Азиз Мирбобоев
Таърихи таваллуд | 22 октябр 1957 (67 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Ишкошим, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | фиолология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Азиз Мирбобоев — номзади илмҳои филология, дотсенти кафедраи таърихи забон ва типология Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Лауреати Ҷоизаи Мавлавии Бунёди байналмилалии забони форсӣ-тоҷикӣ (1997), Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Азиз Мирбобоев хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1980). Корманди Институти забон ва адабиёти Рӯдакии Академияи Илмҳои Тоҷикистон (1981-1983); аспиранти Академияи илмҳои ҶТ (1983-1987). С. 1991 дар Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) рисолаи номзадиро аз рӯи тахассуси «забонҳои эронӣ» ҳимоя намуд. С. 1989-1992 муаллим, дотсенти кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. Аз замони таъсиси кафедраи таърихи забон ва типология (1992) дотсенти ҳамин кафедра. Солҳои 1997-2003 дотсент, муовини мудири кафедра, муовини илмии декани факултаи филологияи Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, узви Шӯрои илмӣ, узви Шӯрои диссертатсионии ин донишгоҳ (1998-2007); аз соли 2007 то кунун дотсенти кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ. Ҳамзамон аз соли 1995 то соли 2005 сармуҳаррири бахши тоҷикию русии маҷаллаи муштараки Тоҷикистону Эрон – «Номаи Пажӯҳишгоҳ» буд. Ӯ аз соли 2015 то соли 2021 мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва сипас кафедраи назария ва амалияи забоншиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ буд ва дар рушди таҳқиқ ва омодасозии кадрҳои илмии ин донишгоҳ саҳми арзанда гузоштааст. Яке аз таъсисдиҳандагони маҷаллаи илмӣ-таълимии ин донишгоҳ - "Муҳаққиқ" буда, то ҳол вазифаи сармуҳарририи ин маҷалларо бар уҳда дорад. Аз моҳи ноябри соли 2022 ба сурати озмун ба вазифаи мудири шуъбаи забонҳои бостон ва ориёии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ интихоб шуда, узви Шурои олимони институт мебошад.
Аз оғози таъсиси КОА назди Президенти ҶТ то охири соли 2021 муовини раиси комиссияи экспертии бахши филология, журналистика ва тарҷумонии ин ниҳод буд. Ӯ ҳамчунин раиси гурӯҳи ҳамоҳангсози барномаҳо ва китобҳои дарсии забони тоҷикии Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми ҶТ, узви Шурои диссертатсионии тахассусҳои филологии ДДОТ ба номи С. Айнӣ мебошад. Барои фаъолиятҳои пурсамараш дар рушди илм, таҳсилоти олӣ ва фарҳанги кишвар бо нишонҳои "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон" , ҳамчунин ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ сарфароз гардонда шудааст.
Дар давоми фаъолияти худ ба сифати муқарризи расмии чандин рисолаи номзадии унвонҷӯёни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ дар Шӯроҳои диссертатсионии Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баромад кардааст. Таҳти роҳбарии илмии ӯ панҷ нафар рисолаи номзадӣ ва доктории PhD ҳимоя карда, ҳоло чанд унвонҷӯ ба таълифи рисолаҳои номзадии худ машғуланд.
Мирбобоев А. дар баробари тадрис ба таҳқиқоти илмӣ низ машғул буда, ба қалами ӯ чанд фарҳангу таҳқиқот, китоби дарсӣ ва тарҷумаҳои илмӣ, инчунин як силсила мақолот доир ба масъалаҳои луғатшиносӣ ва луғатнигорӣ, решашиносӣ ва таърихи забон, этнолингвистика ва ономастика, масоили таълиму тадриси забон дар Тоҷикистон, Русия ва Эрон ба забонҳои мухталиф ба табъ расидааст. Ба қалами ӯ тарҷумаҳои форсии китобҳои мухталиф ва як силсила мақолоти муҳими эроншиносии донишмандони маъруфи рус тааллуқ доранд. Таҳти таҳрири А.Мирбобоев бештар 50 китоб, аз ҷумла «Фарҳанги англисӣ-тоҷикӣ» (2005), «Фарҳанги тоҷикӣ ба русӣ» (2006), «Фарҳанги тоҷикӣ-англисӣ» (2008), «Фарҳанги Доро» (2013) ва ғайра аз чоп баромадааст.[1]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Фарҳанги масодири забонҳо ва гӯйишҳои эронии Тоҷикистон (Бо ҳаммуаллифон, ба забони форсӣ). Ҷилди 1-2. – Душанбе, 1997; Фарҳанги номҳои тоҷикӣ (Бо М. Қосимӣ, ба забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ). – Душанбе, 2000; Девони Одамушшуаро Рӯдакӣ (Бо ҳаммуаллифон, ба забонҳои форсӣ ва тоҷикӣ). – Душанбе, 2002; Барномаи «Муқаддимаи филологияи Эрон» (барои донишҷӯёни донишкадаҳои филологии мактабҳои олӣ). – Душанбе, 2006; Барномаи таърихи забони тоҷикӣ (барои донишҷӯёни бахши забон ва адабиёти тоҷики мактабҳои олӣ) – Душанбе, 2007; Иранистика. – Душанбе, 2012 (ҳамроҳ бо П. Ҷамшедов), Муқаддимаи филологияи эронӣ. Китоби дарсӣ барои факултетҳои филологии мактабҳои олӣ. - Душанбе, 2015; Муқаддимаи филологияи эронӣ. Дастури таълимию методӣ барои таҳсилоти фосилавии факултетҳои филологӣ. - Душанбе, 2019 (ҳамроҳ бо Д. Ҳомидов).[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Кафедраи таърихи забон ва типология Азиз Мирбобоев(тоҷ.). www.philol.tnu.tj. 24 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 августи 2020.