Бурдори мавҷ
Бурдори мавҷ, вектори мавҷӣ, — бурдори k, ки самташ ба самти паҳншавии (ҷабҳаи фазавӣ)-и мавҷи давон мувофиқат карда, бузургии мутлақаш ба адади мавҷӣ баробар мебошад. Бузургии Бурдори мавҷ-ро бо м-и баръакс (СИ) ё см-и баръакс (СГС), яъне бо рад бар м ё рад бар см чен мекунанд. Адади мавҷӣ бо дарозии мавҷ λ бо таносуби вобастагӣ дорад. Вобастагии В.м. ва басомадро қонуни дисперсия муқаррар мекунад. Тамоми қиматҳои имконпазири Бурдори мавҷ фазои баръакс ё k-фазоро ҳосил мекунанд. Тавсифи умумии Бурдори мавҷ-ро чунин маънидод менамоянд: Бурдори мавҷ градиенти фазаи мавҷ, яъне k = grad φ мебошад. Барои мавҷи комилан ҳамвори монохроматӣ ҳангоми паҳншавӣ дар муҳити якҷинса Бурдори мавҷ доимӣ боқӣ мемонад, яъне ба координатаҳову вақт вобаста нест. Дилхоҳ мавҷи комилан монохроматиро дар муҳити якҷинса чун ҳосили ҷамъ (интеграл)-и мавҷҳои ҳамвори дорои Бурдори мавҷ тасвир кардан мумкин аст, ки бузургии якхелаи мутлақ доранд (вале самтҳояш гуногун аст, агар мавҷ ҳамвор набошад). Вале дар баъзе ҳолатҳо (масалан, ҳангоми истифодаи интеграл аз рӯйи траектория, инчунин баъзан дар мавриди истифодаи усулҳои дигари математикӣ) Бурдори мавҷ дар фазов ва бо мурури замон хеле зуд тағйир меёбад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вектори мавҷӣ // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.