Абдуқодири Абдуқаҳҳор
Ном ҳангоми таваллуд | Талбаков Абдуқодир Абдуқаҳҳорович |
---|---|
Таърихи таваллуд | 15 декабр 1967 (56 сол) |
Зодгоҳ | деҳаи Баҳористон, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Пеша | рӯзноманигор |
Ҷоизаҳо |
Абдуқодири Абдуқаҳҳор (Талбаков Абдуқодир Абдуқаҳҳорович; тав. 15 декабри 1967, деҳаи Баҳористон, ноҳияи Фархор, вилояти Кӯлоб) — рӯзноманигори саршиноси тоҷик. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдуқодир Талбаков 15 декабри соли 1967 дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Фархори вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумиро солҳои 1975—1985 дар мактаби миёнаи умумии № 19-и зодгоҳаш гирифтааст. Солҳои 1987—1989 дар саффи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адои хидмати ҳарбӣ кардааст. Соли 1995 Факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдуқодири Абдуқаҳҳор фаъолияташро аз Телевизиони Тоҷикистон оғоз карда, беш аз 10 сол дар онҷо кору фаъолият кардааст:
- 1995—1998 — муҳаррири саридораи «Ахбор»-и Телевизиони Тоҷикистон;
- 1998—1999 — муҳаррири калони идораи иттилооти-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 1999—2001 — муовини сармуҳаррири идораи иттилоотӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 2001—2002 — сармуҳаррири идораи иттилоотӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 2002—2002 — муҳаррири идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 2002—2004 — шореҳи идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 2004—2005 — муҳаррири варзидаи барномаҳои «Субҳ», сармуҳаррири идораи барномаҳои иттилооти-таҳлилӣ ва муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳлилии Телевизиони Тоҷикистон;
- 2006—2012 — директори Радиои Тоҷикистони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 2012—2014 — сарварии Муассисаи давлатии телевизиони «Пойтахт»;
- 2014—2015 — сардори шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;
- 2015—2023 — директори Китобхонаи марказии шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ[1][2][3].
Вакили Маҷлиси вакилони халиқи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе даъвати чорум мебошад. Дар таҳияи чандин филмҳо нақш дорад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 2010 бо ордени Шараф дараҷаи 2 қадрдонӣ шудааст.
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Оиладор, соҳиби 3 фарзанд: 2 духтар ва як писар аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ РАО/РО. Абдулқодири Абдуқаҳҳор раиси Китобхонаи Лоҳутӣ шуд(тоҷ.), Радиои Озодӣ (19 май 2015). Проверено 6 марти 2023.
- ↑ Мӯъмин Аҳмадӣ. Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, аз мақомаш истеъфо дод(тоҷ.), Радиои Озодӣ (6 марти 2023). Проверено 6 марти 2023.
- ↑ Мазҳаб Ҷумъа. Абдуқодири Абдуқаҳҳор гуфт, истеъфояш ба таъсиси ҷамъияти “Зардуштиён” рабт надорад. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus (6 марти 2023). 6 марти 2023 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдуқодири Абдуқаҳор | TojNews. tojnews.org. 21 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 май 2019.