Оҳак
Оҳак — моддаи қобизи кимиёие, ки бо роҳи тафсонидани (ва коркарди минбаъдаи) оҳаксанг, бӯр ва дигар ҷинсҳои карбонатӣ ҳосил мекунанд. Аксар вақт аз мафҳуми оҳак оҳаки ношукуфта — СаО ва оҳаки шукуфта — Са(0Н)-ро мефаҳманд. Диrap намудҳои оҳак — оҳаки натропӣ (омехтаи Са(ОН)2 ва NaOH), ки дар противогазҳо, асбобҳои лабораторӣ (барои фурӯ бурдани С02) ба кор меравад ва оҳаки хлорнок — Са(ОС1)2, ки чун моддаи шустагарӣ ва безараркунанда истифода мешавад, низ маълуманд.
Оҳаки бинокорӣ то 95% СаО дорад. Онро дар натиҷаи сӯхтани (дар ҳарорати 1100—1300° Селсия) карбонатҳои калсию магний ҳосил мекунанд. Оҳак чун масолеҳи бинокорӣ аз қадимулайём маълум аст. Онро ҳатто 3000— 2500 сол пеш аз милод барои часпонидани сангу хишти иншоотҳо, андова кардани девор ва ғайра истифода мебурданд. Чунин омехта дар натиҷаи пайвасти гази карбонати таркиби ҳаво ва бухор шудани оби он карбонати калсий ҳосил карда, тадриҷан сахт мешавад:
Ca(OH)2 + CO2 → CaCO3 + H2O.
Оҳак вобаста ба таркиби химиявӣ ба оҳаки дар ҳаво сахтшаванда ва оҳаки гидравликӣ ҷудо мешавад. Оҳак дар ҳаво сахтшаванда асосан аз СаО ва MgO иборат аст. Оҳаки гидравликӣ бошад, ба ғайр аз СаО ва MgO, боз Si02, AI2O3 ва ҒегОз низ дорад. Оҳаки дар ҳаво сахтшаванда масолеҳи бинокор ва бетонро дар ҳавои хушк, вале оҳак гидравли ки онҳоро ҳам дар ҳаво ва ҳам дар об сахт мекунад.
Оҳакро дар сохтмон, металлургия, саноати химия, истеҳсолоти қанд, коғаз, шиша ва ғайра, инчунин дар хоҷагии қишлоқ барои тоза кардани об истифода мебаранд. Дар сохтмон аз он масолеҳи бинокорӣ (бетон, хишти силикати, сангҳои сунъии бинокорӣ, блокҳо ва ғайра) тайёр мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Волженский А В., Буров Ю. С., Колокольников В. С., Минеральные вяжущие вещества, Москва, 1966.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.