Jump to content

Манган

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Манган (лот. Manganum), Mn, элементи химиявии гурӯҳи VII ҷадвали Менделеев; рақами ат. 25, массаи ат. 54,9380; металли вазини сафеди нуқратоб. Манганро бори нахуст олими швед Ю. Ган с. 1774 дар натиҷаи гарм кардани омехтаи пиролюзит ва ангишт ҳосил намуд. Манган 0,1%-и қишри Заминро ташкил мекунад. Манган дар саноат бо усули электролиз, алоюминотермия ва электротермия ҳосил карда мешавад. Манган ва пайвастҳои он дар саноати металлургӣ, шишасозӣ, бофандагӣ ва ғ. истифода мегарданд. Ҳангоми бо пайвастҳои он кор кардан дар шакли гарду чанг, аэрозол ва буғ метавонад ба роҳи нафас ворид гардад. Пайвастҳои манган заҳрнок буда, ба силсилаи асабҳои марказӣ, ҷигар, шуш таъсири бад мерасонанд; бисёр аз пайвастҳои он боиси тағйироти патологӣ дар хун мешаванд. Барои пешгирии заҳролудӣ аз манган тоза нигоҳ доштани ҳавои ҷои кор, истифодаи респираторҳо, риояи қоидаҳои беҳдошти шахсӣ, пӯшидани либоси махсус муҳим аст.

Сбор и обработка вторичного сырья цветных металлов : Учебник для вузов по специальности «Металлургия металлов» / Г. А. Колобов, В. Н. Бредихин, В. М. Чернобаев. — М. : Металлургия, 1993. — 288 с.

Инҷоро ҳам бингаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи
Манган дорад
  1. (2016) «Atomic weights of the elements 2013 (IUPAC Technical Report)». Pure and Applied Chemistry 88 (3): 265–91. doi:10.1515/pac-2015-0305.
  2. Weast, Robert (1984). CRC, Handbook of Chemistry and Physics. Boca Raton, Florida: Chemical Rubber Company Publishing. pp. E110. ISBN 0-8493-0464-4.