Алоҳида нигоҳ доштани маҳкумшудагон
Алоҳида нигоҳ доштани маҳкумшудагон - дар муассисаҳои ислоҳӣ алоҳида нигоҳ доштани занон ва мардон, ноболиғон ва ашхоси болиғ муқаррар шудааст. Ашхоси ба маҳрум сохтан аз озодӣ бори аввал маҳкумшуда аз маҳкумоне, ки қаблан ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо кардаанд, дар алоҳвдагӣ нигоҳ дошта мешаванд. Дар алоҳидагӣ, инчунин ҷудо аз дигарон инҳо нигоҳ дошта мешаванд: маҳкумшудагон ҳангоми ретсидиви мах- сусан хавфнок; маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст. Дар муассисаҳои ислоҳии алоҳида маҳкумшудагон-кормандони собиқи судҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигоҳ дошта мешаванд. Ноболигоне, ки барои дардавраи адои ҷазо қасдан ҷиноят содир намуда ва барои он ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, инчунин ба таври мунтазам ё ашаддӣ низоми адои ҷазоро ваӣрон мекунанд, аз дигар маҳкумшудагон, ки дар колонияҳои тарбиявии низоми пурзӯр мебошанд, ҷудо нигоҳ допгга мешаванд. Маҳкумшудагони мубталои бемориҳои сирояткунанда дар алоҳидагӣ ва ҷудо аз маҳку мшудагони солим нигоҳ дошта мешаванд. Ашхоси мубталои инфексияи ВИЧ аз дигар маҳкумшудагон, ки мубталои бемориҳои сирояткунанда мебошацд, ҷудо нигоҳдошта мешаванд. Шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандии маҳкумшуда мутобиқи асосҳои умумӣ нигоҳдошта мешаванд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.37