Абдухолиқ Набавӣ
Набиев Абдухолиқ Мирзоевич | |
Таърихи таваллуд | 20 ноябр 1946 (77 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Абдухолиқ Набавӣ (Набиев Абдухолиқ Мирзоевич; 20 ноябри 1946, деҳаи Ревад, ноҳияи Айнӣ) — адабиётшинос ва мунаққиди тоҷик, номзади илмҳои филологӣ (1981), дотсент (1984). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1984).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]20 ноябри соли 1946 дар деҳаи Ревади ноҳияи Айнии вилояти Ленинобод дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Соли 1963 пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш ба бахши таъриху филологияи Институти омӯзгории Хуҷанд ба номи С. М. Киров дохил шуда, соли 1967 таҳсилро ба поён мерасонад.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 1967 муаллими кафедраи адабиёти тоҷики Институти омӯзгории Хуҷанд ба кор пазируфта мешавад. Солҳои 1967—1968 хидмати ҳарбиро адо карда, сипас ба донишгоҳ бозмегардад ва аз соли 1968 то нимаи соли 1984 дар кафедраи адабиёти тоҷик ба сифати муаллими калон ва дотсенти кафедра ифои вазифа менамояд. Ҳамзамон бо кори омӯзгорӣ чанде ба сифати котиби масъули рӯзномаи бисёртиражаи «Маҳорати педагогӣ» низ фаъолият дошт.
Соли 1981 дар мавзӯи «Масъалаи психологизм дар насри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ карда, сазовори унвони номзади илми филология гаштааст. Аз соли 1984 то ба ҳол ходими калон ва сипас ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон мебошад.
Солҳои 2006—2012 ходими адабии рӯзномаи «Баҳори Аҷам», ҳамзамон аз 2006 то ба ҳол узви ҳайати мушовираи маҷаллаи «Фарҳанг» ва аз 2009 то ба ҳол узви ҳайати мушовараи маҷаллаи «Номаи пажӯҳишгоҳ»[1] мебошад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]То имрӯз наздик ба 250 мақолаи илмиву оммавӣ таълиф намудааст, ки бештарашон хусусияти интиқодӣ дошта, дар онҳо масъалаҳои муҳимми раванди адабӣ, амсоли марҳалаҳои тасвири бадеии инсон дар адабиёти муосири тоҷик, ҷараёни ташаккулу таҳаввули равонковии бадеӣ ва амиқрафти ҳунари воқеънигорӣ, поэтика ва сабки нигориш, тазоҳуру ташаккули фардияти эҷодӣ ва ҷанбаҳои гуногуни рӯзгору осори удабои тоҷик, амсоли Устод Айнӣ, Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Раҳим Ҷалил, Пӯлод Толис, Фазлиддин Муҳаммадиев, Ҷумъа Одина, Урун Кӯҳзод, Сорбон, Муҳиддин Хоҷаев, Саттор Турсун, Атахон Сайфуллоев, Аскар Ҳаким ва як дигарон мавриди таҳқиқу таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд[2].
Мақолаҳояш ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, ҳамчунин дар нашрияҳои Эрон ба табъ расидаанд.
Фаъолияти адабӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдухолиқи Набавӣ ба тарҷумаи осори бадеӣ низ машғул шуда, чанд ҳикояи А. П. Чехов ва И. С. Тургенев, чанд очерку маколаи адабиётшиносиро ба тоҷикӣ баргардондааст. Дар таҳияи маҷмӯаи «Бойчечакҳои Помир» (Киев, 1988, ба забони украинӣ) ва «Куллиёт»-и сеҷилдаи Фазлиддин Муҳаммадиев (1989—1991) иштирок доштааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соли 2017 барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.
Китобҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Садриддин Айнӣ ва инкишофи насри реалистии тоҷик. — Душанбе: Нашриёти ҷамъияти «Дониш», 1978.
- Проблема психологизма в таджикской советской литературе. АКД. — Душанбе,1981.
- Эҷоди бадеӣ, инсон ва замон. — Душанбе: Ирфон, 1983.
- Тасвири олами ботинии инсон ва нависанда. — Душанбе: Адиб, 1987.
- Адабиёт ва нақди адабӣ. — Душанбе: Адиб, 1993.
- Нарзуллои Бектош ва илму адаби солҳои 20-30. — Душанбе: Ирфон, 2004.
- Таърихи ташаккули Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. — Душанбе: Адиб, 2004.
- Достони об ё Обнома. — Душанбе: Адиб, 2004.
- Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ ва фарҳанги рӯзноманигорӣ. — Душанбе: Эҷод (Вазорати фарҳанги Тоҷикистон), 2007.
- Ҷусторҳо ва ибтикорот дар наср. — Душанбе: Адиб, 2009. — 20 ҷ.т.
- Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ. — Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2010. — 9 ҷ.т.
- «Бухорои шариф» сароғози мутбути миллии тоҷикӣ. — Душанбе: Бухоро, 2012.- 11, 5 ҷ.т.
- Ҷанги ватанӣ ва афкори адабии тоҷикӣ. — Душанбе, 2015 (бо илова ва таҳрири тоза).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Пажӯҳишгоҳи форсӣ-тоҷикии назди сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон.
- ↑ Абдухолиқ Набавӣ. navisandagan.tj. 19 ноябри 2021 санҷида шуд.