Ноҳияи Вахш
Ноҳияи Вахш | |
---|---|
Донистаниҳо | |
Кишвар : | Тоҷикистон |
Вилоят : | Хатлон |
Марказ: | Вахш |
Замони таъсис : | 7 январи 1944 |
Раиси ноҳия: | |
Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
Паҳноварӣ : | 1101,4 км² |
Шумораи шаҳракҳо : | 2 |
Шумораи ҷамоатҳо : | 6 |
Мардум | |
Аҳолӣ (2022) : | 213 ҳаз. кас |
Забони расмӣ : | тоҷикӣ |
Забонҳои гуфторӣ : | тоҷикӣ, узбакӣ |
Мазҳаб : | ҳанафӣ |
Нишониҳо | |
Сарвожа : | VA |
ISO-намоя : | TJ.KL.VA |
Пешшумора : | +992 3246 |
Нишонии почта : | 735140 |
Замон : | UTC+5 |
Вебгоҳ : | .tj |
Шумораи мошинҳо : | 03РТ |
Ноҳияи Вахш (форсӣ: ناحیه وخش) — ноҳияи маъмурӣ дар вилояти Хатлон. 6 январи 1965 таъсис ёфта, дар водии Вахш воқеъ аст.
Аҳолӣ — 213 000 нафар (2022)[1].
Ҷойгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ноҳияи Вахш аз шимол бо шаҳри Левакант, аз шарқ бо ноҳияи Данғара ва Фархор, аз ҷануб бо ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ва аз ғарб бо Кӯшониён ҳамсарҳад мебошад. Аз маркази ноҳия то шаҳри Душанбе 115 км, то маркази вилоят — шаҳри Бохтар 15 км. Масоҳаташ — 965,1 ҳазор км² аст. Ҳудуди ноҳия асосан ҳамвор буда, аз сатҳи баҳр 400—500 м баланд аст. Дар қисми шарқиаш баландиҳо воқеъ буда, тадриҷан ба қаторкӯҳи Тераклӣ мегузаранд. Дар Вахш бештар хоки хокистарранг, дар қисми ҷанубу ғарбиаш шӯрхок дида мешавад. Рустаниҳояш нимдаштӣ (ғешаю ҷорӯбак) аст. Аз ҳайвоноти ваҳшӣ гург, шағол, рӯбоҳ, аз хазандаҳо мор, сангпушт, аз парандаҳо гунҷишк, парасту, кабк, бедона ва ғайра вомехӯранд. Аз ҳудуди ноҳия дарёи Вахш мегузарад. Сарватҳои зеризаминиаш — масолеҳи бинокорӣ (гил, рег, шағал).
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқлими Вахш континентии субтропикист. Тобистон- гарми хушк, давомнок. Ҳарорати миёнаи июл — 28,9ºС, гармтаринаш- 43ºС. Зимистон — нарми камбарф. Ҳарорати миёнаи январ — 0,9ºС. Боришоти солона — 260—270 мм. Давраи нашв (аз 5ºС зиёд) — 300 рӯз.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Мардуми Вахш ба забонҳои тоҷикӣ ва ӯзбакӣ сухан мегӯянд. Аҳолӣ — 181,7 ҳазор нафар (2016). Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 — 181,7 нафар.[2].
Сол | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
208,4 | 213 |
Бахшбандӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Вахш 2 ҷамоати шаҳрак (Вахш, Киров) ва 5 ҷамоати деҳот дорад. Маркази ноҳия — шаҳраки Вахш аст.
Ҷамоатҳои ноҳияи Вахш[3] | |||||||||||
Ҷамоатҳо | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Вахш, шаҳрак | 16700 | ||||||||||
Киров, шаҳрак | 5800 | ||||||||||
Машъал | 37111 | ||||||||||
20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон | 32260 | ||||||||||
Рӯдакӣ | 22085 | ||||||||||
Тоҷикобод | 32716 | ||||||||||
Ваҳдат | 14727 |
Ҳукумат
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарвари ноҳияи Вахш Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Вахш Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Вахш барои 5 сол интихоб мекунанд.
Иқтисодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Заминҳо ба воситаи наҳри магистралии Вахш, ки аз он ҷӯю наҳрҳои дигар ибтидо мегиранд, обёрӣ мешаванд. Барои обшӯи заминҳо як қатор пойгоҳҳои насосӣ кор мекунанд, чоҳу заҳбурҳо канда шудаанд. Ноҳия яке аз минтақаҳои кишоварзию саноатии ҷумҳурӣ аст. Соҳаҳои асосии хоҷагиаш пахтакорӣ, махсусан, пахтаи навъи маҳиннах буда, боғдорӣ, чорводорӣ ва пилапарварӣ ҳам ривоҷ ёфтааст. Соли 2013 дар ВАХШ 4 хоҷагии давлатӣ ва 5200 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) мавҷуд буданд. Майдони умумии заминҳои хоҷагӣ 155270 га, аз ҷумла, заминҳои обӣ 22349 га, заминҳои корам 16696 га, пахтазор 9500 га, майдони боғ 842 га, тутзор 80 га, зироатҳои ситрусӣ ва субтропикӣ 45 га, токзор 409 га, чарогоҳ 197411 га. Аз зироати ғалладона гандум, ҷав, шолӣ ва ҷуворӣ мекоранд. Обу ҳавои вахш барои боғу токдорӣ ва зироати ситрусӣ — лиму мувофиқ аст. Дар ноҳия (2012) 6 ҳазор т гӯшт, 18,2 ҳазор т шир, 2 млн дона тухм, 24 ҳазор т пахта, 16 т пила, 17 ҳазор т картошка, 2,8 т меваҷот, 51,9 ҳазор т сабзавот истеҳсол шудааст. Соҳаи дигари муҳимми хоҷагии ноҳия — чорводорӣ. Саршумори чорво дар ҳамаи бахшҳо (01.01.2013, ба ҳисоби сар): гов 35320, модагов 18159, гӯсфанду буз 115257, парандаҳо 87544.
Саноат
[вироиш | вироиши манбаъ]Соҳаи асосии саноати Вахш истеҳсоли қувваи барқ (НБО-и хурди «Осиёбак») ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Дар ҳудуди ноҳия корхонаву ширкатҳои саноатӣ, аз ҷумла, ҶС «Элит», ҶС «СОМОН-ЛТД», ҶММ «Сафари Кот-Инвест», ҶММ «С. Ҷӯраев», ҶДММ «Беҳрӯзи Мурод», ҶДММ «Насими Вахш» ба истеҳсолу коркарди пахта, ҶСШК «Равғани Киров» бо истеҳсоли равған, КВД «Шароб», ШММ «Левакан» ба истеҳсоли машрубот, ҶММ «Азия-Восток» ба истеҳсоли карбос, ҶДММ «Универсал» ба истеҳсоли хишт машғуланд. Дар ноҳия ҳамчунин, чанд устохонаи таъмири техникаи кишоварзӣ, нуқтаҳои таъмири худрави сабукрав, матбаа, муассисаи нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ, Ассотсиатсияи истифодабарандагони об, корхонаҳои нонпазӣ, хонаи хидмати маишӣ, нуқтаҳои савдои хусусӣ, бахшҳои алоқаи ҶС «Тоҷиктелеком» ва муассисаҳои хидматрасонӣ фаъолият доранд. Аз ҳудуди ноҳия роҳи оҳани сербари Тирмиз — Қӯрғонтеппа — Ёвон мегузарад. Роҳҳои автомобилгард ВАХШро бо шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Душанбе пайвастаанд.
Омӯзишу парвариш
[вироиш | вироиши манбаъ]Маориф
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли хониши 2011/2012 дар ноҳия 82 мактаб, аз ҷумла, 40 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 15 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ, литсей, мактаб-интернат, 8 муассисаи томактабӣ фаъолият дошта, 1506 омӯзгор машғули тадрису таълим буданд.
Ниҳодҳои фарҳангӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фарҳанг
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамчунин, дар Вахш 5 хонаи фарҳанг, 5 клуби деҳот, 18 китобхона (фонди китоб — 165994 нусха), мактаби мусиқӣ, мағозаи китоб мавҷуданд.
Ёдгориҳои таърихӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ёдгориҳои таърихии Вахш: Аҷинатеппа, Чоргултеппа, Қизлартеппа, Эшонтеппа, Шаҳраки Куҳна, Шаҳраки Кофиртеппа, Теппаи Ҳазрати Баракат.
Рузномаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Рӯзномаи ноҳиявӣ «Вахш» нашр мешавад.
Беҳдошту беҳзистӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Тандурустӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ноҳия беморхонаи марказӣ, 4 беморхонаи минтақавӣ, маркази тибби оилавӣ, 13 маркази саломатии деҳот, 6 дорухона, 47 бунгоҳи саломатӣ, маркази давлатии беҳдоштӣ (санитарию эпидемиологӣ), шифохонаи зидди бемориҳои сил, шифохонаи бемориҳои пӯст ва зуҳравии ноҳия бо табобати аҳолӣ машғуланд.
Варзиш
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ноҳия ба пешрафти варзиш диққати махсус дода мешавад ва айни замон 10 иншооти варзиш, 2 варзишгоҳ, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои волейболу баскетбол, 13 толори варзиш, 2 мактаби варзиш, базаи қаиқронӣ фаъолият мебаранд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 20 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 1 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
- ↑ Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — с.103-104
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи советии тоҷик. Ҷ. 1, Д., 1978;
- Файзуллоҳи Муҳаммадӣ. Қӯрғонтеппа — нигини Вахшонзамин. Д., 2007;
- Шиносномаи ноҳияи Вахш. Вахш, 2012.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вахш / А. Зафаров // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.