Абдулфаттоҳи Ғоиб
Саидов Фаттоҳ Ғоибович | |
Таваллуд |
18 октябр 1962 (62 сол) |
Абдуфаттоҳи Ғоиб[1] (қаблан Саидов Фаттоҳ Ғоибович; тав. 18 ноябри 1962, деҳаи Гичовак (Хушобак)-и ноҳияи Данғара) — ходими давлатӣ, генерал-майори адлия.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаттоҳ Саидов соли 1962 дар деҳаи Хушобаки ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Соли 1984 факултети иқтисодии Донишгоҳи милии Тоҷикистонро бо баҳои аъло хатм мекунад. Фаъолияти кориро дар шуъбаи мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодии корҳои дохилии яке аз ноҳияҳои Душанбе шурӯъ кардааст. Сипас мактаби олии милиса дар шаҳри Саратови Русияро хатм мекунад. Солҳои 1994—1995 барои кор ба шуъбаи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи вазорати умури дохилаиТоҷикистон даъват мешавад. Соли 1996 сардори бахши мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии шуъбаи умури дохилаи ноҳияи Исфара таъйин мешавад. Аз соли 1998 то 2002 фаъолиятро ба ҳайси сардори шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳи иқтисодии Идораи умури дохилаи шаҳри Душанбе идома медиҳад. Аз соли 2004 то соли 2009 дар вазифаи сардори Раёсати корҳои дохилаи пойтахт кор мекунад. Моҳи июни соли 2009 бо фармони раиси ҷумҳурии Тоҷикистон директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон таъйин мешавад. Ойиладор. Соҳиби 5 фарзанд.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Самӣ Шариф — Шарифхон Самиев, Абдуфаттоҳи Ғоиб — Фаттоҳ Саидов (6 феврал 2014) http://www.ozodagon.com/14751-sami-sharif-sharifhon-samiev-abdufattohi-goib-fattoh-saidov.html
- ↑ Ф.Саидов: «Аз таҳдид тарсе надорам» 31.01.2012 http://www.ozodi.org/content/article/24468688.html