Jump to content

Мукаррама Камолова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мукаррама Камолова
Мукаррама Аъзамовна Камолова
Таърихи таваллуд: 6 январ 1937(1937-01-06)
Зодгоҳ: Душанбе
Таърихи даргузашт 2 октябр 1994(1994-10-02) (57 сол)
Маҳалли марг: Душанбе, Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша

Мукаррама Камолова (6 январи 1937, Душанбе — 2 октябри 1994, ҳамонҷо) — ҳунарпешаи синамои тоҷик, барандаи Ҷоизаи комсомоли Ленинии Тоҷикистон (1971). Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон (1974). Духтари дирижёр Аъзам Камолов ва раққоса Офтобхон Исомова.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Студияи миллии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. В. Луначарский (ГИТИС)-ро хатм намудааст (1960). Ҳунарпешаи театри мазҳакаи мусикии ба номи А. С. Пушкини ш. Ленинобод (Хуҷанд, 1960-61), ҳунарпешаи ТДАДТ ба номи А.Лоҳутӣ (1961- 85).

Беҳтарин нақшҳои офаридаи ҳунарпеша: Любов Гордеевна («Камбағалӣ айб нест»-и А.Островский), Клариче («Шоҳ гавазн»-и К.Готси), Луиза, Амелия («Макр ва муҳаббат» ва «Роҳзанон»-и Ф.Шиллер), Лутфия, Занҷира, Гулнор («Хор дар гулистон», «Горнизон таслим намешавад» ва «Дохунда»-и Ҷ.Икромӣ), Гурдофарид («Рустам ва Суҳроб»-и Ғ.Абдулло), Садорат («Хатро ман навишта будам»-и Ф.Ансорӣ), Ангустпас («Хонадони Бернарда Алба»-и Ф.Лорка) ва ғ.

Саҳм дар синамо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар филмҳои «Ҳасани аробакаш» нақши Зайнаб, «Ситораи Улуғбек»-и «Ӯзбекфилм» нақши Нисоро иҷро кардааст.

  • Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе, 2012, с. 86