Jump to content

Новхудо якум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Новхудо якум
Сардӯшӣ ва нишони остини новхудо якум дар Нерӯи дарёии Эрон
Кӯтаҳнивишт форсӣ: ناوخدا یکم
Кишвар  Эрон
Дараҷаи болотар Дарёдор
Дараҷаи пойинтар Новхудо дувум
Ҳамто

Новхудо якум (форсӣ: ناوخدا یکم‎) — дараҷае сардорӣ дар нерӯи дарёӣ, ки ҷойгоҳе болотар аз новхудо дувум ва пойинтар аз дарёдор дорад ва баробар бо сарҳанг дар нерӯҳои заминӣ ва ҳавоӣ аст[2].

Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи пойинтар:
Новхудо дувум

Новхудо якум
Дараҷаи болотар:
Дарёдор

«Новхудо» (форсӣ: ناوخدا‎ < порсии миёна: *nāv-xvatāi) ба маънои «фармондеҳи киштӣ; киштибон»[2] аз ду вожа сохта шудааст:

нов (порсии миёна: nāv- < порсии бостон: nāvam-киштӣ’ + худо (порсии миёна: xvatāi < порсии бостон: *hvatāya-сарвар’)[3].

Новхудо ҳамтои капитан (аз фр. capitaine < лот. capitaneus «сардор, саркарда») аст, ки дар кишварҳои урупоӣ аз садаи XVII ҳамчун дараҷаи фармондеҳони киштиҳои нерӯи дарёӣ ба кор меравад. Ин дараҷа дар Русия дар паи ислоҳоти низомии Пётри I дар соли 1713 ба кор гирифта шуд ва се рутба дошт: новхудо якум, новхудо дувум ва новхудо севум. Дар соли 1732 ин рутбаҳо барчида шуданд, вале дар соли 1751 дубора ҷорӣ шуданд ва то соли 1917 ба кор мерафтанд[4]. Ҳамин рутбаҳо 22 сентябри 1935 дар Нерӯи дарёии Иттиҳоди Шуравӣ ба кор гирифта шуданд ва ҳамакнун дар Нерӯи дарёии Русия низ ба кор мераванд.

Новхудо якум фармондеҳи новҳои дараҷаи якуме чун размнов, размнови мушакбар, нови ҳавопаймобар ва зердарёии атомӣ аст.

Ному нишони новхудо якум дар нерӯҳои дарёии бархе аз кишварҳои ҷаҳон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Новхудо якум дар Русия ва дигар кишварҳои русизабон ба русӣ: капитан первого ранга[5], дар Бритониё, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва дигар кишварҳои инглисизабон ба англ. Captain, дар Олмон ва дигар кишварҳои олмонизабон ба олмонӣ: Kapitän zur See[6], дар Испониё ва дигар кишварҳои испониёизабон ба исп. Capitán de navío («капитан де навио»), дар Португол ва дигар кишварҳои португолизабон ба португалӣ: Capitão de mar e guerra («капитау ди мар и герра») номида мешавад. Ин дараҷа дар НАТО бо коди OF-5 рамзгузорӣ шуда ва дар дигар кишварҳо ба забонҳои миллии онҳо номҳои худро доранд[7].

  1. Алиев Г. Г. канд. филол. наук. Персидско-русский и русско-персидский военный словарь / Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. — М.: Воениздат, 1972. — С. 284; 428. — 655 с. — 3 500 экз.
  2. 2.0 2.1 Сипаҳбад Муҳаммад Козимӣ. Фарҳанги вожаҳои низомӣ. – Теҳрон: Чопхонаи Артиши шоҳаншоҳӣ, 1355 (чопи дувум) – 440 саҳ.
  3. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1383. ISBN 978-600-6143-58-3. ҷ. 4, с. 2700.
  4. Капитан 1 ранга // Военная энциклопедия : [в 18 т.] / под ред. В. Ф. Новицкого … [и др.]. — СПб. ; [М.] : Тип. т-ва И. Д. Сытина, 1911—1915
  5. Рубинчик Ю.А. Персидско-русский словарь. - М.: Русский язык, 1970. — 1613 с.
  6. Шунков В., Гусев И., Тарас Д., Ядловский А. Награды, знаки различия и униформа Великой Отечественной войны. — М.: АСТ, 2015. — 256 с. — ISBN 978-5-17-086237-5.
  7. NATO codes for grades of military personnel 1992 (Edition 5). // Rank Maven. 15 августи 2017 санҷида шуд.
  8. Paratus 12–13. Regional Publications Ltd.. 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 июни 2022.
  9. Badges of rank. defence.gov.au. Department of Defence (Australia).
  10. OFFICER RANKS. rbdf.gov.bs. Royal Bahamas Defence Force. 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 май 2022.
  11. Rank of Navy & Equivalent Rank. navy.mil.bd.(пайванди дастнорас)
  12. Admiralty Ranks. navy.mindef.gov.bn. Royal Brunei Navy. 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 октябри 2022.
  13. Ranks and appointment. canada.ca. Government of Canada.
  14. Sümboolika: Mereväe Auastmed(эст.). mil.ee. Estonian Defence Forces.
  15. Ranks & Insignia. Join Indian Navy.
  16. Naval Service Rank Markings. military.ie. Defence Forces (Ireland).
  17. BADGES OF RANK. Official Jamaica Defence Force Website (2019).
  18. Defense Act of 2008 (3 September 2008).
  19. Pangkat (ms). mafhq.mil.my. Malaysian Armed Forces. 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2019.
  20. Badges of Rank. nzdf.mil.nz. New Zealand Defence Force. 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июли 2020.
  21. LIFE IN PN:RANKS. www.paknavy.gov.pk. Pakistan Navy Official Website.
  22. Grade militare (Military ranks)(рум.). defense.ro. Romanian Defence Staff.
  23. Čini in razredi(словен.). slovenskavojska.si. Slovenian Armed Forces.
  24. Rank Insignia. navy.mil.za. Department of Defence (South Africa). 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 май 2019.
  25. Branches/ Ranks. navy.lk. Sri Lanka Navy. 29 апрели 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 июни 2022.
  26. Nya gradbeteckningar införs. Försvarsmakten (1 октябри 2019).
  27. Millen, P.G. (June 1983). The Visiting Forces (Relative Ranks) Regulations (PDF). Wellington: Government of New Zealand. p. 49. Retrieved 26 September 2021. 
  28. Rank Chart (Commissioned Officers). 69.0.195.188. Trinidad and Tobago Defence Force.(пайванди дастнорас)
  29. Shaping your career. royalnavy.mod.uk. Royal Navy.