Ноҳияи Роғун
Ноҳияи маъмурӣ | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Тобеъи | НТҶ |
Шомили | 1 шаҳрак, 2 ҷамоати деҳот |
Маркази маъмурӣ | Роғун |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 45 400[1] нафар (2022) |
Забонҳои расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Коди телефон | 3134 |
Нишонаи почта | 737450 |
Домени интернет | .tj |
Ноҳияи Роғун (форсӣ: ناحیۀ راغون) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст.
Маркази ин ноҳия шаҳри Роғун аст ки 115 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Вахш ҷойгир аст.
Ҷойгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳияи Роғун бо сарзамине 500 км² дар водии водии Рашт ҷой дорад. Дар шимолу ғарб — бо ноҳияи Ваҳдат, дар шимолу шарқ — бо ноҳияи Нуробод, дар ҷанубу шарқ — бо ноҳияи Файзобод аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар ҷанубу ғарб — бо ноҳияи Балҷувон аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаммарз аст.
Дар сарзамини ин ноҳия нерӯгоҳи обии Роғун сохта мешавад.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин ноҳия дар январи соли 2010 22,6 ҳаз. тан бошанда дошт.[2] Мардуми ноҳияи Роғун ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.
сол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
39,3 | ↗40,3 | ↗43,7 | ↗44,1 |
Бахшбандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Роғун 1 шаҳр — Роғун, 1 шаҳрак ва 2 ҷамоат дорад[3]:
Ҷамоатҳои ноҳияи Роғун | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Роғун, шаҳр | 14900 | ||||||||||
Обигарм, шаҳрак | 7400 | ||||||||||
Қади Об | 13600 | ||||||||||
Сичароғ | 3449 |
Ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарвари ноҳияи Роғун Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Роғун — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Роғун ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 24 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ .Шумораи аҳоилии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016. Бойгонӣ шудааст 2 июли 2015 сол.
- ↑ List of Jamoats. UN Coordination, Tajikistan. 7 июни 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2012.