Jump to content

Томас Ҷефферсон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Томас Ҷефферсон
англ. Thomas Jefferson
Портрети Томас Ҷефферсон, ҳангоми сафараш дар Лондон, аз тарафи рассом Мэзер Браун
Портрети Томас Ҷефферсон, ҳангоми сафараш дар Лондон, аз тарафи рассом Мэзер Браун
4 марти соли 1801 — 4 марти соли 1809
Ноиби президент Аарон Бёрр
Ҷорҷ Клинтон
Пешгузашта Ҷон Адамс
Ҷонишин Ҷеймс Мэдисон
4 марти соли 1797 — 4 марти соли 1801
Президент Ҷон Адамс
Пешгузашта Ҷон Адамс
Ҷонишин Аарон Бёрр
22 марти соли 1790 — 31 декабри соли 1793
Президент Ҷор Вашингтон
Пешгузашта вазифа таъйин шуд
Ҷон Ҷей (чун вазири корҳои хориҷаи ИМА)
Ҷонишин Эдмунд Рэндолф
17 майи соли 1785 — 26 сентябри соли 1789
Президент нест (1785—1789)
Ҷорҷ Вашингтон
Пешгузашта Бенҷамин Франклин
Ҷонишин Уилям Шорт[en]
3 ноябри соли 1783 — 7 майи соли 1784
Пешгузашта Ҷеймс Мэдисон
Ҷонишин Ричард Ҳенрӣ Лӣ
парчам
2-умин губернатори Вирҷиния
парчам
1 июни соли 1779 — 3 июни соли 1781
Пешгузашта Патрик Ҳенрӣ
Ҷонишин Уилям Флеминг[en]
20 июни соли 1775 — 26 сентябри соли 1776
Пешгузашта Ҷорҷ Вашингтон
Ҷонишин Ҷон Харви[en]

Таваллуд 2 (13) апрел 1743[1]
Даргузашт 4 июл 1826(1826-07-04)[1][3][4][…] (83 сол)
Мадфан Монтичелло
Падар Питер Ҷефферсон (1708—1757)
Модар Ҷейн Рэндолф Ҷефферсон (1721—1776)
Ҳамсар Марта Уэйлс Скелтон Ҷефферсон
Фарзандон Марта Ҷефферсон Рэндолф,
Дуйн Рэндолф,
Мэри Уэйлс,
Люси Элизабет (1780—1781),
Люси Элизабет (1782—1785)
Ҳизб Ҳизби демократии ҷумҳурихоҳ
Таҳсилот
Фаъолият аграрӣ, ҳуқуқ[5], фалсафа[5], диплумосӣ[5] ва меъморӣ[5]
Эътиқод Додорбоварӣ ва Anglicanism[d]
Соядаст
Ҷоизаҳо
Мансубият англиканӣ (ҳангоми таваллуд) / бе номгӯи
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Томас Ҷефферсон (англ. Thomas Jefferson; тав. 13 апрели[6] 1743, Шедуэл, мустамлика Вирҷиния, Сенздаҳ мустамлика, Империяи Британия — 4 июли 1826, Шарлотсвилл, иёлати Вирҷиния, ИМА) — омӯзгор, адвокат, нависанда, дипломат, сиёсатмадор, файласуф, ихтироъкор, кишоварз 3-юмин Президенти ИМА (1801–1809), муаллифи Эъломияи Истиқлолият дар соли (1776).

Хидмати давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Муҷассамаи президентон Ҷорҷ Вашингтон, Томас Ҷефферсон, Теодор Рузвелт ва Абраҳам Линколн дар Маҷмаамаи миллии кӯҳи Рашмор

Ҷефферсон роҳбари кумита оид ба эҷоди Эъломияи истиқлоли ИМА буд. Ғайри ӯ дар кумита чор нафари дигар фаъолият мекарданд: Ҷон Адамс, Бенҷамин Франклин, Роҷер Шерман ва Роберт Р. Ливингстон. Дар яке аз вохӯриҳои кумита ин 4 нафар якдилона аз Ҷефферсон хоҳиш намуданд, ки ӯ худаш эъломияро бинависад. Китобхонаи Конгресси ИМА дар асоси коллексияи ӯ сохта шуд. Ҷефферсон бунёдгузори донишгоҳи Вирҷиния (University of Virginia) ва таҳиякунандаи барномаи аввалини ин донишгоҳ аст. Ҷефферсон губернатори иёлоти Вирҷиния (1779—1781), якум котиби давлати ИМА (1789—1795), дуюмин ноиби президент (1797—1801) ва сеюмин президенти ИМА (1801—1809) буд. Ҷефферсон ва Мартин Ван Бюрен — ягона сиёсатмадорҳои амрикоие мебошанд, ки бо тартиб ба вазифаҳои котиби давлатӣ, ноиби президент ва президентӣ расидаанд. Ӯ олими ҳаматарафа буд. Ба монанди агроном, меъмор, бостоншинос, палеонтолог, ихтироъкор, коллексионер, нависанда. Ҳамчун меъмор, Ҷефферсон ғайри биноҳо боз Капитолияи иёлоти Вирҷиния, донишгоҳи Вирҷиния ва ҳавли худро дар Монтичелло лоиҳасозӣ кардааст. Ҷефферсон чун як созандаи асосии доктринаи ҷудо кардани калисо аз давлат машҳур аст. Ҳангоми президентӣ, дар вақтҳои холигӣ Ҷефферсон Аҳди Ҷадидро бо варианти худаш манҳула карда, гӯё ки «Инҷили Ҷефферсон»-ро навишт. Чӣ тавре, ки Ҷефферсон худаш дар нома ба Ҷон Адамс менависад: «Он, чизе ки ба ман даст дод, — ин олитарин ва судмандтарин кодекси ахлоқ аст, ки замоне пешниҳоди башар шудааст». Соли 1904 Конгресси ИМА қарор қабул кард, ки ин заҳмат дар шакли чопи сангӣ нашр шавад. То миёнаи солҳои 1950 ин китоб ба ҳар як аъзои нави Конгресс тақдим мешуд.

Томас Ҷефферсон 13-уми апрели соли 1743 дар колонияи Вирҷиния дар хонаводаи наздик ба ашхоси барҷастаи Вирҷиния таваллуд шудааст. Вай сеюмин фарзанд аз ҳашт фарзанди хонавода буд. Падари ӯ Питер Ҷефферсон, нажодаш уэлсӣ, як кишоварз ва бозрасии кишоварзи графии Албемарл буд. Модари Ҷефферсон, Ҷейн Рэндолф духтари Ишем Рэндолф (нохудои киштӣ ва кишоварз) буд.

Замоне, ки полковник Вилям Рэндолф, дӯсти деринаи Питер Ҷефферсон, соли 1745 вафот кард, падари Томас вазъияти нигаҳдорӣ аз мазраъи Таккаҳо, амлоки Вилям ва писари хурдсоли вай Томас Менн Рэндолфро ба даст гирифт. Ҳамон сол хонаводаи Ҷефферсон ба Таккаҳо кӯч бастанд ва ба муддати 7 сол дар он ҷо монданд, то замоне, ки ба хонаи худ дар Албемарл бозгаштанд то дар он ҷо Питер ба мақоми баланде даст ёбад.

Дар соли 1752 Ҷефферсон ба мактаби маҳаллие, ки тавассути Вилям Дуглас идора мешуд рафт. Вай дар синни нӯҳсолагӣ шурӯъ ба хондани забонҳои фаронсавӣ, лотинӣ ва юнонӣ кард. Дар соли 1757 замоне, ки чаҳордаҳ сол дошт падараш даргузашт ва ба вай қариб 5000 акр замин ва теъдоди бисёри ғулом мерос расид. Ӯ хонаи худро дар он ҷо бино кард, ки баъдҳо бо номи Монтичелло шинохта шуд.

Баъд аз марги падараш ӯ солҳои 1758—1760 дар мадрасаи рӯҳонӣ Ҷеймс Морӣ (James Maury) ба таҳсил пардохт. Ин мадраса дар наздикии Гордонсвилл,19 км дуртар аз Шэдуэлл (ҷои ба воя расидаи Ҷефферсон), ҷойгир буд. Аз ин сабаб Томас дар оилаи Морӣ зиндагӣ мекард. Он ҷо Томас бо омӯхтани таҳсилоти классикӣ аз таърих ва улум низ бархӯрдор шуд.

Дар соли 1760 вай дар 16-солагӣ вориди коллеҷи Вилҳелм ва Мария шуд ва дар он ҷо ба таҳсили риштаи ҳуқуқ зери назари устод Ҷорҷ Вит пардохт ва сипас бо болотарин ифтихорот аз он ҷо фароғ-ут-таҳсил шуд. Дар донишгоҳи он ҷо дар донишкадаи фалсафа номнависӣ кард ва дар зери назари устоди худ Вилям Смолл ба мутолиаи риёзиёт, метафизика ва фалсафа пардохт. Вилям Смолл Томаси муштоқро бо навиштаҳои олим-эмпиристони бритониёӣ ба монанди Ҷон Локк, Исаак Нютон ва Френсис Бэкон ошно кард, ки Томас Ҷефферсон онҳоро «се тан бузургтарин мардоне, ки таърих замоне дидааст» хонд. Вай ҳамчунин ба навохтани ғижжак ва хондани Тасит ва Ҳомер рӯй овард. Ӯ дар соли 1762 бо олитарин баҳо донишкадаро хатм кард. Дар соли 1767 ба ҳайати вакили Вирҷиния пайваст.

Дар соли 1772 Ҷефферсон бо бевазани 23-сола Марта Вейлс Скелтон издивоҷ кард. Онҳо соҳиби шаш фарзанд шуданд: Марта Ҷефферсон Рэндолф (1772—1836), Ҷейн Рэндолф (1774—1775), писаре, ки баъди таваллуд фавтид (1777), Мери Вейлс (1778—1804), Люси Элизабет (1780—1781) ва Элизабет (1782—1785). Марта Ҷефферсон 6 сентябри соли 1782 дунёро падруд гуфт. Баъди марги ҳамсараш Ҷефферсон дигар издивоҷ накард. Вале, аниқ аст, ки Ҷефферсон аз ғуломи худ Салли Ҳемингс фарзанддор шуда буд. 

Замони сафирӣ дар Фаронса, Ҷефферсони занмурда дар Париж бо зани донишманди онвақта — Мария Косвей шинос шуд. Миёни онҳо муносибати наздики дӯстона ба амал омад. Ҷефферсон ва Косвей ба ИМА баргаштанд ва китобаткуниашонро то охири умр якҷо идома доданд.

Фаъолияти сиёсӣ дар солҳои 1774—1800

[вироиш | вироиши манбаъ]
Муаррифии лоиҳаи Эъломия ба Кумитаи панҷ Конгресс. Наққошии машҳури Ҷона Трамбулл

Дар сари табадуллот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Замони фаъолият чун адвокат, Ҷефферсон соли 1769 намояндаи палатаи Вирҷиния аз Элбермарли графӣ интихоб шуд. Баъди қабули парлумони Британияи Кабир дар соли 1774 (бо ибораи дигар Қарорҳои Расмии Таҳаммулнопазир, ки маҳдудияти худидоракунии колонияҳо ва ҳуқуқи имтиёзи чойро дар бар мегирифт), Ҷефферсон мақолаҳои бешумор ва қарори зидди онҳо навишт, ки дар китоби «Шарҳи умумии ҳуқуқ дар Амрикои Британӣ» (англ. A Summary View of the Rights of British America) ҷамъоварӣ шудаанд, ки ин аввалин кори ба нашррасидаи Ҷефферсон аст. Китоб хусусан тасдиқ кард, ки муҳоҷирини амрикоӣ бучуну чаро ҳуқуқи идоракунии худро доранд ва парлумони англис танҳо дар ҳудуди Британияи кабир ҳуқуқи ҳокимиятро дорад, на дар колонияҳои онҳо. Пас аз даъвати континентиалии аввалини конгресс кори Ҷефферсон барномае шуд, ки вакилони Вирҷинияро ба Конгресс муаррифӣ кард, мутаассифона бениҳоят радикалӣ пазируфта шуд. Ба ҳар ҳол, памфлет асосҳои назариявӣ дошт, ки барои эълони истиқлоли қонунӣ асос гузошт, ба Ҷефферсон бошад ҳамчун як ватандӯст ва сиёсатмадори солимфикр шуҳрат овард.

Муаллифи Эъломияи истиқлол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дере нагузашта баъди оғози ҷанги Амрико барои истиқлол дар рӯзҳои аввали июни соли 1775 Ҷефферсон дар конгресси континенталии дуюм, ки дар Филаделфия гузашт, вакил интихоб шуд.

Вақте бори охир дар июни соли 1776 қарордодии эълони истиқлол дида шуд, ҳал карда шуд, ки кумита барои омодасозии эъломияи пешбаранда таъсис дода шавад.

Ҷефферсон роҳбари кумита интихоб гардид, ғайри ӯ дар кумита чор нафари дигар буд: Ҷон Адамс, Бенҷамин Франклин, Роҷер Шерман ва Роберт Р. Ливингстон. Дар яке аз вохӯриҳои кумита ин 4 нафар якдилона аз Ҷефферсон хоҳиш намуданд, ки нусхаи аввалини эъломияро ӯ худаш бинависад, ба хотири он ки Ҷефферсон ҳамчун нависанда шинохта шуда буд.

Ғайр аз Ҷефферсон, ҳеч кадоме аз аъзоёни кумита инро муҳим намеҳисобиданд. Дар хонаи хиштбарории граафӣ Ҷефферсон, бо тавсияи аъзоёни кумита, нусхаи аввалини эъломияро навишт, ғайр аз лоиҳаи аҳолӣ ва лоиҳаи шахсӣ, ҳамчун намуна ӯ аз навиштаҳои Ҷорҷ Мейсон эъломияи вирҷиниягии ҳуқуқи инсон, ки аз тарафи амалдорони давлатӣ ирсол шуда буд, истифода мебурд.

Баъди иловаи якчанд тағйирот аз тарафи кумита лоиҳа 28 июни соли 1776 ба Конгресс пешниҳод шуд. 2 июл Конгресс барои истиқлол раъй дода, эъломияро тафтиш кард. Баъди музокираи дурӯза аз Эъломия қариб ҳамаи матни қисми чорум, инчунин масъалаи танқидоти ғуломдорӣ ва ғуломфурӯшӣ, ки хусусан нафрати худи Ҷефферсонро (новобаста аз он ки ӯ дар заминҳои кишварзии худ аз заҳмати бардаҳо истифода мебурд) оварда буд, ҳазф карда шуд. Бо вуҷуди он, варианти ҳосилшуда аз тарафи Конгресс 4 июли соли 1776 тасдиқ шуд.

Аз он вақт 4 июл ҳамчун ҷашни асосии ИМА – Рӯзи истиқлол ҷашн гирифта мешавад, муқаддимаи Эъломия бошад, маъруфтарин матн дар бораи инсоният, ки ба Ҷефферсон шуҳрати азим овардааст.

Қонунгузори иёлати Вирҷиния

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сентябри соли 1776 ба Вирҷиния баргашта, Ҷефферсон вакили палатаи созандаи Вирҷиния интихоб шуд. Ӯ тартиботи қонунҳоро ислоҳот ва таҷдид карда, ба стандарти кишвари демократӣ мувофиқ намуд. Дар тӯли се сол ӯ 126 лоиҳаи қонун, аз ҷумла дар бораи озодии эътиқодоти динӣ ва тартиботи системаи судӣ таълиф кард. Илова бар ин соли 1778 бо ташаббуси Ҷефферсон қонун дар бораи манъи овардани ғуломони нав ба Вирҷиния қабул шуд. Худи ҳамон сол лоиҳаи қонуни Ҷефферсон «Қонун барои вусъат ва густариши дониш» ба силсилаи ислоҳот дар донишгоҳи хеш ва хусусан дар ҷорӣ намудани нахустин системаи таҳсили интихобӣ овард. Боз Ҷефферсон лоиҳаи қонун дар бораи барҳам додани ҳукми қатл барои ҳама ҷиноят, ба ғайр аз куштор ва хиёнат ба Ватанро пешниҳод кард, аммо бо афзалияти як овоз ин лоиҳа рад карда шуд.

Губернатори Вирҷиния

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1779 Ҷефферсон губернатори иёлати Вирҷиния интихоб шуд. Соли 1780 бо ташаббуси ӯ барои наздик шудани пойтахт ба маркази иёлат пойтахт аз Вилямсбург ба Ричмонд кӯчонда шуд. Ҷефферсон ислоҳотро дар коллеҷи Вилям ва Мэрӣ идома медод, ки ташаббуси навбатиаш ҷорӣ шудани аввалин кодекси шаъни донишҷӯ дар кишвар буд. Бо дархости Ҷефферсон соли 1779 Ҷорҷ Вит - устоди Ҷефферсонро коллеҷ ба вазифаи профессори соҳаи ҳуқуқ даъват кард, ки аввалин миёни донишгоҳҳои кишвар буд. Вале норизогии суръати ислоҳот боис гашт, ки сонитар Ҷефферсон асосгузори Донишгоҳи Вирҷиния гардад, ҷое ки таҳсилоти олӣ бори аввал аз таҳсилоти динӣ ҷудо шуда буд.

Ҳангоми губернатори Вирҷиния будан, ду маротиба дучори ҳуҷуми артиши британӣ гардид. Июни соли 1781 Ҷефферсон, Патрик Ҳенрӣ ва дигар роҳбарони иёлот аз тарафи колоннаи кавалерӣ таҳти роҳбарии Бонастр Терлтон муҳосира карда шуданд ва онҳо тавонистанд бо душвории зиёд фирор намоянд. Ҷефферсон таъҷилан ба истеъфо рафт. Ҷамъият аз суръати пасти ваъдаҳои пешазинтихоботии ӯ норозигӣ мекарданд ва Томас Ҷефферсон дигар дар ягон вазифаи давлатии Вирҷиния интихоб нашуд.

Сафир дар Фаронса

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар солҳои 17851789 Ҷефферсон ба вазифаи сафирӣ дар Фаронса машғул буд, ки фаъолона ба шӯришгарони амрикоӣ ёрӣ мерасонд. Ҷои зисташ бошад, дар Майдони Елисей, буд ки дар ҷаҳон машҳур аст. Вазифаи Ҷефферсон мутобиқат ва пешрафти робитаҳои оянда миёни ду кишвар буд. Ин боис гашт, ки Ҷефферсон соли 1787 дар маросими қабули Конститутсияи ИМА иштирок карда натавонист, лекин онро пурра тарафдорӣ кард, нигоҳ накарда ба он, ки боб дар бораи Лоиҳаи қонун барои ҳуқуқҳо баъдан шомили конститутсия шуд. Мукотибаҳои Ҷефферсон тавассути омодакунандаи конститутсия, дӯст ва ҳамкори Томас Ҷеймс Мэдисон бурда мешуд.

Котиби давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Париж баргашта, Ҷефферсон аввалин котиби давлатӣ дар таърихи ИМА шуда, солҳои 1789—1793 дар кабинети якуми президент Ҷорҷ Вашингтон фаъолият кард. Дар ин мансаб мухолифати ҷиддии ӯ бо котиби хазинахона Александр Ҳамилтон барои сиёсати андоз, махсусан усули пардохти қарзи ҳарбиёни кишвар оғоз шуд. Он замон, чуноне ки Ҳамилтон меҳисобид, танзими пардохти қарзҳо бояд баробар ба буҷаи ҳар як иёлот сурат бигирад, Ҷефферсон тарафдори он буд, ки ҳар як иёлот бояд қарзи худро пардохт намояд (асосан барои он ки, иёлоти хеш Вирҷиния дар ҳақиқатан ҳам қарздор набуд). Дар оянда низоъ ба он оварда расонид, ки Ҳамилтон ва ҳизби федералистии ӯ Ҷефферсонро ба монархист, консерватор, иштиёқманд ва барҳамдиҳандаи пояҳои кишвар шабоҳат доданд. Ҷефферсон чанд дафъа ба такрор гуфта буд, ки федерализм баробармаънои роялизм аст. Бо ин гуна шарту шароит Томас Ҷефферсон ва Ҷеймс Мэдисон, ҳизби Демократ-Ҷумҳурихоҳонро ташкил дода, бо сохтани хати иттиҳод-ҷумҳурихоҳони худ дар тамоми кишвар бо федерализм мубориза бурданд.

Соли 1793 миёни Фаронса (сар задани инқилоб) ва Британияи кабир ҷанг оғоз шуд. Ҷефферсон пурра Фаронсаро дастгирӣ кардан мехост, вале бо президент Ҷорҷ Вашингтон дар боби дахл накардани ИМА ба корҳои аврупоӣ розӣ шуд. Ҳатто ба кӯшишҳои сафири Фаронса Эдмон-Шарл Жене барои кашидани пои ИМА ба ҷанг монеъ шуд ва аризаи шикоятӣ ба унвони Конгресс навишт.

Дар охири соли 1793 Ҷефферсон истеъфо дода, мухолифонро ба Вашингтон ва Ҳамилтон гузошту худ ба Монтичелло рафт. Соли 1794 бо кӯшишҳои Ҳамилтон Шартномаи Ҷей ба имзо расид, ки тибқи низомнома бо Британияи кабир боиси барпо кардани робитаҳои савдоӣ шуд. Ҷеймс Мэдисон, дар навбати худ, ин шартномаро танқид кард, ки аз тарафи Ҷефферсон дастгирӣ шуд.

Интихоботи президентии соли 1796 ва фаъолият дар вазифаи ноиби президент

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1796 Ҷефферсон номзадии худро аз ҳизби Демократ-Ҷумҳурихоҳон дар интихоботи президентӣ гузошт, вале аз тарафи федералист Ҷон Адамс мағлуб шуд. Ба ин нигоҳ накарда, шумораи овозҳои гирифтааш имкон дод, ки Ҷефферсон дар вазифаи ноиби президент фаъолият кунад. Қоидаҳои тартиботи гузаронидани парлумонро навишта, аз уҳдадориҳои баъдии раёсати Сенат ҷилавгирӣ кард.

Вақте ки Ҷанги-Квазӣ бе эълон миёни ИМА ва Фаронса шурӯъ шуд, идоракунандаҳои ҳизби федералистӣ бо роҳбарии президент Адамс омодагии шиддатнокро барои амалиёти ҷангӣ оғоз намуданд. Шумораи қушӯн ва флотҳо афзуда шуданд, андозбандии нав ҷорӣ шуд ва қабули қонунҳо барои муҳоҷирини нофорам ва фитнаангез, англ. Alien and Sedition Acts, ба президент имконият медод, ки шаҳрвандони кишварҳои бо ИМА дар низоъбуда ва шахсони хатарноки ҷаҳониро барои бехатар гардондани ватанаш аз кишвар бадарға намояд. Ҷефферсон ин қонунҳоро ҳуҷум ба ҳизби худ шумурда, ислоҳотҳои Вирҷиния ва Кентуккиро бо ҳамроҳии Мэдисон навишта ба қабули он ноил гаштанд. Тибқи ин ислоҳот эълон карда шуд, ки ҳукумати федералӣ ҳуқуқ ба иҷроиши ваколати ҳокимияти ин иёлотро надорад ва агар қарорҳои федералӣ инро ҳамчун ҳуқуқвайронкунӣ маҳкум намоянд, иёлот фаъолияти қонунҳои федералиро дар ҳудуди худ қатъ менамояд. Ин ислоҳотҳо асосҳои назариявӣ дар бораи ҳуқуқҳои иёлотҳоро асос гузошт, ки нишонаҳояш баъдтар соли 1860 дар ҷануби ИМА ва дар ҷанги шаҳрвандӣ дида шуд.

Интихоботи президентии соли 1800

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаи асосӣ: Интихоботи президентӣ дар ИМА (1800)

Соли 1800 Ҷефферсон тавонист ҳизбашро муттаҳид намояд ва бо Аарон Бёрр барои иштирок дар интихоботи президентӣ, омода гашт, алалхусус ӯ ба барномаи ҳизбӣ дар бораи андози зиёду сершумор такя мекард. Бо ин ҳама, чун анъанаи замона ӯ маъракаи пешазинтихоботиро пеш набурд. Нақшаи демократ-ҷумҳурихоҳон аз он иборат буд, ки яке аз интихобкунандагон як бор овоз диҳад ва дар ин сурат Ҷефферсон президент, ҳамкори ӯ бошад, Бёрр бо як овоз камтар ноиби президент мешуд.

Лекин ин нақша барабас рафту дар палатаи намояндагон барои федералистҳо (онҷо бартарият доштанд), интихоб миёни Ҷефферсон ва Бёрр пеш омад. Пас аз музокираҳои дуру дароз, Ҷефферсон президент интихоб шуд. Ба кабинети худ ӯ намояндагони ҳарду ҳизбро даъват кард ва ҳамкори деринаи худ Мэдисонро ба вазифаи котиби давлатӣ баргузид.

Президентӣ (1801—1809)

[вироиш | вироиши манбаъ]
Ёдгории Ҷефферсон дар Вашингтон

Дар лаҳзаи инаугуратсия Ҷефферсон озод буд ва барои амалӣ намудани барномаи сиёсии худ — масъулияти назди ҳукумати маҳаллӣ ва тақвият бахшидани нақши хоҷагии қишлоқ дар иқтисодро пешниҳод кард. Томас ҳамчунин демократикунонии ҳокимият, хусусан, даст кашидан аз карруфарро дар Қасри сафед, ки замони Адамс қабул шуда буд, дастгирӣ кард. Ҳизби муътабари демократ-ҷумҳурихоҳон дар Конгресси ҷадид ва нифоқ дар ҳизби федералистӣ байни Ҳамилтон ва Адамс ба Ҷефферсон имконияти фарох доданд, ки ягон маротиба аз вето (ҳуқуқи боздоштан ё бекор кардани нишондодҳои органҳои қонунбарор) дар марҳилаи президентии худ истифода набарад.

Дар роҳи расидан ба мақсади назорат аз болои Конгресс Ҷефферсон бо ҳизби федералистии Ҳамилтон созиш кард. Ҷефферсон дар сиёсати иқтисодии Ҳамилтон дахолат ба бонки миллӣ ва тарофаҳоро идома медод. Дар ивази ин федералистҳо зидди анҷоми муҳлати амали «Қонун дар бораи фитнаангезӣ» дар соли 1801 ва бекор кардани яке аз қарорҳо дар бораи ҳамроҳӣ намудани маҳбусҳои хориҷии озодшуда баромаданд.

Томас Ҷефферсон 4 июли соли 1826 дар Шарлотсвилл, на он қадар дуртар аз Монтичелло, баъди расо панҷоҳ сол аз қабули Эъломияи Истиқлол, якчанд соат пештар аз президенти қаблӣ ва рақиби асосии сиёсиаш Ҷон Адамс, ки охирин суханонаш ин буд: «Томас Ҷефферсон ҳоло зинда аст» аз дунё рафт.

Ҷефферсон дар Монтичелло дафн карда шудааст.

HERE WAS BURIED

THOMAS JEFFERSON
AUTHOR OF THE
DECLARATION
OF
AMERICAN INDEPENDENCE
OF THE
STATUTE OF VIRGINIA
FOR
RELIGIOUS FREEDOM
AND FATHER OF THE
UNIVERSITY OF VIRGINIA

BORN APRIL 2 1743 O.S.
DIED JULY 4 1826

Санги болои гури Томас Ҷефферсон
ИНҶО ДАФН ШУДААСТ

ТОМАС

ҶЕФФЕРСОН
МУЛЛИФИ
ЭЪЛОМИЯИ
ИСТИҚЛОЛИЯТИ

АМРИКО,

МУАЛЛИФИ
ҚОНУНИ ИЁЛОТИ ВИРҶИНИЯ
ОИД БА

ОЗОДИИ ЭЪТИҚОДОТИ ДИНӢ

ВА ПАДАР-АСОСГУЗОРИ
ДОНИШГОҲИ ВИРҶИНИЯ

ТАВАЛЛУД 2 АПРЕЛИ 1743
ВАФОТ 4 ИЮЛИ 1826

Рӯзи таваллуди ӯ бо тарҳи пешин қайд шудааст, ҳарчанд, ки Британияи Кабир ва мустамликаҳои амрикоӣ ба тарҳи нав аз соли 1752 бо ислоҳоти аввали соли нав гузашта буданд.

Ба он нигоҳ накарда, ки Ҷефферсон дар яке аз оилаҳои сарватманди ИМА ба дунё омада буд, пас аз маргаш, аз ӯ қарзҳои калон боқӣ монданд ва дороияш бо тариқи музояда ба фурӯш гузошта шуд. 552 акр (223 гектар) замин, ки ба Ҷефферсон тааллуқ дошт, соли 1831 аз ҷониби Ҷеймс Т. Барклӣ бо маблағи 7000 доллар харидорӣ шуд. Ҷефферсон васият кард, ки Монтичеллоро ба давлат мегузорад, ки то онҷо мактабҳо барои фарзандони афсарони фавтида бунёд намоянд.

Банкноти дудоллара
  • Дар ИМА ба хотири Ҷефферсон якчанд муҷассамаҳо гузоштаанд, округҳои якчанд иёлот низ ба хотири ӯ номгузорӣ шудааст.
  • Расми Ҷефферсон дар банкноти дудоллара ва тангаи панҷсента акс ёфта аст.