Қиёмат
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои: |
Шахсиятҳо
|
Идҳо ва маворид
|
Қиёмат (ар. يوم القيامة — рӯзи растохез) — мувофиқи таълимоти дини Ислом рӯзест, ки тамоми мурдаҳо аз нав зинда шуда, аз кору кирдорашон ҳисобот медиҳанд. Тасаввуроти рӯзи Қиёмат қариб дар ҳамаи динҳои ҷаҳон мавҷуд аст. Дар дини Ислом он аз динҳои пешин мерос мондааст. Масъалаҳои асосии ҷаннату дӯзах дар зардуштия пайдо шуда буданд. Минбаъд бисёр ҷиҳатҳои он тавассути ҳомиёни дин инкишоф дода шудааст. Мувофиқи ҳадис ва дигар ривоятҳои динӣ рӯзи Қиёмат бандагон мувофиқи дафтари аъмол ба пурсандаҳо ҷавоб медиҳанд. Маросими пурсиши бандаҳо силсилавист. Аввал пурсандаҳо гӯё «бандагони Худо»-ро бо саволҳои гуногун санҷида, «гуноҳ» ва «савоб»-и онҳоро баркашида, дар дафтари аъмолашон қайд мекунанд, сонӣ онҳоро аз пули Сирот мегузаронанд. Гунаҳкорон ҳангоми гузаштан аз пули мазкур гӯё ба оташ меафтанду бегуноҳон роҳи биҳиштро пеш мегиранд. Баъзеҳо ба аъроф (гӯё мавзеест байни дӯзаху биҳишт) меафтанд. Фаро расидани рӯзи Қиёматро танҳо Аллоҳ медонад. Ягон одами рӯи замин фикр намекунад ки рӯзи қиёмат ӯро чӣ интизор аст. Бояд ҳар шахси дунё фикр кунад ки чӣ кор мекунад.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 320