Тургут Озал
тур. Turgut Özal | |
| |
13 декабр 1983 — 21 декабр 1987 | |
Пешгузашта | Bülent Ulusu[d] |
Ҷонишин | Тургут Озал |
9 ноябр 1989 — 17 апрел 1993 | |
Пешгузашта | Kenan Evren |
Ҷонишин | Сулаймон Демирел |
20 сентябр 1980 — 14 июл 1982 | |
Пешгузашта | Turhan Feyzioğlu[d] |
Ҷонишин | Kaya Erdem[d] |
21 декабр 1987 — 9 ноябр 1989 | |
Пешгузашта | Тургут Озал |
Ҷонишин | Yıldırım Akbulut[d] |
|
|
Таваллуд |
13 октябр 1927[1][2][3][…] |
Даргузашт |
17 апрел 1993[1][2][4][…] (65 сол) |
Мадфан | |
Дудмон | Özal family[d] |
Ҳамсар | Semra Özal[d] |
Фарзандон | Ahmet Özal[d] |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Эътиқод | ислом ва суннӣ |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Тургут Озал ( тур. Turgut Özal ; 13 октябри 1927, Малатиё — 17 апрели 1993, Анкара ) — арбоби давлатӣ ва сиёсии Туркия. Президенти ҳаштуми Туркия. Ӯ дар давраи ҳокимияти худ аз соли 1983 то соли 1991 (аввал раиси Шӯрои Вазирон, баъд президент) буд. Ба шарофати ислоҳоти иқтисодй ММД-и Туркияро ба дараҷаи баланд бардошт, ки ин ба дараҷаи Имперотурии Усмонй дар соли 1908 баробар буд.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]13 октябри соли 1927 дар шаҳри Малатиё таваллуд шудааст. Падари Турғут корманди бонк, модараш дар мактаби ибтидоӣ муаллим шуда кор мекарданд. Пас аз чанд вақт, оила ба Силифке кӯчид. Тургут дар хурдсолӣ ҳавонавард шудан мехост. Ин орзуашро ҷароҳате, ки ҳангоми савор шудан ба асп гирифта буд ва дар натиҷа дасташро захмӣ кард пешгирӣ кард. Соли 1931 оила ба Согут кучида омад ва дар он ҷо Тургут ба таҳсил шуруъ кард ва дар Мардин маълумоти пурраи миёна гирифтааст. Мактаби олиро дар Куния ва Кайсари хатм кардааст. Ӯ дар Донишгоҳи техникии Истамбул таҳсил карда, онро соли 1950 ба ҳайси муҳандиси барқ хатм кардааст.
Оғози фаъолияти сиёсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1950 то соли 1952 дар Иёлоти Муттаҳида кор кардааст. Пас аз адои хидмат дар артиш дар Донишгоҳи техникии Ховари Миёна лексия хондааст. Пас аз бозгашт ба ватан дар ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ва корхонаҳои бахши хусусӣ кор карда, тадриҷан зинапояи касбро боло мебарад. Фаъолияти давлатии худро дар Вазорати энергетика ва захираҳои табиӣ оғоз кардааст. Дар солхои 1958—1959 дар тартиб додани нақшаи панчсолаи якуми тараққиёти иктисодй ва иҷтимоии Туркия иштирок дошт. Солҳои 1960-1961 дар Шӯрои илмию машваратии Вазорати мудофиа кор кардааст. Солхои 1966—1971 ба комиссияи давлатии нақшакашй рохбарй мекард. Аз соли 1971 дар ИМА, дар ҳайати Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд кор кардааст.
Соли 1979 ба вазифаи машваратчии иқтисодии сарвазир Сулаймон Демирел ва иҷрокунандаи вазифаи сардори Ташкилоти Давлатии нақшакашй буд.
14 сентябри соли 1980 ҷонишини сарвазири Б.Улусу оид ба масъалахои иқтисодӣ. 14 июли соли 1982 ба сабаби моҷарои молиявӣ аз ин вазифа истеъфо дод. 20 майи соли 1983 Ҳизби Ватанро таъсис дод. Дар интихоботи парлумонии соли 1983 ҳизби ӯ аз 400 курсии эҳтимолӣ 211 курсиро ба даст овард. Тургут Озал 45-умин сарвазири Туркия гардид. Дар интихоботи соли 1987 ҳизби ӯ 292 курсиро ба даст овард ва Озал бори дигар нахуствазир шуд.
Сӯиқасди бебарор
[вироиш | вироиши манбаъ]18 июни соли 1988, дар толори варзишии Отатурк, дар анҷумани Ҳизби Ватан, Картал Демираг сӯиқасд ба ҷони Озал кард ва ду тир холӣ кард ва дасти президент маҷрӯҳ шуд. Дар натиҷаи тирпарронй 18 кас ярадор шуд. Дар миёни захмиён вазир Имрен Айкут низ буд. Картал Демираг ба қатл ҳукм карда шуд, ки баъдтар он ба 20 соли зиндон иваз карда шуд. Озал дар давраи раёсати худ Картал Демирагро бахшид.
Президент
[вироиш | вироиши манбаъ]Бори аввал дар таърихи Туркия лозим омад, ки даври дуюми интихобот баргузор шавад. Дар даври аввал Тургут Озал 247 овоз ва рақибаш Фатҳи Челикбош 18 овоз гирифтанд. Дар даври дуюм Тургут Озал 256 овоз ва рақибаш 17 овоз гирифтанд.
9 ноябри соли 1989 Тургут Озал расман ҳаштумин президенти Туркия шуд. Муҳимтарин таҳаввулот дар минтақа дар замони раёсати ӯ ин тасарруфи Қувайт аз сӯи Ироқ буд; Тургут Озал Саддом Ҳусейнро ҳамчун хатар барои Туркия медонист. Дар ин робита Озал сиёсати ИМА-ро фаъолона дастгирӣ мекард. Вақте ки Озал мехост ба Мосул ва Киркук нерӯ фиристад, Сарфармондеҳи олии Туркия Несип Торумтай пеш аз мӯҳлат истеъфо дод.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Озал бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон робита барқарор кард. Озал инчунин консепсияи сиёсати хориҷиро пешниҳод кард, ки дар натиҷа Туркия бояд пешвои минтақавӣ шавад. Ба шарофати ислоҳоти ӯ Туркия ба комёбиҳои баландтарини иқтисодӣ ноил гардид. Ӯ ҷонибдори иқтисоди бозори озод буд.
Охири умр
[вироиш | вироиши манбаъ]17 апрели соли 1993, дарҳол пас аз сафари расмии худ ба Озарбойҷон, Тургут Озал ногаҳон аз сактаи дил вафот кард [5] .
Дар маросими дафн аз тамоми манотиқи Туркия мардуми зиёде ҷамъ омада буданд. Маросими дафн ба таври мустақим пахш шуд. Омадани Ҷорҷ Буш дар назар буд. Озал васият кард, ки ӯро дар Истамбул ба хок супорад, Моҳи ноябри соли 1996 расонаҳои Туркия видеоеро нашр карданд, ки дар он раҳбари ҷудоиталабони курд гуфта буд, ки Озалро хадамоти махсуси Туркия заҳролуд кардаанд, зеро 15 апрели соли 1993 бо курдҳо дар мавриди ҳалли низои мусаллаҳона розӣ шуда буд ва ба дар ин бора 17 апрел ба таври оммавй эълон кард. Бевазани раисиҷумҳур тақозо кард, ки парванда бознигарӣ шавад, вале шикояти ӯ бе натиҷа боқӣ монд.
2 октябри соли 2012 дар Истамбул ба берун кардани ҷасади Тургут Озал барои ҷустуҷӯи заҳр дар он шурӯъ карданд [6] . Рӯзи 2 ноябр эълон шуд, ки табибони турк дар ҷараёни таҳқиқоти лаборатории боқимондаҳои ҷасади Тургут Озал осори як моддаи нодир - стрихнин - кератин пайдо карданд ва ба хулосае омаданд, ки Озал бо он заҳролуд шудааст [7] . Маълумот дар бораи стрихнин расман тасдиқ нашудааст. Дар миёнаҳои моҳи декабри соли 2012 маълум шуд, ки дар боқимондаҳои сиёсатмадор 4 намуди моддаҳои зараровар – америкум, полоний, кадмий ва ДДТ ёфт шудааст[8] .
Хотира
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дар Алма-Ато ( Қазоқистон ) кӯчаи Тургут Озал (собиқ кӯчаи Бауман) мавҷуд аст.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- [1]
- Суиқасд ба ҷони Озал дар YouTube
- Яке аз баромадҳои машҳур дар YouTube
- « Новое время » 1984, № 1
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
- ↑ Brozović D., Ladan T. Hrvatska enciklopedija (хорв.) — LZMK, 1999. — 9272 с.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Soncan, Emre. ‘People’s president Özal’ commemorated at his grave [http://www.hurriyetdailynews.com/turkish-president-ozals-death-suspicious-state-audit-board-.aspx?pageID=238&nID=23053&NewsCatID=338.html], Today's Zaman (18 апрели 2007). Бойгонӣ шудааст 28 Декабри 2007 сол. Проверено 14 августи 2008.
- ↑ В Турции будут искать яд в останках бывшего президента
- ↑ Тургут Озал был отравлен редким ядовитым веществом
- ↑ В останках президента Турции нашли четыре вида ядов, Вести.ру (12 декабря 2012). Проверено 12 Декабри 2012.
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони 13 октябр
- Зодагони соли 1927
- Зодагони Малатиё
- Даргузаштагони 17 апрел
- Даргузаштагони соли 1993
- Даргузаштагони Туркия
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Президентҳои Туркия
- Сарварони Аврупо асри XXI
- Ҳукуматдорони Туркия
- Сиёсатмадорони Туркия
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо