Jump to content

ABBA

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
ABBA
Иттилооти асосӣ
Жанрҳо мусиқии поп, поп-рок[d], аврупоп[d], аврудиску[d], мусиқии рақсӣ, глэм-рок[d] ва music of Sweden[d]
Аз куҷо Стокҳолм
Лейблҳо Polydor Records[d][1], Polar[d][1], Atlantic Records[d][1], Epic Records[d][1], Universal Music Group[d][1], RCA Records[d][1], Polar Music International AB[d][1], Vogue[d][1], Tonpress[d][1], RSO Records[d][1], Мелодия[d][1], CBS[d][1], Dynamic Sounds Studio[d][1], Carnaby Music[d][1], Amiga[d][1], Unidisc Music[d][1], WEA[d][1], PolyGram[d][1], PolyGram Polska[d][1], Philips Records[d][1], Karussell[d][1], Opus[d][1], Dig-It[d][1], Som Livre[d][1], K-tel[d][1], EMI[d][1], Castle Communications[d][1], Hallmark Records[d][1], Polskie Nagrania Muza[d][1], Team Mariann Compilation[d][1], Pickwick[d][1], Telstar[d][1], Dino Entertainment[d][1], Tower Records[d][1], Gallo Record Company[d][1], PGP-RTB[d][1], not on label[d][1], Vene Music[d][1], Universal Music Enterprises[d][1], World Music Network[d][1], BBC Transcription Services[d][1], CAR Juke Box[d][1], RCA Victor[d][1], Playboy Records[d][1], United States Department of Defense[d][1], Balkanton[d][1], Universal Music Denmark[d][1], Disques Vogue[d][1] ва Aftonbladet[d][1]
Ҳайат
abbasite.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

ABBA («А́ББА») — як гурӯҳи мусиқии попи суэдӣ аст, ки дар соли 1972 дар Стокҳолм тавассути Агнета Фалтског, Бёрн Улвейс, Бенни Андерссон ва Анни-Фрид Лингстад таъсис ёфтааст. Номи гурӯҳ ихтисораи ҳарфҳои аввали номҳои онҳост. Онҳо ба унвони яке аз бузургтарин гурӯҳҳои мусиқӣ дар тамоми даврон шинохта мешуданд, ба яке аз муваффақтарин осори тиҷорӣ дар таърихи мусиқии омма табдил шуданд ва аз 1974 то 1983 дар садри ҷадвали ҷаҳонӣ қарор гирифтанд. Онҳо 44 такоҳанги муваффақ ба даст овардаанд.

Олбумҳои АББА дар маҷмӯъ беш аз 370 миллиюн нусха фурӯш доштааст. Ин гурӯҳ дар сентябр 2021 аз пайвастани дубораи аъзо ба ҳам ва шурӯъи фаъолияти дубораи ҳунарии гурӯҳ баъд аз 40 сол бо интишори як олбум хабар доданд.

Дар соли 1974, ABBA аввалин пирӯзи озмуни Eurovision дар Суэд бо суруди «Waterloo» буд, ки дар соли 2005 ҳамчун як таронаи беҳтарин дар таърихи озмун дар доираи ҷашни 50-солагии ин озмун интихоб шуда буд[2].

Ин гурӯҳ тавассути ду завҷ ташкил шуд ва яке аз пурфурӯштарин гурӯҳҳои таърих аст. Ин гурӯҳи суэдӣ дар соли 1972 бо ҳузури Бенни Андерссон ва Бёрн Улвейс оҳангсозони гурӯҳ ва ба ҳамроҳи Анни-Фрид Лингстад ва Агнета Фалтског хонандагони гурӯҳ, дар Стокҳолм шакл гирифт ва то сол 1983 ба фаъолияти худ идома дод.

Ҷудоии ин гурӯҳи пуртарафдор бо аз ҳам ҷудо шудани завҷи Бёрн ва Агнета оғоз шуд ва гарчи завҷи дигар саъй дар нигаҳдории гурӯҳ карданд, аммо бо ҷудоии он ду низ аз ҳам гурӯҳ бидуни фаъолият монд ва умеди тарафдорони гурӯҳро барои идомаи фаъолиятшон аз байн бурд. Ин гурӯҳ ҳанӯз ҳам ба унвони яке аз пурфурӯштарин гурӯҳҳои поп дар кулли таърих матраҳ мешавад ва халлоқияти ин гурӯҳ дар он замон дар заминаи худашон ба қадре боло буд, ки рекурди фурӯшро ҳатто дар Амрико заданд. Оҳангҳои муаррифи ин гурӯҳ аз ҷумла Gimme! Gimme! Gimme!, Dancing Queen, SOS ва ғайра ҳанӯз ҳам шунида мешавад. Бисёре аз оҳангҳои ин гурӯҳ мавриди бозхонӣ қарор гирифтааст.

Албумҳои истудиёӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Албумҳои консертӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]