Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мулк
Lathyrus sativus L.
Мулк (лот. Lathyrus sativus ) — гиёҳи яксолаест аз оилаи лӯбиёиҳо .
Баландиаш 30—100 сантиметр; пояи рост, барги мураккаб (аз 1 ҷуфт баргча иборат), гули бунафш, сурх, гулобитоб, сафеди кабудтоби бунафш, ғилофаки 2—6-тухма, тухми дорчинии холдор дорад.
Моҳҳои июн—июл гулу мева мекунад.
Мулк дар кишварҳои баҳри Миёназамин, Осиёи Хурд, Хитои Ғарбӣ, Ҳимолой ва ва кишварҳои собиқ Шӯравӣ (Қисми Аврупоӣ, Кавказ, Сибири Шарқӣ, Осиёи Миёна) кишт мешавад. Мулк дар Тоҷикистон аз замонҳои қадим маълум аст. Ҳоло онро бештар дар водиҳои Панҷ ва Ванҷ мекоранд. Мулки худрӯй маълум нест. Мулки мазрӯъ ба осонӣ худрӯй мешавад. Мулки мазрӯи худрӯй дар қаторкӯҳҳои Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ, Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ мерӯяд.
Мулк зироати ғизоию техникӣ ва хӯроки чорвост. Аз кишти омехтаи Мулк ва хӯшадорҳо хошоки хушсифат мегиранд. Орди дони Мулкро ба хӯроки чорво ҳамроҳ мекунанд. Сафедаи Мулкро чун ашё барои тайёр намудани пластмасса, локу ранг ва ғайра ба кор мебаранд.
Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 5, Ленинград, 1978.