Солиҷон Шарипов
Шарипов Солиҷон Шокирович | |
Кишвар: | |
Рутбаи нисзомӣ: | полковник ва colonel[d] |
Таърихи таваллуд: | 24 август 1964[1][2] (60 сол) |
Зодгоҳ: | |
Мукофотҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Солиҷон Шарипов (Шарипов Солиҷон Шокирович; тав. 24 августи 1964, шаҳри Узканд вилояти Ӯш, ҶШС Қирғизистон) — кайҳоннаварди тоҷик[3], Қаҳрамони Федератсияи Русия, Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солиҷон Шарипов 24 августи 1964 дар як хонаводаи тоҷик[4][5][6][7][8], дар шаҳри Узгени вилояти Ӯш, ҶШС Қирғизистон ба дунё омадааст.
Миллат
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар бораи миллияти ин шахсияти шинохта то ҳанӯз баҳсҳо зиёданд. Бобояш дар шаҳри Ӯротеппа таваллуд шудаву ба ӯзбекдухтар хонадор мешавад ва баъдан ба шаҳри Узканд вилояти Ӯш, ҶШС Қирғизистон мекӯчанд, дар ин минтақа миллатҳои гуногун зиндагӣ мекунан, вале дар шиносномаи ҳамаи онҳоро ӯзбек кардаанд, ва дар ин қатор падари ӯ Шокирҷон Шариповро низ ӯзбек навиштаанд. Солиҷон Шарипов то соли 1982 онҳо ҳамроҳ бо бобову падараш ба Уротеппаву Хуҷанд зуд меҳмон мешуданд.
Маҳз ба хотири тоҷик буданаш Солиҷон Шарипов дар қатори парчамҳои Қирғизистону Русия парчами Тоҷикистонро низ дар ҳайати шабакаи байналмиллалии кайҳонӣ бо худ бурд. Вақте аз осмон фуруд омад, президенти Қирғизистон ӯро пешвоз гирифту байрақи кишварашро қабул кард. Парчами Тоҷикистон бошад, то ҳанӯз дар хонааш ҳифз мешавад. Ва ӯ умед дорад, ки як рӯз онро ба осорхонаи кишвар супорад[3].
Таҳсилот
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1981 мактаби миёнаро хатм карда, ба Омӯзишгоҳи авиатсионии Оренбург рафт, аммо баъд аз донистани он, ки омӯзишгоҳ халабонҳои ҳавопаймоҳои бомбаандоз омода мекунад, на халабонҳои қиркунанда, ба он дохил намешавад.
Соли 1982 ӯ ба Артиши Шӯравӣ даъват карда шуд ва дар ҳайати техникии полки авиатсионӣ дар қаламрави Приморский хидмат кард. Аз артиш ба Омӯзишгоҳи олии низомии авиатсионӣ ба номи дукарата Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ С.И. Гритсевс дохил шуд. Баъди хатм дар соли 1987 дар ҳайати полки авиатсионии 716-уми НҲҲ ҳавзаи низомии Осиёи Марказӣ ҳамчун халабон-инструктор хидмат кард. Дар ҳавопаймоҳои навъҳои гуногун тақрибан 950 соат парвози умумӣ дорад.
Нишону ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қаҳрамони Федератсияи Русия (Фармон аз 13 сентябри соли 2005).
- Медали «Барои химдат ва омӯхтани кайҳон» (12 апрели соли 2011) [9]
- Ордени «Ак шумкар» Қаҳрамони Ҷумҳурии Қирғизистон, (Фармон аз 3 феврали 1998).
- Ордени «Барои хидмати барҷаста», (Ордени «Буюк хизматлари учун») (Ӯзбекистон, Фармони Президенти Ҷумуҳрии Узбакистон аз 29 апрели 1999).
- Ордени «Амир Темур» (Ӯзбекистон).
- 2 Медали «Барои парвози кайҳон» (NASA, сарфарозшуда дар 1998, 2005).
- Медали «Барои хидмати барҷастаи ҷамъиятӣ» NASA, 2005
- Медали «Дӯстии Қирғизистону Русия» (Қирғизистон, 2011).
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Солиҷон Шарипов. Сайти «Герои Страны».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 http://www.jsc.nasa.gov/Bios/htmlbios/sharipov.html
- ↑ Архив изобразительного искусства — 2003.
- ↑ 3.0 3.1 Парчами Тоҷикистон дар кайҳон(тоҷ.). Озодагон. www.ozodagon.com (6 Январ 2012). 23 Январ 2018 санҷида шуд.
- ↑ Космонавт Салиджан Шарипов установил государственный флаг Узбекистана на Северном полюсе(рус.). Озодагон. 23 Январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2018.
- ↑ Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз » Озодагон(тоҷ.). www.ozodagon.com. 23 Январ 2018 санҷида шуд.
- ↑ Салижан Шарипов: нас могли вернуть на Землю…. www.mosoblpress.ru. 23 Январ 2018 санҷида шуд.
- ↑ Юлия АНДРЕЕВА. Таджикистан – в космосе!(рус.). VIPперсона. Журнал VIPzone, № 4, 2011.. 23 Январ 2018 санҷида шуд.
- ↑ Акрами Санг. Тақдири кайҳоннвардони тоҷику афғон. Самак. www.faraj.tj (4 сентябри 2012). 23 Январ 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
- ↑ Указ Президента Российской Федерации от 12 апреля 2011 года № 436 «О награждении медалью „За заслуги в освоении космоса“»
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |