Азиз Афзалзода
Азиз Афзалзода | |
Таърихи таваллуд: | 15 январ 1937 (87 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Балҷувон ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Ҷоизаҳо: | медали «Меҳнати шоён», «Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ»,«Аълочии маорифи Тоҷикистон» |
Азиз Афзалзода — шоир, нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2012), «Аълочии маорифи Тоҷикистон».
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Азиз Афзалзода 15 январи соли 1937 дар деҳаи Пуштаи Зардолуҳои Сари Хосори ноҳияи Балҷувон ба ҷаҳон омадааст. Соли 1951 баъди хатми мактаби ҳафтсолаи деҳа, муҳассили Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб шуда, соли 1955 ба итмом расондааст. Соле дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 31 ноҳияи Фархор кор кардааст. Баъдан, соли 1956 шомили факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб шуда, соли 1961 хатм кардааст. Солҳои 1961—1966 ҷонишинии директори мактаб будааст. Солҳои 1966—1968 ҷонишини раиси колхоз ва ҳамзамон, котиби якуми Кумитаи Ҳизби коммунистии хоҷагии ба номи В. И. Ленини ноҳияи Восеъ, солҳои 1968—1970 нозир, 1970—1983 мудири маорифи ноҳияи Восеъ ва ноҳияи Фархор будааст. Аз апрели соли 1983 нафақагир аст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба кори эҷодӣ аз солҳои 80-уми асри гузашта иштиғол варзидааст. Маҷмӯаҳои ашъораш «Як шаб биё» (1986), «Марди Сомон» (1988), «Нолаи дил» (2002), «Мешиносам паймонаҳои ту» (2010), «Нигоҳи дил» (2011), «Садои дил» (2013) ва асарҳои насрияш «Раис Афзалӣ» (2009), «Калиди бахт» (2012), «Сарнавишт» (2013), дастраси хонандагон гардидаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Аълочии маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ»;
- «Аълочии маорифи Тоҷикистон»;
- Дорандаи 3 медали «Меҳнати шоён».[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 46 ISBN 978-99947-2-379-9