Муҳаммадӣ Нусратзода
Ашуров Муҳаммадӣ Нусратович | |
Таърихи таваллуд | 15 декабр 1983 (40 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2007) |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон (2021) |
Муҳаммадӣ Нусратзода (то марти 2023 Ашуров Муҳаммадӣ Нусратович; 15 декабри 1983, деҳаи Кавшдӯзон, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисоддон, омӯзгор, номзади илмҳои иқтисод (2018), дотсент[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳаммадӣ Нусратзода дар деҳаи Кавшдӯзони ноҳияи Ҳисор дар хонаводаи омӯзгор ба дунё омадааст. Дар солҳои 1991—2002 мактаби № 55-и шаҳри Душанбе ва дар солҳои 2002—2007 факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ассистенти кафедраи системаҳои иттилоотии ДМТ (2007—2009), ассистенти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва логистикаи Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон (2009—2012), сармутахассиси раёсати таълим оид ба магистратураи ДДМИТ (2013—2017), муаллим, мудири кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлии молия ва иқтисоди Тоҷикистон (2018—2020). Аз сол 2020 роҳбарии кафедраи система ва технологияҳои иттилоотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро бар уҳда дорад.
Аз августи соли 2018 узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи илмии байнулмилалии «Образование и наука в России и за рубежом» мебошад[2].
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ашуров Н., Идора кардани хатари бонкӣ Бойгонӣ шудааст 5 сентябри 2023 сол.. Д.: Матбуот, 2008. — 99 с[3].
- Ашуров Н., Хайров Ш. Қ., Ашуров М. Н., Маҳмадкаримов Х., Пул, қарз, бонк (Китоби дарсӣ) Д.: Матбуот, 2011, — 382 с. — ISBN 978-99947-34-13-9
- Ашуров М. Н., Нурализода А. Н., Махшулов С., Идоранамоии системаи иттилоотии бонкӣ. Д., 2018. — 126 с.
- Асосҳои менеҷмент. Д., 2019. — 400 с.
- Бозоров Ш. Ш., Ашуров М. Н., Назарамонова Д. М., Менеҷменти инноватсионӣ (Китоби дарсӣ). — Д.: ҶДММ «Баҳманруд», 2020. — 295 с. — ISBN 978-99975-52-21-1
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Система ва технологияҳои иттилоотӣ. tgfeu.tj. 5 сентябри 2023 санҷида шуд.
- ↑ Образование и наука в России и за рубежом, 2018, №12 (Vol. 47). ISSN: 2221-4607.
- ↑ Ашӯров. Н. Идора кардани хатари бонкӣ. nlt.tj. Китобхонаи миллии электронии Тоҷикистон. 5 сентябри 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 сентябри 2023.