Jump to content

Пианино

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Пианино (ит. piano – кӯтоҳшудаи калимаи «фортепиано») — сози мусиқии торӣ-клавишиест аз навъи фортепиано.

Пианино дар охири а. XVIII ихтироъ шуда, баъдтар хеле дигаргун шуд ва дар нимаи а. XIX мукамал гардида, намуди ҳозираашро гирифтааст. Яке аз нишонаҳои хоси Пианино – ба тарзи амудӣ ҷой гирифтани рома (чорчӯба) бо торҳояш буда (дар роял торҳо дар ҳолати уфуқӣ ҷойгиранд), аз ин сабаб андозаи соз хурд асту ҷои камро ишғол мекунад. Клавиатураи Пианино як қадар баланд аст, нисбат ба роял, аз ҷиҳати техникаи навохтан ҳар ду соз ҳам пешрафтаанд. Аммо бо қувваи садодиҳӣ ва бо диапазони регистри болоӣ, назар ба Пианино роял афзалият дорад. Пианино бештар дар шароити хонагӣ истифода бурда мешавад.[1]

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.301. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)