Далелҳо
Зоҳир
Далелҳо — ҳамагуна маълумоти воқеие, ки дар асоси онҳо аз рӯи тартиби муайянкардаи қонун мақомоти таҳқиқи ибтидой, муфаттиш ва суд мавҷуд будан ё набудани кирдори ба ҷамъият хавфнок, гунаҳкории шахси содиркардаи ин кирдор ва ҳолатҳои дигари барои ҳалли дурусти нарванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд, далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ мебошанд. Ин ҳолатҳо бо баёноти шоҳид, баёноти шахси ҷабрдида, фикру хулосаи эксперт, далелҳои шайъӣ, протоколҳои ҳаракатҳои тафтишотӣ ва судӣ ва бо ҳуҷҷатҳои дигар муқаррар карда мешаванд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 140