Қафқози Ҷанубӣ
Қитъа | Осиё |
---|---|
Кишвар | |
Мавқеият | Қафқоз |
Ҳаммарз бо | Middle East[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Закавказия [1][2] (арманӣ. Անդրկովկաս, озарбойҷонӣ: Cənubi Qafqaz, гурҷӣ: სამხრეთი კავკასია ё Қафқози Ҷанубӣ, Транскавказия, Трансқафқоз) — минтақаи геополитикии воқеъ дар сарҳади Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Ғарбӣ, ки ҷануби қаторкӯҳи Асосӣ, ё Обтақсимкунандаи Қафқози Бузург ҷойгир аст.
Закавказия қисми зиёди нишебии ҷанубии Кавкази Бузург, пастии Колхиз ва нишебии Кура, Кавкази Хурд, қисми шимолу шарқии баландкӯҳи Арманистонро [3], кӯҳҳои Талишро бо пастиҳои Ланкарон дар бар мегирад. Кишварҳои дар дохили Закавказйе ҷойгирёфта: Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон. Дар ҳаминминтақа кишварҳои нима-эътирофшуда низ ҷойгиранд: Ҷумҳурии Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ, ки истиқлолашоназ ҷониби Русия ва як қатор кишварҳои дигар эътироф гардидааст, инчунин Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳии эътирофнаёфта. Закавказия дар шимол бо Федератсияи Россия, дар ҷануб бо Туркия ва Эрон, дар ғарб бо Баҳри Сиёҳ, дар шарқ бо Баҳри Каспий ҳамсарҳад аст. Масоҳати Закавказия 190 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад [4].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Закавказье // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
- ↑ Transcaucasia, Russian Zakavkazye Britannica
- ↑ Аллен У., Муратов П. Битвы за Кавказ. История войн на турецко-кавказском фронте. 1828—1921 / Пер. с англ. Шаблон:Ы. — М.: Центрполиграф, 2016. — С. 7-12. — 606 с. — ISBN 978-5-9524-5203-9.
- ↑ Кавказ. 6 май 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2018.