурдҳои хос дорад. Ҳадафе ё мақсаде қарор додан лаҳзаи ибтидоии ҳар амали иродие мебошад, ки барои амалӣ гардондани он корҳое ё нақшае дар назар гирифта мешавад. Кашидани нақша аз интихоби василаҳо ва таъйини равише барои расидан ба ҳадаф иборат аст. Бароварда сохтани ҳадаф марҳалаи сеюм ва иҷрои амалии ирода. мебошад, ки нисбат ба ду ҳалқаи аввал мушкилтар аст. Баъзе файласуфон вуҷуди иродаро дар инсон инкор кардаанд. Бархе вуҷуди иродаро эътироф карда бошанд ҳам, дар таърифи он ихтилофи назар доранд. Яке аз назарияҳои маъмул миёни онҳо ин аст, ки ирода маҳсули унсурҳое дар вуҷуди инсон ва ҳар мавҷуди зинда аст, ки дар амал ва аксуламал мутақобиланд. Назарияи дигар ин аст, ки ирода муҳаррики неруи шахсият дар инсон аст. Аз назари фалсафӣ ирода дар ҳайвонот ва тамоми мавҷудоти зинда вуҷуд дорад, вале он дар ғайри инсон, ғолибан, аз амалҳои нафсонӣ ва майлҳои ғаризӣ сарчашма мегирад. Вижагии ирода дар амалҳои инсонӣ он аст, ки метавонад аз ду маншаъ – шавқ ва ақл сарчашма гирад, вале на ҳама вақт ирода аз шавқ сарчашма мегирад, ба мисли иродаи хӯрдани доруи талх, ки танҳо аз дарки фоидаи он сарчашма мегирад. Қисме аз иродаҳои инсон аз назари моҳият ҳайвонӣ ва сирф ҳосили амалҳои нафсонӣ ҳастанд ва қисме дигар бо андешидан ҳамроҳ мебошанд, ки иродаи хосси инсонӣ таъбир мешаванд. Бо вуҷуди ин, вақте инсон кори хилофи майли худро бо тарҷеҳи ақлонӣ иродамекунад, он ба таври комил аз шавқ холӣ нест, балки дар чунин мавридҳо дар ниҳоди ӯ шавқе, ки ҳосили андеша ва тафаккур аст, бар шавқи дигар ғалаба кардааст. Аз ин ҷиҳат, шавқро ба таври куллӣ муқаддимаи зарурӣ барои иродадонистаанд.

Марҳалаҳои ташаккул ва бавуҷудоии феъли иродӣ: 1. Тасаввур (дарк)-и феъл. 2. Тасдиқ ба фоидаи он, хоҳ дар ҷалби манфиат бошад ё рафъи зиён. 3. Шавқ ба анҷом додани он феъл. 4. Тасмими қатъӣ барои анҷом додани он. 5. Неруи ҳаракатии бадан ё марҳалаи иҷрои он. Дар бисёре аз амалҳо тамоми ин марҳалаҳо пайи ҳам рӯх медиҳанд, ки фоил аз онҳо хабар намеёбад. Амалҳои содаи иродӣ аз ду ҳалқа ташкил ёфтаанд: ҳадафе пеши худ қарор додан ва амалӣ гардондани он. Мас., вақте донишомӯз аз канори мағоза мегузарад, тасмим мегирад ва ирода мекунад, ки қалам бихарад ва ҳадафашро босуръат амалӣ мекунад. Амалҳои печидаи иродӣ аз се ҳалқа ташкил шудаанд: ҳадафе пеши худ қарор додан, нақша ё тарҳи онро кашидан ва амалӣ кардани он. Таҳсил дар донишгоҳ, сафару ҷаҳонгардӣ, анҷоми корҳои тавлидӣ ва амсоли инҳо амалҳои печидаи иродӣ ба шумор мераванд.

Донишмандони садаи XX

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бештар бар асоси гароишҳои идеологии худ ба омӯзиши мавзӯи ирода пардохтаанд. Тибқи назарияи марксизми диалектикӣ, ирода яке аз мавзӯъҳои илми таҷрибӣ-физиологӣ ба шумор меравад ва бар ду асос бино ёфтааст: 1. И. ба монанди дигар унсурҳои равонӣ ва бахшҳои дигари шуури инсонӣ асоси физиологӣ ва замина дар феълу инфиолоти асабӣ дорад. 2. Ирода зимни фаъолиятҳои парвариши худӣ дар шахс бо назардошти шароити зиндагӣ, муҳити фаъолият, фазои иҷтимоӣ ва фарҳангии хориҷ ташаккул меёбад. Ба андешаи И. М. Сеченов, ирода аз самти фаъолияти асаб ва эҳсоси ахлоқии инсон иборат буда, ҳаракатҳо ва фаъолиятҳои ӯро танзиму назорат мекунад. Вокуниши иродии инсон дар муқобили ангезандаҳои хориҷӣ посухи шахсияти огоҳу комил ва асари фаъолияти неруи дарунии ҳамешафаъол дар инсон аст. Фаъол будани ирода шакли олии фаъол будан аст, ки дар он гузашта, ҳозира ва ояндаи шахс инъикос меёбад. Аз назари равоншиносони ғарбӣ, ирода аз навъе озодии интихоб бархӯрдор аст. Аз ин ҷост, ки гоҳе иродаи шахсе дар муқобили шароити иҷтимоӣ ва фикрӣ-фарҳангии мавҷуд дар ҷомеа кор ё равишеро интихоб ва дар пайи таҳқиқи он талош меварза[1].

Дар равоншиносӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ирода раванди психикии бошуурона идора кардани фаъолият мебошад, ки дар бартараф кардани душворию монеаҳои зоҳирию дохилӣ ҳангоми расидан ба мақсад ифода меёбад. Монеаҳои зоҳирӣ душвориҳои худи кор, мураккабии он, ҳар гуна садду монеаҳо, муқобалаи одамони дигар, шароитҳои душвори кор мебошанд. Монеаҳои дохилӣ чунин водоркунандаҳои субъективии шахсанд, ки ба иҷрои кори банақшагирифта халал мерасонанд ва одам дар ин ҳолат худро бо душворӣ барои кор кардан омода намуда, танбалӣ ва хастагиро ҳис мекунад. Вазифаи асосии ирода танзими бошууронаи фаъолият дар ҳолатҳои душвори ҳаёт мебошад. Асоси ин танзимро таъсири мутақобилаи равандҳои ангезиш ва аз фаъолият мондани силсилаи асаб ташкил медиҳанд. Ирода кӯшиши ҳадафмандонаи инсон буда, раванди муайяни тафаккурро тақозо менамояд. Пайдоиши тафаккур интихоби бошууронаи мақсад ва воситаҳои расидан ба онро ифода мекунад. Иродасифатҳои муайяни шахсро нишон медиҳад.

Ирода ба ҷаҳонбинӣ, боварӣ, ғоя ва маърифату маданияти шахс вобаста аст. Ҷиҳатҳои субъективии иродасифату меъёрҳои ахлоқӣ, қобилияту ҷаҳонбинӣ ва ҷиҳатҳои объективии он қонунҳои табиату ҷамъият, шароити муайяни ҳаёт мебошанд. Ирода бо тамоми бахшҳои дигари шуури инсонӣ ва унсурҳои таркибии равон, аз қабили ниёзмандиҳо, майлҳо, ормонҳо, эътиқодот, фаъолиятҳои фикрӣ, эҳсосот ва ғ. иртибот дорад. Вақте инсон барои коре боварии қатъӣ дошта бошад, метавонад онро бо иродаи қавӣ бомуваффақият анҷом диҳад. Иродаи қавӣ дар бисёр мавридҳо одамонеро, ки ормонҳои олӣ ва майлҳои амиқ доранд, аз дигарон фарқ мегузорад ва қотеияти онҳоро нишон медиҳад. Шахс дар таҳаммули фишорҳо ба иродаи қавӣ ниёз дорад ва он барои ҳофизаи иродавӣ, таваҷҷуҳи иродавӣ, тахайюли ибтикорӣ, тафаккур ва дигар фаъолиятҳои зеҳнӣ зарур аст. Эҳсосот дар иродаи инсон ду навъ таъсир мегузорад: агар эҳсосоти нек ва ҳаяҷонҳои мусбат бошанд, ба монанди шунидани хабари хуш ва сухани дилпазир, иродаи шахсро тақвият ва дар анҷоми корҳояш нишоту пӯёӣ мебахшад; эҳсосоти нохуш ва ҳаяҷонҳои манфӣ, ба мисли хабари нохуш ва сухани бад, мӯҷиби заъфи ирода, коҳиши таҳаррук, камфаъолиятӣ ва беҳавсалагӣ дар ӯ мегарданд. Шахсе, ки иродаи қавӣ дошта бошад, метавонад ҳаяҷони манфӣ ва эҳсосоти нохушро аз худ дур кунад ва ба ҳолатҳои равониаш тасаллут дошта бошад. Иродаи қавӣ ба ҳамон андоза, ки барои фаъолиятҳои назарӣ аҳаммият дорад, барои корҳои амалӣ низ муҳим мебошад. Ирода моҳиятан ба сохти ҷамъиятӣ, шароити муайяни таърихӣ вобаста буда, ба туфайли таъсири омилҳои гуногуни онҳо ташаккул меёбад ва дигаргун мешавад. Иродашахс дар муомила, муносибат, рафтор ва фаъолияти бошууру мақсаднок ифода меёбад. Ирода бо хислати шахс низ робитаи қавӣ дошта, монанди он тағйирпазир аст. Баъзе шахсон гирифтори заъфи ирода ҳастанд. Онҳо дар рафти анҷоми корҳо ба тасмимгирии қатъӣ ва бартарафсозии монеаҳо қодир нестанд. Ин натиҷаи он аст, ки баъзе унсурҳои ташкилдиҳандаи ирода дар рӯҳияи онҳо дуруст ташаккул наёфтааст. Ин гуна шахсонро дар байни мардум шахсони беирода мегӯянд. Иродаи ахлоқиро танҳо бо омӯзиши ҳаматарафа ва илмии мавзӯи ирода дар шогирдон, хурдсолон ва афроди таҳти тарбия дар оила метавон парвариш дод. Бинобар ин тарбияи насли навраси қавиирода, зираку ҳушёр ва содиқ ба халқу ватани худ дар шароити пуртазодди имрӯзи ҷаҳон вазифаи ифтихории волидайн, омӯзгорон, равоншиносон ва аҳли ҷомеа мебошад.

Мафҳуми ирода

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар фарҳанги исломӣ баҳсҳои фаровонеро дар ду заминаи феъли Худованд ва феъли инсон барангехтааст. Дар урфи ом коре дархӯри ситоиш ё накуҳиш аст, ки аз сари ирода сурат гирад. Аз ин рӯ, бозхости касе, ки бе ирода кори ношоистае аз ӯ сар задааст, хилофи мантиқ ва ҳикмат ба шумор меравад. Ин асли куллӣ мояи гуфтугӯҳои бисёр дар мавзӯи мукаллаф гаштани инсон гардидааст, зеро амру наҳй бояд ба мавҷуде тааллуқ гирифта бошанд, ки аз неруи И. бархӯрдор бошад ва масъули кори хеш шинохта шавад. Ваҷҳи дигари масъала иртиботи офаридгорӣ ва мавҷудият миёни Худо ва ҳамаи махлуқот ва мавҷудоти олам, мувофақа ё ҳамсозии иродаи инсон бо иродаи Худованд, яъне қарор доштани Иродаи инсон дар зимни иродаи Худованд аст. Иродаи лоҳӣ дар каломи исломӣ ба унвони яке аз сифатҳои Худованд шинохта шудааст. Назди бисёре аз муътазила ирода эътиқод ба нафъ ё гумон ба он дар чизе аст ва ба сифати қудрат наздик ё ҳаммаъно аст. Назди баъзе аз онҳо эътиқод ё гумон ба нафъи чизе ангеза (доия) номида мешавад ва ирода иборат аз майлест, ки пас аз он эътиқод ё гумон пайдо мешавад. Тибқи мазҳаби аҳли Суннат, ирода дар мавриди Худованд сифати зотӣ, вуҷудӣ, азалӣ ва бахше аз сифати илму қудрати Ӯ мебошад. Иродаи илоҳӣ назди ҳукамои исломӣ илми Ӯ ба тамоми мавҷудот аз азал то абад аст, бархилофи мутакаллимони ашъарӣ ва аксари муътазилаи Басра, ки иродаи Худованд назди онҳо сифате мустақил ва ғайр аз илму қудрати Ӯст. Дар фалсафаи исломӣ ирода дар ғайри Худованд яке аз ҳолатҳои нафс буда, баъзе ҳукамо онро дар шумори кайфиёт – ҳолатҳои нафсонӣ овардаанд. Ба гуфтаи Киндӣ, иродаи махлуқ қуввае нафсонӣ аст, ки аз ангезандае бармехезад ва ба амал мегарояд. Ангезанда ба назари ӯ, мартабае поинтар ва басит дар феъл ё фаъолияти зеҳнӣ аст ва хотир дар пайи он ба вуҷуд меояд ва ирода ҳолате бархоста аз хотир аст. Форобӣ мегӯяд: «Одамӣ умури мумкинро ихтиёр мекунад, аммо ирода он аст, ки бар номумкин низ тааллуқ тавонад гирифт, ба монанди иродаи шахс бар бемаргии хеш. Бинобар ин, ирода омтар аз ихтиёр аст, яъне ҳар ихтиёре ирода аст, аммо ҳар иродае ихтиёр нест». Ба гуфтаи ӯ, нахустин ирода ё мартабаи ирода шавқест, ки аз эҳсос пайдо шудааст ва марбут ба ҷузъи нузуъии нафс аст. Дар мартабаи баъд, ки нафс ба тахайюл медарояд ва ин тахайюл шавқеро дар пай дорад, ба дунболи иродаи аввал аз тахайюл ирода ё шавқи дуюм, ба вуҷуд омадааст. Пас аз ҳусули ин ду ирода нафси нотиқа асосҳои шинохти ақлиро аз ақли фаъол касб мекунад ва аз нотиқаи ӯ шавқи нафс ҳосил мешавад. Ин шавқ иродаи сеюм аст, ки онро ихтиёр номидаанд ва танҳо одамӣ ба он махсус гардонида шудааст. Ду иродаи аввал дар ҳайвони ғайри нотиқ падид оянд, аммо иродаи хосси одамӣ ҳамон аст, ки ӯро бар феълҳои неку бад тавоно месозад ва сазовори ситоиш ё накуҳиш мегардонад.

Ҳукамои исломӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Иродаи илоҳиро сифати зотии Ӯ донистаанд. Фарқи иродаи илоҳӣ аз иродаи махлуқ он аст, ки махлуқ дар иродааш ҷӯёи чизе аст, ки бо ёфтан ё доштани он худро комилтар мешуморад. Ҳукамо ин ҳолатро лозимаи ҳар гуна ҳаракати иродӣ дониста, онро истикмол – иродаи камолхоҳӣ ё худкомилгардонӣ таъбир кардаанд. Иродаи махлуқ ба он чӣ надорад, тааллуқ мегирад ва чун онро надорад, толиб – ҷӯёи он мешавад, дар ҳоле ки зоти илоҳӣ фоқиди чизе нест, ба чизе  ниёз надорад, то аз пайи ёфтани он барояд. Ба андешаи ҳукамои исломӣ илм ва Ирода Худо ду чеҳраи як ҳақиқатанд. Ба гуфтаи Садруддини Шерозӣ, илми Худо чанд мартабаву дараҷа дорад. Ибни Сино бар ин андеша аст, ки Худованд оламро офарида, дар ботини он қонунҳое гузоштааст, ки минбаъд тибқи ин қонунҳо инкишоф меёба[2].

  1. Луғати тоҷикӣ-русӣ. М. 1954; Кун Д. Основы психология: Все тайны поведения человека. СПб., 2004; Анастази А. Урбина С. Психологическое тестирование. СПб., 2006; Большая психологическая энциклопедия. М. 2007; Шапарь В. Б. Новейший психологический словарь. Ростов н/Д., 2007;
  2. الجرجاني علي ابن محمد الشريف. كتاب التعريفات. بيروت، ١٩٨٥؛ رسائل ابن عربي. تهران ۱۳۶۷ ش.؛ محمد علي التهانوي. كشاف اصطلاحات الفنون والعلوم، المجلد الاول. بيروت، ١٩٩٦؛ دائرة المعارف بزرگ اسلامي. جلد ٧. تهران، ١٩٩٨؛ دهخدا علی اکبر. لغتنامه. جلد ٧. تهران، ١٣٧٧ ش.؛ زمینه روانشناسیی هیلگارد، ترجمۀ محمد تقی براهنی. تهران، ١٣٨٥ ش