Jump to content

Габон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷумҳурии Габон
фр. République gabonaise
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Суруди миллӣ: «La Concorde»
Санаи истиқлол 17 августи 1960 (аз Фаронса)
Забонҳои расмӣ фаронсавӣ
Пойтахт Либревил
Шаҳри калонтарин Либревил
Шакли ҳукумат ҷумҳурии президентӣ
Масоҳат 76-ум дар ҷаҳон
 · Ҳамагӣ 267 667 км²
 · % сатҳи об 3,7
Аҳолӣ
 · Баҳо (2016) 1 738 541[1] нафар (154-ум)
 · Барӯйхатгирӣ (2013) 1 811 079 нафар
 · Зичӣ 6,77 наф./км²
ММД
 · Ҳамагӣ (2018) 38,280 млрд[2] долл. (70-ум)
 · ба сари аҳолӣ 18 647[3] долл. (39-ум)
ШРИ (2018) 0,702[4] (баланд110-ум ҷой)
Воҳиди пул франки КФА BEAC
Интернет-доменҳо .ga
Рамзи ISO GA
Рамзи КБО GAB
Пешшумораи телефон +241
Минтақаи замонӣ +1

Габо́н (фр. Gabon [ɡaˈbõ]), номи пурраи расмӣ — Ҷумҳурии Габон (фр. République gabonaise) — давлат дар Африқои Марказӣ, дар соҳили уқёнуси Атлантик. Дар шимолу ғарб бо Гвинеяи Экваторӣ, дар шимол бо Камерун, дар ҷануб ва шарқ бо Ҷумҳурии Конго ҳамсарҳад мебошад. Аз ғарб онро уқёнуси Атлантик иҳота кардааст. Дарозии хатти соҳилиаш 885 км. Масоҳаташ 267,7 ҳазор км². Аҳолиаш 1,7 млн нафар (2014). Пойтахташ шаҳри Либревил, забони давлатӣ ‒ фаронсавӣ. Аз ҷиҳати маъмурӣ ба 9 музофот ҷудо шудааст. Иди миллӣ — рӯзи таъсисёбии Ҳизби демократии Габон (12 марти 1960), Рӯзи истиқлол (17 марти 1960), пули миллӣ — франки фаронсавӣ.

Сохтори давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Габон ‒ ҷумҳурии муттаҳидаи президентӣ. Дар асоси Конститутсияи 14 марти 1992 қабулшуда роҳбари давлат Президент аст, ки дар асоси овоздиҳии мустақими умумиҳалқӣ ба муҳлати 7 сол интихоб мегардад. Сарвазир ва аъзои ҳукуматро Президент таъйин мекунад. Мақоми қонунгузор — парламенти дупалатагии Маҷлиси миллӣ буда, аз Палатаи болоӣ — Сенат (91 сенатор аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ (ғайримустақим) аз тарафи мақомоти маҳаллӣ ба муҳлати 6 сол интихоб мешаванд) ва Палатаи поинӣ — Ассамблея (120 вакил; ба воситаи овоздиҳии умумӣ барои 5 сол интихоб мешавад) иборат аст. Мақоми олии судӣ аз Суди олӣ. Ҳокимияти судӣ аз Суди олӣ, Суди конститутсионӣ, судҳои шикоятӣ (апеллятсионӣ), Суди амнияти давлатӣ ва судҳои маҳаллӣ иборат аст. Габон узви СММ, Созмони ягонагии Африқо (ОАЕ), ЮНЕСКО, чандин ташкилотҳои байналмилалӣ мебошад. Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро 16 январи 1992 ба расмият шинохт, аммо муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Габон барқарор нашудаанд.

Табиат, сохти геологӣ, релеф, сарватҳои табиӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қисми зиёди ҳудуди Габон-ро кӯҳу пуштакӯҳҳо фаро гирифтаанд. Кӯҳҳои Шайю, ки дар қисми марказии Габон воқеанд, аз ҳама баланданд (қуллаи Ибунҷи, 1580 м). Дар шимолу ғарбтари онҳо кӯҳҳои Булӯрин (қуллаи Дана, 1000 м) тӯл кашидаанд. Сарватҳои табиии Габон маъдани манган (Моанда), уран, маъдани оҳан, нафт, газ, тило, алмос буда, конҳои минтақавӣ ва соҳилӣ дар тамоми ҳудуди соҳилҳои Габон дар самти ҷанубии димоғаи Лопес кашф шудаанд. Конҳои кушоди газ дар ноҳияҳои байни Либревил ва Порт Жантил, кони маъдани оҳан дар шимолу шарқи мамлакат (Белинга, Мекамбо) ва дар ҷанубу ғарби он (Чибанга) конҳои фосфат ва тило мавҷуданд. Иқлимаш гарми сернам, дар шимол — экваторӣ, дар ғарб ва ҷануб — субэкваторӣ. Ҳарорати миёнаи июл 22-24°С, апрел 25-27°С. Боришоти солона 1500—2000 мм, дар минтақаҳои соҳилӣ то 2500-3000 мм. Дарёҳо пуробанд. Калонтарин дарёҳои Габон: Огове (дарозиаш 1200 км); шохобҳои калонтаринаш Ивиндо, Нгуме, Нянга, Комо. Қисми бештари поёноби дарёҳо киштигард аст. Кӯли бузургаш — Онанге. Тақр. 80 дарсади ҳудуди Габон-ро бешаҳои анбӯҳи ҳамешасабз фаро гирифтаанд. Хокаш сурхтоби латеритӣ. Дар бешаҳо дарахтони нодир вомехӯранд. Минтақаи соҳилро бешаҳои мангра пӯшидаанд. Дар ҷангалҳо то 400 навъи дарахт мавҷуд аст. Олами ҳайвоноташ ғанӣ ва гуногун буда, фил, говмеш, оҳу, паланг, кафтор, маймунҳои горилла ва шимпанзе; дар дарёҳо баҳмут, тимсоҳ ва анвои бисёри моҳӣ; 150 навъи паранда, инчунин хазандагон ва ҳашарот вуҷуд доранд. Ҳудудҳои ҳифзшавандааш (1,8 ҳазор км2) боғҳои миллии Лопе, Аканда, Лоанго, Маюмба, Понгара, мамнуъгоҳ (парваришгоҳ)-и президентии Вонга-Вонг, мамнуъгоҳи биосферӣ дар сароби дарёи Огове, парваришгоҳи табиии Ибунҷи мебошанд. Дар Габон мавзеи ҳифзшавандаи табиати Африқои Ҷанубӣ воқеъ аст. Бо қарори ҳукумати Габон 13 боғи миллӣ дар масоҳати 25 ҳазор км2 бунёд гардид. Мушкилоти асосии экологӣ — шикори ҳайвонҳои ваҳшӣ ва дарахтбурӣ (аз 1889 то 2005 масоҳати ҷангал то 1,5 ҳазор км2 кам гардидааст) мебошад.

Аксарияти аҳолии Габон бантузабонанд. Дар Габон наздики 40 халқият, аз ҷумла, банбу (баняби), фанг, мионгве, бякоте, батеке мбеде, теке, кота, келе, мене зиндагонӣ мекунанд. Дар Габон 150 ҳазор нафар хориҷӣ маскунанд, ки 11 ҳазор нафарашон фаронсавиҳо мебошанд. Забони расмӣ‒фаронсавӣ, аммо қисми зиёди аҳолӣ бо забонҳои фанг, банябӣ ё бо забони баката гуфтугӯ мекунанд. 50 дарсади аҳолӣ — католикҳо, 15 % — протестантҳо, 1 % — мусулмонҳо ва 20 % — пайрави дину ойини анъанавии қадимӣ. Шаҳрҳои бузурги Габон: Либревил ва Порт-Жантил. Нишондоди миёнаи дарозумрии аҳолӣ — 62 сол (мардҳо — 61,96, занҳо — 63,58). Зичии миёнаи аҳолӣ ‒ 5,4 нафар дар 1 км2, суръати миёнаи афзоиши аҳолӣ — 2,13 %. Аҳолии шаҳрнишин — 84 %.

Аҳолии қадимтарини мамлакат пигмейҳо буданд, дертар ба ин сарзамин халқҳои банту омаданд. Асрҳои 18-19 қабилаи аз шимол омадаи фанг аҳолии таҳҷоиро ба ҷануб танг кард. Дар давраи ба мамлакат роҳ ёфтани аврупоиҳо (аз ҳама пеш соли 1485 баҳрнавардони Португалия роҳ ёфтанд), халқҳои Габон давраи таназзули сохти авлодиву қабилавӣ ва ташаккули муносибатҳои синфиро аз сар мегузарониданд. Фаронсавиҳо соли 1849 дар соҳили чапи халиҷи Габон аввалин бошишгоҳи худро бунёд намуда, ба истилои мамлакат оғоз карданд. Халқҳои Габон ба истилогарони фаронсавӣ муқобилати сахт нишон доданд. Муборизаи зидди мустамликадорон то Ҷанги якуми ҷаҳонӣ давом кард. Габон аз ҷиҳати маъмурӣ ба Конгои фаронсавӣ дохил буд, аз соли 1886 воҳиди мустақили маъмурӣ шуд: аз соли 1903 расман мустамлика (солҳои 1910-58 дар ҳайати Африқои Экватории фаронсавӣ буд) эълон карда шуд. Дар давраи мустамликадорӣ Габон ба манбаи асосии ашёи хоми Фаронса табдил ёфт. Деҳқононро ба кишти зироати содиротӣ (қаҳва, какао, чормағзи заминӣ) маҷбур мекарданд. Аҳолӣ бераҳмона истисмор мешуд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳаракати миллии озодихоҳӣ муташаккил ва оммавӣ гардид. Солҳои 40-50 аввалин ҳизбҳои миллӣ ва иттифоқҳои касаба таъсис ёфтанд. Дар шароити таназзули сохти мустамликадорӣ Фаронса ба чандин гузаштҳои сиёсӣ маҷбур шуд. Соли 1946 Ассамблеяи ҳудудӣ, соли 1957 Шӯрои ҳукуматӣ (аввалин дар мамлакат ҳукумат, ки дар он африқоиён ширкат доштанд) ташкил ёфт. Соли 1958 Габон ба мухторияти дохилӣ соҳиб шуда, узви Иттиҳоди Фаронса гардид. Худи ҳамон сол мамлакат ҷумҳурӣ эълон карда шуд. Феврали 1959 конститутсияи аввалин қабул гардида, мувофиқи он Шӯрои ҳукуматӣ ба Шӯрои Вазирон, Ассамблеяи ҳудудӣ ба Ассамблеяи қонунбарор табдил ёфт. 15 июли 1960 ҳукумати Фаронса маҷбур шуд бо ҳукумати Габон оид ба эътирофи истиқлоли Габон аҳднома бандад. 17 августи 1960 истиқлоли Габон эълон гардид. Феврали 1961 роҳбари Ҳизби демократии Габон Габриэл Леон Мба Президенти Габон гардид. Соли 1967 баъди вафоти Леон Мба, собиқ ноиби президент Алберт-Бернар-Бонгои 32-сола (католики ба ислом гаравида), ки минбаъд Умар Бонго ном гирифт, Президенти Габон интихоб гардид. Марти 1968 Президенти нав Умар Бонго таъсиси Ҳизби демократии Габонро эълон намуд. Рушди босуръати иқтисодиёти мамлакат ба Умар Бонго имкон дод, ки пай дар пай (38 сол) Президенти мамлакат интихоб гардад. Ноябри 2005 Ҳоҷӣ Умар Бонго бори дигар Президенти Габон интихоб шуд ва то рӯзи маргаш (8 июни 2009) дар ин вазифа буд. Аз соли 2009 писари Умар Бонго Алӣ бен Бонго Ондимба ба сари ҳокимият омад ва аз 16 октябри 2009 то 30 августи 2023 Президенти Габон буд. Аз 4 сентябри соли 2023 Президенти давраи гузариши Ҷумҳурии Габон, шахси низомӣ, артишсолор Брис Клотер Олиги мебошад.

Ҳизбҳои сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳизби демократии Габон (таъсисаш 1968) – ягона ҳизби ҳукмрон аст, ки намояндаҳояшон дар Сенат ва Маҷлиси миллӣ аксариятро ташкил медиҳанд. Дар мамлакат зиёда 20 ҳизби сиёсӣ амал мекунанд.

Асоси иқтисодиёти Габон-ро истихроҷ, коркарди саноатӣ ва содироти нафт, маъдани манган, навъҳои дарахтони нодири тропикӣ ташкил медиҳад. Ҳаҷми ММД 7,1 млрд долларро ташкил медиҳад, ки 59,7 дарсади он ба ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ, 5,9 % ба кишоварзӣ, 34,4 % ба соҳаи хидматрасонӣ ва соҳаҳои дигар рост меояд. 90 дарсади ММД-и мамлакатро корхонаҳои бахши хусусӣ истеҳсол мекунанд. Маблағгузорони асосӣ дар соҳаи саноати нафт Фаронса, Британияи Кабир, Нидерландия, дар истихроҷи маъдани манган Фаронса мебошанд ва дар маблағгузорӣ ба иқтисодиёти Габон ширкатҳои ИМА, Ҷопон ва Хитой низ саҳм доранд. Дар саноати Габон коркарди нафту газ, истихроҷи маъдан ва истеҳсоли неруи барқ (1,49 млрд кВт соат) нақши асосӣ дорад. Истихроҷи солонаи нафт 11,5 млн т буда, 50 дарсади даромади буҷаро ташкил медиҳад. Конҳои бузурги истихроҷи нафти Габон — Раби Кунҷа ва Этам. Габон дар ҷаҳон аз рӯйи ҳаҷми истихроҷи маъдани манган ҷойи дуввумро ишғол мекунад. Саноати истеҳсоли чӯб дар Овендо, Нҷоли, Синдара тараққӣ кардааст. Соҳаи кишоварзӣ ва чорводорӣ суст тараққӣ карда, зиёда аз нисфи маҳсулоти истеъмолӣ аз хориҷа ворид мешавад. Асосан ғалладона (ҷуворӣ, шолӣ), қаҳва ва какао, қисман чормағзи заминӣ, мурч, лаблабуи қанд, банан, нахл, ямс парвариш мекунанд.

Дарозии умумии хатти р. о. 814 км буда, марказҳои саноати истихроҷ ва коркарди чӯбро бо бандарҳои баҳрӣ мепайвандад. Дарозии умумии роҳҳои автомобилгард ‒ 8,5 ҳазор км; дарозии роҳҳои нақлиёти обӣ зиёда аз 1700 км. Бандарҳои калони баҳрӣ: Порт-Жантил, Либревил-Овендо, 5 фурудгоҳи байналмилалӣ (дар Либревил, Порт-Жантил, Франсвил) дорад. Габон ба хориҷа асосан нафт, маъдани манган, уран, чӯбу тахта, қаҳва, какао, чормағзи заминӣ содир намуда, аз хориҷа маҳсулоти хӯрокворӣ (равғани нахл, гандум, шолӣ, гӯшти мурғ), мошин ва таҷҳизоти воситаҳои нақлиёт, сӯзишворӣ ва маҳсулоти нафтӣ ворид месозад. Шарикони тиҷоратиаш: ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Хитой.

Соҳаи сайёҳӣ дар Габон пешравиҳои назаррас дорад. Барои сайёҳон боғҳои миллӣ (Лопе, Аконда), марказҳои фарҳангу фароғат, истироҳатгоҳҳои соҳилибаҳрӣ, парваришгоҳи табиии презедентии Вонга-Вонг ҷолиб буда, ҳар сол 234 ҳазор сайёҳ меояд.

Ба соҳаи тандурустии Габон солона 4,3 дарсади ММД сарф мешавад. Ба 100 ҳазор сокини мамлакат 29 духтур рост меояд. Бемориҳои сироятии табларза, нағзак, саратони ҷигар паҳн шудаанд. Соле то 3000 нафар аз ВИЧ СПИД мемиранд. Дар Либревил беморхонаи марказӣ, дар Ламбарена Беморхонаи ба номи А. Швейсер мавҷуданд.

Кумитаи миллии олимпии Габон соли 1965 таъсис ёфта, соли 1968 Кумитаи байналмилалии олимпӣ онро эътироф кард. Варзишгарони Габон аз соли 1972 дар мусобиқаҳои олимпӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд. Навъҳои маъмули варзиши Габон: футбол, муштзанӣ (бокс), варзиши сабуку вазнин, асптозӣ, голф ва навъҳои варзиши обӣ.

Маориф, фарҳанг, ВАО

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сатҳи маърифатнокии аҳолии аз 19-сола боло дар Габон ба 37 % мерасад. Дар соҳаи маорифи мамлакат таълимоти ҳатмӣ барои наврасони 6-16-сола ҷорӣ шудааст. Қисми зиёди кӯдакон бо маълумоти ибтидоии 6-сола фарогир шудаанд. Мактабҳои олии мамлакат: Донишгоҳи Либревил, Донишгоҳи Франсвил, Донишгоҳи техникии Масуку. Давлат таҳсили донишҷӯёнро дар хориҷи кишвар аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ менамояд. Аз ҳунарҳои анъанавии миллӣ дар Габон кандакории рӯйи чӯб ва устухони фил маъмул аст. Ҳунармандони маҳаллӣ ниқобҳои ҷашнӣ, ҳайкалчаҳои чӯбӣ ва ғ. месозанд. Дар Либревил яке аз машҳуртарин осорхонаҳои ҳунар ва анъанаҳои миллии Африқои Марказӣ мавҷуд аст, ки дар он осори маданияти бадеии қабилаҳои фанг, митс ва теке, аз қабили ниқобҳои анъанавӣ, ҳайкалчаҳои чӯбӣ, ашёи сафолии сирдори тасвирдор ва ғ. маҳфуз мондаанд. Рӯзномаи машҳури ҳукуматии Габон «Ľ Union». Барномаҳои радио тариқи шабакаҳои давлатӣ ва хусусӣ пахш мешаванд.

  1. COUNTRY COMPARISON :: POPULATION. 5 Декабри 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 сентябри 2011.
  2. Report for Selected Countries and Subjects. IMF.org. International Monetary Fund. 20 Январ 2019 санҷида шуд.
  3. Report for Selected Countries and Subjects. www.imf.org.
  4. Human Development Indices and Indicators(англ.). Барномаи рушди СММ (2018). — Доклад о человеческом развитии на сайте Программы развития ООН. 14 сентябри 2018 санҷида шуд.
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007;
  • Страны мира. Современный справочник. М., 2008;
  • Britanica. Настольная энциклопедия. М., 2009.